Ҷаласаи якуми Гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал

Декабрь 24, 2015 03:44

Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 декабри  соли 2015 дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми Гурўҳи кории  байниидоравӣ оид ба таҳияи Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи  то соли 2030 ва омодасозии пешниҳод оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи дарозмуддати ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ»   баргузор гардид.  
Дар  ҷаласа  раиси Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосим Роҳбар, аъзои гурўҳи корӣ: Ҷўразода Тоҷиддин, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал (роҳбари Гурўҳи корӣ), Р.К. Каримзода, референти калони роҳбари Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, А.Б. Яхшиев, мудири бахши Раёсати банақшагирии стратегӣ ва ислоҳоти Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ф.Ф. Сайдуллозода, мудири бахши Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Малоҳат, муовини сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳали Дастгоҳи  иҷроияи  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Холиқзода Ҷ., сардори Сарраёсати  қонунгузории Вазорати  адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, С. Ғ. Ҳамидов ва намояндагони БРСММ иштирок каарданд. 
Раиси кумита Қосим  Роҳбар дар ҷаласаи нахустини Гурўҳи корӣ зикр  кард, ки дар асоси пешниҳоди Кумитаи рушди маҳал аз тарафи роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурўҳи кории  байниидоравӣ оид ба таҳияи нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи «Консепсияи идоракунии рушди маҳал барои давраи  то соли 2030» ва омодасозии пешниҳодот оид ба таҳияи лоиҳаи «Стратегияи дарозмуддати ислоҳоти идоракунии маҳаллӣ»  таъсис ва тасдиқ шуд. Гурўҳи кории байниидоравӣ татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи рушди маҳал, ки барои таъмини рушди босуботи иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагонии мардум равона мегардад ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат Эмомалӣ  Раҳмон ба он нигаронида шудааст, тамоми тадбирҳоро бояд андешид. 
Ҷўразода Тоҷиддин, муовини раиси Кумитаи рушди маҳал (роҳбари Гурўҳи корӣ) ёдовар шуд, ки яке аз рисолати асосии Гурўҳи корӣ ин таҳия ва ба роҳбарият пешниҳод намудани лоиҳаи Нақшаи  амал ба ҳисоб меравад. Ў зарур шуморид, ки барои фаъолияти минбаъда бояд лоиҳаи Оинномаи Гурўҳи корӣ таҳия шавад.Ҷўразода Тоҷиддин ҳамчунин саҳми беандозаи Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳидро дар фаъолияти кори кумита беназир ҳисобид.  
Дар ҷаласа пешниҳод шуд, ки барои дар асоси оиннома ба низом даровардани фаъолияти минбаъда  бояд Гурўҳи корӣ на камтар аз 2 маротиба дар як моҳ ҷамъ шавад.   

Декабрь 24, 2015 03:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд