Муҳокимаи масоили ҳамкорӣ

Ноябрь 19, 2015 05:26

Қӯрғонтеппа, 19.11.15. (АМИТ «Ховар»). — Раиси  вилояти  Хатлон Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода  бо  роҳбари USAID  дар  Тоҷикистон  Кэтлин  Макдоналд  мулоқот  анҷом  дод. 
Давлатшоҳ  Гулмаҳмадзода дар  ҷараёни  мулоқот аз  рушди иҷтимоию  иқтисодии  вилоят   нақл  кард. «Солҳои  охир  рушди  истеҳсолот  назаррас  буда,  ба  масоили   тандурустӣ ва таъмини  беморхонаҳои  вилоят  бо  таҷҳизоти  муосир  таваҷҷуҳи  хосса зоҳир  мегардад. Бахши  кишоварзӣ  ҳам  рушд меёбад. Таъмини  деҳаҳои   дурдаст  бо  оби  нӯшокӣ  низ  масъалаи  муҳим  ба  шумор  меравад», —  гуфт  раиси  вилоят. 
Кэтлин Макдоналд  дар  навбати  худ изҳор  дошт, ки дар  ин  рӯзҳо Агентии   оид  ба   рушди  байналмилалии  ИМА  лоиҳаҳои  мухталифро  дар  амал татбиқ  менамояд, ки  ба  рушди  ҷомеа  мусоидат  мекунанд. 
Қайд  шуд, ки  барои  татбиқи  ду  лоиҳаи  нави  бахши  бехатарии  маводи  озуқа бояд корҳои  зарурӣ анҷом  дода шаванд. Лоиҳаи  мазкур  барои  давраи  то  соли  2020  пешбинӣ  шуда ва  дар  12  ноҳияи  вилоят  дар  амал  татбиқ мегардад. 

Ноябрь 19, 2015 05:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад