Сурия: Силоҳбадастон аз миномёт ба Димишқ ва Ҳалаб оташ кушоданд
Душанбе, 25.08.2015. (АМИТ «Ховар»). – Ҷангиёни гурӯҳи мусаллаҳи «Ҷайш-ул-Ислом» шабона ба Ҷерман – канори шарқии Димишқ аз миномёт оташ кушоданд.
Тавре торномаи иттилоотии Сурия Ал-Он иттилоъ дод, 11 нафар ҷароҳат бардоштаанд.
Бино ба иттилои манбаъ, аввал дар кӯчаҳои шаҳр зиёда аз 40 снаряди реактивӣ, баъдан 11 тои дигар таркиданд. Як кӯдаки сесола ба ҳалокат расида, зиёда аз 30 шаҳрванд бо ҷароҳатҳо дар беморхона бистарӣ шудаанд. Якчанд нафар дар ҳолати вазнин қарор доранд. Хонаҳои зиёд вайрон гашта, 9 мошин сӯхтааст.
Мушакҳо ба маркази пойтахт – дар кӯчаҳои Бағдод, дар маҳаллаҳои Мазра, Адавӣ, Кусур, Рукн-уд-Дин, Збалтанӣ , Муҳоҷирон , инчунин дар маҳалҳои истиқомати масеҳиён дар қисматҳои қадимаи шаҳри — Баб-Тума ва Баб-Шарқӣ афтидаанд.
Нерӯи ҳарбӣ-ҳавоӣ ва артиллерии Сурия ба мавзеъҳое, ки аз миномёт оташ кушода мешуд, ҳамла оварданд.
Дар шаҳри Ҳалаб дар натиҷаи даргириҳои ноҳияи Эль-Халидияи таҳти ҳимояи қушунҳои ҳукуматӣ қарордошта 8 сокини осоишта ҳалок гардид, ки дар байни онҳо се нафарашон кӯдак мебошанд. Вазъият дар пойтахти шимолӣ бадтар шуда истодааст . Шоҳидон гузориш медиҳанд, ки дар кӯчаҳои Нил ва Эс-сабил дасти кам 50 гулулаи миномёт афтод. Кӯшиши ҷангиён барои шикастани хати мудофиавии муборизони низомии артиши Сурия ноком анҷом ёфт.








Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад






