Қӯшунҳои сарҳадӣ: Савганди ҳарбии беш аз 300 сарбоз

Ноябрь 26, 2015 03:46

Душанбе, 26.11.2015. (АМИТ Ховар).-Бахшида ба рӯзи таҷлили Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли равон дар маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими тантанавӣ беш аз 300 сарбози навдаъват савганди ҳарбӣ ёд карданд.
Дар чорабинии тантанавӣ муовини аввали фармондеҳ-сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳабибулло Сафаров, сардори маркази таълимии «Пойтахт»-и қӯшунҳои сарҳадӣ генерал-майор Саидамир Одинаев,  намояндагони сарҳадии Федератсия Русия дар Тоҷикистон, собиқадорони қӯшунҳои сарҳадӣ ва падарону модарони сарбозон иштирок доштанд.
Муовини аввали фармондеҳ — сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Ҳабибулло Сафаров гуфт, ки Парчами давлатии Тоҷикистон рамзи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иттиҳоди вайроннашавандаи коргару деҳқон ва зиёиён, дӯстиву бародарии ҳамаи миллатҳoи сокини ҷумҳурӣ мебошад ва вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як хизматчии ҳарбӣ садоқат ба савганди ҳарбӣ мебошад. 
Дар анҷом аз тарафи ансамбли ҳарбии «Марзбон»-и Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ барномаи идона намоиш дода шуд.
Дар ин бора  сардори маркази матбуоти Сарраёсати қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод.

Ноябрь 26, 2015 03:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад