Диишиҳо ба кӯдакон қатлу куштор меомӯзанд
Душанбе, 216.08.2015. (АМИТ «Ховар»,)-Интишори як навори видеоӣ аз як кӯдаки диишӣ дар ҳоли сар буридани лухтаки хирсии худ дар миёни корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ҷанҷолҳо барангехтааст. Дар ин видео кӯдаки хурдсол дар ҳоле, ки монанди террористҳои ДИИШ либоси ба онҳо монанд бар тан дорад, муқобили парчами ин гурӯҳ қарор гирифта, лухтаки хирсии худро сар мебурад. Гурӯҳи террористии ДИИШ бо нишон додани тасвирҳои видеоии даҳшатнок аз саҳнаи сарбурӣ дар урдугоҳҳои омӯзишӣ тарзи сарбуриро ба кӯдакон меомӯзанд.
Ба гузориши «Ассошиейтед пресс», ДИИШ бо додани ҳадя ва ё таҳдид ва шустушӯи мағзӣ кӯдакон ва навҷавононро дар минтақаҳои зери ихтиёр доштаи Сурия ва Ироқ ба хидмат мегирад. Дар ин гузориш омадааст, ки дар минтақаҳои таҳти тасарруфи ДИИШ террористҳо барои кӯдакон маросимҳои сарбозӣ баргузор менамоянд, ба онҳо нӯшокӣ ва шоколадҳо медиҳанд. Дар ҳамин ҳангом дар ҳуҷраҳои хиёбонӣ ба онҳо тасвирҳои видеоӣ намоиш дода, дар ниҳоят навъи буридани сарро ба тамом ба онҳо нишон медиҳанд.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






