Гумроҳшудагон, ба Ватан баргардед!

Декабрь 28, 2015 16:02

Душанбе, 28.12.2015 (АМИТ «Ховар»). — Авҷ гирифтани ҷиноятҳои мудҳиши созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ», кӯшишҳои барабаси роҳбарони ин созмони ҷиноятпеша барои таъсис додани «хилофати исломӣ» боис шуданд, ки мушкилоти зархарид шудану ба «ҷиҳод» пайвастани баъзе шаҳрвандони гумроҳ ҳамчун мушкили рақами 1 — масъалаи доғи рӯз дар паҳнои ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди шӯравӣ пазируфта шавад.
Тибқи иттилои хадамоти махсуси Федератсияи Русия ҳоло зиёда аз 7000 шаҳрванди кишварҳои ИДМ дар ҳайати созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» қарор дошта, дар амалиёти ҷангии Сурия фаъолона ширкат мекунанд. Онҳо дар Сурия на танҳо бо фаъолияти террористӣ-тахрибкорӣ шинос мешаванду дар анҷом додани ҷиноятҳои террористӣ саҳм мегузоранд, балки дар натиҷаи мағзшӯйии ақидавӣ ба мутаассибони беақлу ҳуш, бозичаи дасти хадамоти махсуси хориҷӣ мубаддал мегарданд. Ин гурӯҳи одамон баъд аз бозгашт ба ватан ҳамчун неруи марказии амалҳои террористӣ, ки бо дархости қувваҳои беруна барои бесубот кардани вазъи дохилии ин ё он кишварҳо равона мешаванд, истифода бурда хоҳанд шуд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода рӯзи 14-уми декабри соли равон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Роштқалъа гуфт, ки ҳоло зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷи кишвар дар амалиёти ҷангӣ иштирок мекунанд. Барои Тоҷикистон, ки оқибатҳои хунбори исломи сиёсии ҷанговарро бо чашми худ дидааст ва барои нигоҳ доштани давлати миллӣ аз дарёи хуну алангаи оташи ҷанги шаҳрвандӣ гузаштааст, ин падида хеле ташвишовар, балки зиёда аз он, бонги хатар мебошад. Хусусан бо назардошти он, ки дастаҳои ҷангии созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» ва баъзе гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ мехоҳанд дар қисмати шимолии Афғонистон мавқеъ гиранд.
Дар чунин шароит ҳамкории густурдаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бо хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ барои пайдо кардан, дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани шахсоне, ки ҳамчун зархарид ба гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ пайвастаанд, тадбири саривақтӣ ва зарурӣ мебошад. Дар ин самт аллакай тартиби мушаххаси мубодилаи ахбор дар бораи шахсони ба гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ ҳамроҳшуда роҳандозӣ шудааст. Маълумоти зарурӣ на танҳо аз шахсони дастгиршуда, ҳамчунин аз сарчашмаҳои иктишофии дар ҳайати созмонҳои террористӣ воридкардашуда дастрас мешаванд. Ин маълумот ҳолати воқеӣ, тарзу услуб ва роҳҳои ҷалб намудани шаҳрвандонро ба ҳайати гурӯҳҳои террористӣ, ҳамчунин маълумоти дақиқро оид ба шахсони алоҳидаи дар амалҳои ҷангӣ иштироккунанда пешниҳод мекунад.
Хадамоти махсуси собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ ба ошкор кардан ва пешгирӣ намудани роҳҳои ҷалби шаҳрвандони худ ба гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ манфиатдор ҳастанд, бинобар ҳамин омодаанд, маълумотро оид ба ин мавзӯъ ба ҳамкорони худ бемаҳдудият пешниҳод кунанд, дар амалиёти зиддитеррористӣ ва чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ, ошкор кардан ва безараргардонидани эмиссарҳои созмонҳои террористӣ ва «муҷоҳиддин»-и навбаромад бевосита иштирок кунанд. Чунин ҳамкории самимӣ, ошкоро ва мутақобилаи хадамоти махсуси кишварҳои гунонун шаҳодат аз он медиҳад, ки терроризм, бетартибӣ, бенизомӣ ва даҳшату ваҳшигарие, ки имрӯз дар Сурия ва як қатор кишварҳои дигари исломӣ ба назар мерасанд, ягон рабте на ба ислом ва на ба ҷиҳод надоранд. Ҳамин аст, ки хадамоти махсус ғайриодати худ, маълумоти иктишофии харакатери пинҳонӣ доштаро, бемушкилӣ ва бемаҳдудият ба ҳадигар пешниҳод мекунанд. Ҳамин аст, ки хадамоти махсус дар бораи таркибу сохтори гурӯҳҳои терроризми байналмилалӣ, аз ҷумла гурӯҳи ба ном «Давлати исломӣ» ва гурӯҳҳои террористии ба он наздик, дар бораи роҳбарони ин созмони террористӣ, дар бораи он ки ин роҳбарон кай, дар куҷо ва аз тарафи кӣ барои «хизмат» ба хадамоти махсус ҷалб шудаанд, кадом хадамоти махсус ва ба кадом ҳадафҳо созмони террористии ДИИШ-ро маблағгузорӣ мекунад, чӣ тавр онҳо метавонанд дар оянда омили исломро истифода бурда, дар паҳнои собиқ ҷумҳуриҳои шӯравӣ гурӯҳҳои пинҳонкори террористӣ созмон диҳанд ва мавҷи амалҳои террористиро паҳн кунанд, маълумоти басанда доранд. Хадамоти махсус ин маълумотро доранд ва дар ҳамдастӣ ва ҳамгироӣ чораҳо меандешанд, ки ин хатарҳо бартараф карда шаванд. Чунончӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон бо мақсади муайян кардани шахсияти онҳое, ки дар сафи гурӯҳи террористии ДИИШ меҷанганд, мунтазам чорабиниҳои пешгирикунанда баргузор карда, маълумот ба даст меоранд. Бояд гуфт чунин маълумоти зарурӣ ба воситаи кумитаҳои маҳаллии хонаҳои истиқоматӣ ва ҷамоатҳо ва бо роҳи санҷидани хабарҳои иктишофии хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ дастрас мешаванд. Имрӯз муайян кардани шахсияти онҳое, ки ба «ҷиҳод» рафтаву «муҷоҳид»-и ДИИШ шудаанд, кори мушкил нест, дар давоми як муддати кӯтоҳ шахсияти чунин одамон муайян карда мешаванд. Ҳамчунин тағйироту иловаҳое, ки ба наздикӣ ба қонунҳои амалкунандаи мамлакат ворид шудаанд, ҳаёти шахсони ҳамчун зархарид фурӯхташударо барои тамоми умри боқимонда талху сангин месозад. Қаблан муҳоҷирони меҳнатии Тоҷикистон, ки дар Русия ва дигар кишварҳо кор мекарданду таҳти таъсиру ваъдаҳои осмонии мубаллиғони ДИИШ ба сафи созмони террористӣ ҳамроҳ мешуданд, умед доштанд, ки аз зархариду фурӯхта шудани онҳо ба ДИИШ дар Тоҷикистон дарак намеёбанд. Аммо ҳоло вазъият тамоман дигар шудааст: ба «ҷиҳод»-и Сурия рафтану «муҷоҳиддин»-и ДИИШ шуданро дигар наметавон пинҳон нигоҳ дошт. Ин муҳоҷири меҳнатии ноновари хона, ки сазовори ҳурмату эҳтироми хонадон буд, бо баробари ҳамроҳ шудан ба террористон ба шахси радди маъракашуда мубаддал мегардад. Чунин нафаронро дар ватан зиндону нафрату шармандагӣ ва дар мулки бегона танҳоӣ, зиндагии сагона ва марги аниқ интизор аст.
Дар чунин шароит мебояд андеша кард, ки оё меарзад ба сафи созмони террористӣ ҳамроҳ шуда, дар хизмати хадамоти махсуси кишварҳои хориҷӣ ва душманону бадхоҳони дини ислом қарор гирифт? Муҷоҳидони бадбахти ба ДИИШ пайвастшуда, бо дидани манзараи он ки чӣ тавр ҷанговарони ДИИШ барои ба даст овардани боигариҳои дуздишудаву ғаниматҳои ғоратшуда ба пушти ҳамдигар тирпаронӣ мекунанд, барои аз худ кардани занону духтарони дар итоати ҷанговари дигар буда, сӯи онҳо тирандозӣ мекунанд, бо дидани он ки тамоми ваъдаҳои эмиссарони ДИИШ дар хусуси зиндагии биҳиштӣ дурӯғу фиребанд, роҳи гурез аз «ҷиҳод»-ро пеш гирифтаанд. Бомбаафканиҳои тайёраҳои ҷангӣ, садои тирпарониҳои бошиддати неруҳои ҳукуматӣ, марги ҳаррӯзаи ҳамроҳон андешаи ҷиҳоду муҷоҳид шуданро аз сари онҳо кайҳо дур кардааст. То имрӯз аллакай 50 нафар «муҷоҳиддин»-и тоҷик аз «ҷиҳод» ба Ватан баргаштаанд. Ҳоло бо ихтиёри худ омадану таслим шудан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тавба кардан дар назди ҷомеа ба ин нафарон имконият додааст, ки аз ҷавобгарии ҷиноятӣ худро эмин нигоҳ доранд, аммо бо гузашти вақт мумкин ин имконият аз дасти онҳое, ки то ҳоло дар кишвари Сурия қарор доранд, гирифта шавад, яъне он муҳлате ки барои баргаштани онҳо ҷудо шудааст, ба анҷом мерасад. Он вақт дигар ягон авфкунӣ мадад намекунад. Бинобар ҳамин ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки то ҳоло дар Сурия қарор доранд, зарур аст, ки ҳарчӣ зудтар ба ватан баргарданд, зеро фардо дер хоҳад шуд!

    Карим Довудов

Декабрь 28, 2015 16:02

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Ҳангоми коркарди биҳӣ моддаҳои ғизоии он ҳифз карда мешаванд
КОНСТИТУТСИЯ-САНАДИ ВОЛОМАҚОМИ ДАВЛАТДОРӢ. Ба 30-солагии Қонуни асосии Тоҷикистон бахшида мешавад
24 ОКТЯБР-РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Давоми 32 соли узвият 7 ташаббуси ҷаҳонии Тоҷикистон қабул шуда, мавриди амал қарор дорад
ОЗОДАПАЛАНГ-РАМЗИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Сукунати он дар кӯҳҳои баланду барфпӯш бозгӯи поктарин экосистема доштани Тоҷикистон аст
Худшиносии миллӣ дар инкишофи истиқлоли сиёсӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад