Кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ
Душанбе, 27.08.2015 (АМИТ «Ховар»).- Дар асоси маълумоти Раёсати растанипарварӣ то санаи 21 августи соли 2015 дар майдони 75694 гектар кишти такрории зироатҳои кишоварзӣ гузаронида шудааст, ки баробари 101,3 фоиз буда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6105 гектар зиёд мебошад.
Дар назар аст, ки имсол дар ҷумҳурӣ дар майдони 74700 гектар кишти такрорӣ гузаронида шавад. Аз майдони умумии кишти такрорӣ 31564 гектарро кишти ғалладонагиҳо, 14143 гектар кишти ҷуворимакка, 6150 гектар шолӣ, 11271 гектарро дигар ғалладона ташкил медиҳад.
Дар ҷумҳурӣ то имрўз дар майдони 213 гектар кишти картошка, 7854 гектар сабзавот, 3210 гектар полезӣ, 2910 гектар зироатҳои техникӣ ва 29931 гектар кишти такрории хўроки чорво гузаронида шудааст.








17 июл дар якчанд идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
ДАР МАСИРИ ИЛМУ МАЪРИФАТ. Эҳдо ба рӯзи таъсисёбии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар корхонаҳои саноатии ноҳияи Шоҳмансур ба маблағи беш аз 600 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад






