Қадами устувору натиҷаи бузург
Душанбе, 31.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Намояндагони васоити ахбори оммаи солҳои 90 — и кишвар, ки дар маъракаҳои сиёсӣ бевосита иштирок доштанд, мегўянд, ки ҳангоми пешниҳод ба мақоми президентӣ, номзадҳо роҳбарии давлатро хатар ба ҷони хеш медонистанд ва аз пешниҳод шудани номзадиашон худдорӣ мекарданд, чунки дар он рўзгори даргириҳо ва вазъияти муташанниҷ бар дўш гирифтани салоҳияти сарварии давлат чун ҷон ба каф гирифтан буд. Касе ин корро карда метавонист, ки аз қимати ҷони худ, фарзандон ва падару модар гузашта, барои наҷоти миллат Президенти Тоҷикистон шавад. Дар он айём аксар нухбагони сиёсӣ худро канор мекашиданд. Аз дур истода тамошо мекарданд. Бисёриҳо дар забон фақат як сухан доштанд: «мушкил аст».
Оре, кӣ қиматтарин неъматро, ки ҷони ўст, ба хатар мегузорад? Кӣ синаи хешро ба сўйи теғу тир сипар мекунад? Ин амалро дар он рўзгори басо сангину мудҳиш барои сарҷамъӣ ва дилгармии мардум, барои фардои беҳтар танҳо як фидоӣ метавонист анҷом диҳад. Миллат ба чунин шахсият сахт ниёз дошт. Аз миёни одамони бешумор, аз қатори ҳазорон вакилони халқӣ ва сиёсатмадорон ва бо қадами устувор Эмомалӣ Раҳмон ин масъулияти бузургро ба уҳда гирифт. Дар нахустин рўзҳои роҳбарӣ ва суханрониҳояш ў аввал мардумро ба ташкили сулҳу субот умедвор сохт. Дар асоси вохўриҳо бо намояндагони мухолифин ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ заминаи Ваҳдати миллиро ба вуҷуд овард. Дар ин давра яке аз масъалаҳои барои давлатдорӣ ҳалталаб ба миён овардани низоми конститутсионӣ буд, ки соли 1994 бо қабули Сарқонун бисёре аз печидагиҳои ҳуқуқӣ ва қонунӣ дар мамлакат аз байн рафт. Он ҳам яке аз ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат дар аввали фаъолияташ буд.
Дар доираи Конститусия татбиқ намудани принсипҳои демократӣ ва ҳамчун давлати ҳуқуқбунёду посдорандаи озодиҳои инсон шакл гирифтани идораи давлати Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон мавқеи онро боло бурд. Ба ин васила масири устувор сохтани давлатдорӣ ва муносибат бо мамлакатҳои абарқудрат фарохтар гашт, ки барои барқарор намудани субот ва барҳам задани муборизаи душманони миллат асос гузошт. Торафт дар муносибатҳои ҷамъиятӣ ва сиёсати давлатӣ таъсири қонунҳо боло мегирифт. Яъне, роҳи интихобнамудаи Президенти ҷумҳурӣ барои таъмини сулҳ дар Ватан бо волоияти қонун ва худшиносии миллӣ асос ёфтааст ва ҳамин интихоби оқилона самара дод, ки Созишномаи истиқрори сулҳ соли 1997 бо ҷонибдории васеъ ба имзо расад.
Натиҷаҳои пай дар пай ва беҳтар гардидани фазои сиёсӣ маҳбубияти Эмомалӣ Раҳмонро дар байни аҳолӣ ва созмонҳои ҷаҳонӣ тадриҷан боло бурд. Аз ҳамон айём то ҳол мардум дар симои Сарвари давлат шахсиятеро мебинанд, ки рўзгори берангу зулмотӣ ва ноумедии онҳоро ба ҳаёти хушу осуда ва сарсабзии фарзандонашон табдил додааст. Аз ин рӯ ҷонибдории ҳар шаҳрванд барои додани унвони Пешвои миллат ба Эмомалӣ Раҳмон, арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва сабақе ба наслҳои ояндаи халқи кишвар аст. Аз сўйи дигар унвони мазкур масъалаи имрўза набуда, дар худ решаҳои таърихӣ дорад. Он подоши аз худ гузаштанҳо ва ба худ бор кардани масъулияти азим, ғамхории холисона аз барои ҳар ҳамватан ва натиҷаи бузурги қадамҳои устувор дар роҳи наҷоти миллат аз парокандагист. Ҳар фарди солимфикр метавонад, дарк намояд, ки чунин подош баҳри ваҳдату субот ва пос доштани аъмоли накўи фарзандони миллат аз манфиат холӣ нест.
Мусоева Лайлӣ Маҷидовна
нотариуси давлатии Саридораи
нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон








АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд






