ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ- ЗАМИНАИ ТАЪСИСИ МАКТАБИ СИЁСИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ДУШАНБЕ, 16.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Иҷлосияи тақдирсози миллат дар таърихи сиёсии мамлакат заминаи муҳиме барои рушду ташаккули ояндаи дурухшони давлату миллатамон гардид. Зеро ин иҷлосия таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва сохтори конститутсионии мамлакатро асос гузошт. Дар даврони аввали соҳибистиқлолии мамлакат ташкилоти ҷамъиятӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ ба вуҷуд меоянд. Аммо барои таъсиси ҳизби нави сиёсӣ зарур буд, ки вазъияти онвақтаро омӯхта, камбудию нуқсонҳои мавҷударо ҳамчун асоси фаъолият ба инобат гирад. Халқи парешонгаштаро мутаҳид карда, мамлакати сепорчаро ба давлати воҳид табдил диҳад ва халқи азияткашидаро ба ояндаи дурахшон умедвор созад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон воқеан халқист ва он натиҷаи талошҳо ва хизматҳои хастагинопазири Раиси ҳизб, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ҳизб оғӯши худро барои ҳама гурӯҳҳои аҳолӣ кушодааст, чунки ҳадафи асосии ҳизб таъмини зиндагии шоистаи мардум ва рӯзгори хубу осудаи ҷомеа мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолият аст. Ақидаи таъсиси ин гуна ҳизб нахустин маротиба аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба миён омад. Яъне, заминаҳои асосияш ҳанӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шуданд.
Бо пешниҳоди Пешвои миллат ҳайати муассисон даъват шуд ва ҳудуди ду сол гурӯҳи корӣ таҷрибаи бойи ҳизбҳои бонуфузи сатҳи ҷаҳониро омӯхт. Лоиҳаи оинномаи ҳизб пешниҳод шуд, аммо Пешвои миллат онро напазируфтанд, зеро ба тарзи зиндагии мардуми мо созгор набуд. Аз ин рӯ пешниҳод шуд, ки онро ба шароиту фазои сиёсии Тоҷикистон мутобиқ намоянд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар заминаи хушку холӣ таъсис ёфт. Шохаҳои асосии ҳокимият фалаҷ шуда буд, мамлакат ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуда, гурӯҳҳову созмонҳои гуногуни ифротгаро аз худ дарак доданд. Ин вазъияти басе мураккаб ҳар лаҳза ба амнияти давлати азизамон таҳдид мекард. Дар чунин вазъияти душвор Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон натиҷаи хуб нишон дод. Аммо дар саргаҳи ҳама талошу муборизаҳо Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меистанд.
Ташаккули мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба худ симои тоҷикона касб намуд. Дар асл мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ҳар тоҷику тоҷикистонӣ дар вазъияти басе мураккаби дохилӣ ва ҷаҳонӣ намунаи беҳтарини давлатдориву давлатсозӣ арзёбӣ мегардад.
Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода навиштааст, ки «ба ин зуҳуроти аҷоиб таваҷҷуҳ кунед: 16 ноябри соли 1992 муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлат интихоб мешаванд. Баъд аз ду сол, боз дар моҳи ноябр бо афзалияти зиёд дар интихоботи Президентӣ ғалаба мекунанд, ҳамзамон Конститутсияи пешниҳоднамудаашон аз ҷониби халқ пазируфта мешавад ва баъди панҷ сол маҳз дар рӯзи 16 ноябр, яъне соли 1997 гурезаи охирин ба ватан бармегардад. Инро чӣ гуна метавон шарҳ дод? Тасодуф? Мувофиқ омадани ҳодисаҳо? Шояд».
Мактаби сиёсии Пешвои миллат — ин истилоҳ дар байни мардум маъруфияти бештар дорад. Вале ин мактаб силсилаи ҳарфҳои холӣ набуда, дар муҳтавои он бозтоби арзишҳои як давраи таърихии миллат, идеология ва назару андешаи як қисмати бузурги ҷомеа маҳфуз аст. Ин мактабест, ки ҳама мушкилоту нобасомониҳоро бартараф ва малҳамест, ки тамоми бемориҳои маънавии ҷомеаро дармон мекунад. Муҳимтарин нукта дар баррасию аҳамияти ин мактаб дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони азиз ин аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон омили рушд ва шакл гирифтани шахсияти Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Пешво ва роҳнамои миллати тоҷик мебошад. Имрӯзҳо ихлосу эътимоди мардум ба Пешвои миллат меафзояд, на ҳамчун эҳтиром гузоштан ба мақоми сиёсӣ, балки пештар аз ҳама, ҳамчун ҳомии истиқлоли давлатӣ, таҳкимгари арзишҳои давлатдорӣ, таблиғгари зиндагии шоистаи мардум, поягузори давлатдории навин ва асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ.
Мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон неруи муқтадирест, ки бунёд ва такягоҳи муътамаду қавии зеҳнию маънавиро дорост. Аз ин лиҳоз сарҷамъ кардани неруи зеҳниву маънавии ҷомеа ва фарогирии ҷуғрофию иҷтимоӣ неруи ҳеҷ кадом ҳизби сиёсии давлатро наметавон бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон қобили қиёс донист. Албатта, маълум аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои нахусти сари қудрат омадан зери роҳбарии Раиси он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамдард, мушкилкушо ва ваҳдатофари мардум мебошад. Пас, вазифаи мо, таҳқиқотчиён омӯзиши ин ниҳод ҳамчун мактаби сиёсии Пешвои миллат ба мақсад мувофиқ арзёбӣ мегардад.
Яке аз далелҳои дигар- ин дар атрофи арзишҳову идеяҳои мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон самимона ҷамъ шудани мардуми сарбаланди мамлакат мебошад. Зеро дар меҳвари асосии фаъолияти мактаби сиёсии Пешвои миллат – Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон арзишҳои олии инсонӣ, мардумсолорӣ, эҳтиром гузоштан ба фарҳанги миллӣ меистанд.
Алиакбар ҲАЁТЗОДА,
сардори шуъбаи илм ва муассисаҳои таълимии
Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистон соҳибихтиёрӣ ва истиқлолияти дигар давлатҳои ҷаҳонро эҳтиром менамояд
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба тарзи тайёр намудани зардолуи хушк барои фасли зимистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ. Нақши ин ниҳод дар ҳифзу муаррифии дастовардҳои истиқлол муҳим аст
ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба пӯпаки ҷуворимакка ва фоидаи он
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Дар кадом ҳолатҳо муҳоҷирон ба рӯйхати шахсони назоратшаванда ворид мешаванд?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ ВА ПАЙОМАДҲОИ ОН. Дар соҳаи кишоварзӣ ҳаво ва иқлим нақши аввалиндараҷа доранд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба тарзи нави захира кардани меваҷоту сабзавот барои фасли зимистон
Малакаҳои рақамӣ заминаи рушди иқтисоди рақобатпазири Тоҷикистон мебошанд
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Эл-Нинё ва Ла-Ниня – ду ҳодисаи табиие, ки ба иқлими ҷаҳон таъсир мерасонанд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба манфиат ва хусусияти табобатии хӯрокҳои миллӣ
Дараи Камароб дорои захираҳои нодири агробиологӣ ва имконияти васеи рушди кишоварзии кӯҳистон аст






