Артиши Сурия ба силоҳбадастон пешниҳод намуд, ки қабл аз оғози амалиёти харбӣ таслим шаванд
Душанбе, 05.10.15. (АМИТ «Ховар»). Дар варақаҳои паҳнкардаи чархболҳои Қувваҳои ҳарбии ҳавоии Сурия ба террористон пешниҳод карда мешавад, ки силоҳро супурда, таслим шаванд. Ҳамзамон сокинони осоишта даъват карда мешаванд, ки деҳаҳоеро, ки вақтҳои наздиктарин бояд дар онҳо амалиёти ҳарбии қӯшунҳои Сурия оғоз гардад, тарк намоянд.
Варақаҳои ташвиқотӣ дар деҳаҳои Растан ва Талбисии музофоти Ҳома паҳн карда шудаанд.
«Ба дорандаи чунин варақа иҷозат дода мешавад, ки посбонгоҳҳои артиши арабии Сурияро бе ягон хавфу хатар убур кунанд. Артиш онҳоро бо ёрии таббӣ ва ғизо таъмин менамояд. Барои ҷон ба сар бурдани худ бо артиши Сурия ҳамкорӣ намуда, минтақаи амалиёти ҳарбиро тарк намоед», — сабт шудааст дар варақае, ки барои аҳолии осоишта пешбинӣ шудааст.
Сарраёскати артиш ва қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Арабии Сурия дар варақаи дуюм ба шаҳрвандони ҷонибдори террористон пешниҳод намуд, ки аслиҳаро супурда, аз муқовимат ба артиш даст кашанд.
«Шумо барои баргаштан ба оғуши ватан ояндаю имконот доред. Ҳанӯз, ки дер нашудааст, аз ин имконият истифода намоед. Яроқро супореду таслим шавед, чунонки садҳо нафар дигарон ҳамин тавр кардаанд. Давлат ғами шуморо мехӯрад ва бозгашти шуморо қабул дорад», — сабт шудааст дар варақаи дуюм.
Рӯзи панҷшанбе маълум шуд, ки артиши Сурия дар ҷануби музофоти Ҳома, аз ҷумла дар деҳаҳои Растан ва Талбиси, қи таҳти назорати гурӯҳҳои тернрористии «Ҷабҳат ан — Нусра» ва «Давлати исломӣ» қарор доранд, ба роҳандозии амалиёти густурдаи зиддитеррористӣ тайёрӣ мебинад. Теъдоди умумии террористон беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






