Бонки миллии Тоҷикистон ба кор даъват мекунад
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бонки миллии Тоҷикистон барои ишғоли вазифаҳои холии зерин ба кор даъват мекунад. Муффатиши Департаменти аудити дохилӣ, мутахассисисони Департаменти назорати бонкӣ, Департаменти идораи захираҳои байналмилалӣ ва сиёсати қурби асъор, Идораи ҳисобдорӣ, Идораи амалиёт дар бозори озод, Идораи муносибатҳои байналмилалӣ, мутахассиси Идораи низоми пардохт ва шуъбаи ҳуқуқ.
Талабот ба номзад чунин аст: таҳсилоти олии иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ; малакаи кор дар компютер, донистани забони давлатӣ (тоҷикӣ) ва русӣ ҳатман. Донандагони забони англисӣ бартарият доранд. Илова бар ин донистани фаъолияти низомҳои пардохт; доштани таҷрибаи корӣ дар низоми бонкӣ; таҷрибаи кории на камтар аз 3 сол ва барои шахсоне, ки нав мактабҳои олиро хатм кардаанд, доштани баҳои хубу аъло ҳатмист.
Ҳуҷҷатҳо ба нишони почтаи электронӣ: OZMUN@NBT.TJ фиристода шаванд.
Телефон барои маълумот: 600-32-13; 600-31-38 ш.Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 107А, Идораи кормандон. Ҳуҷҷатҳо то 10 сентябри соли равон қабул мешаванд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






