Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод — 2016 тайёрӣ мебинад

Декабрь 24, 2015 03:21

Душанбе, 24.12.15. (АМИТ «Ховар»). —  Дастаи  мунтахаби  ҷавонони  Тоҷикистон  оид ба  футбол  тайёриро  ба  Ҷоми  Иттиҳод —  2016, ки  аз  17  то  23 январ  шаҳри  Санкт — Петербург  баргузор  мешавад, идома  медиҳад. 
Тавре  ки  дар Федератсияи  футболи  Тоҷикистон  хабар доданд, дастаи  футболбозони  ҷавони  Тоҷикистон  ба  мусобиқоти  Санкт — Петербург  дар  Варзишгоҳи  марказии ҷумҳуриявии  шаҳри  Душанбе   омодагӣ  мегирад. Машқҳо  мувофиқи  нақшаи  таълимӣ  роҳандозӣ  шуда,  то 30  декабр  идома  меёбанд. 
Ёдовар мешавем, ки  шогирдони  Роман  Пилипчук  дар сабқати  гурӯҳии   Ҷоми  Иттиҳод —  2016 дар гурӯҳи  «В»  бо  дастаи  Русия,  Латвия  ва  Эстония  қувваозмоӣ  менамоянд.
Вохӯриҳо  барои  дарёфти Ҷоми  Иттиҳод, ки дар он  футболбозони  соли  таваллудашон  1994  ва  ҷавонтар  аз  он ҳуқуқи  иштирок карданро  доранд,  дар маҷмааи  варзишии «Олимпийский» — и  шаҳри  Санкт — Петербург  сурат  мегиранд.

 

Декабрь 24, 2015 03:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад