Мо бо Президент ва Президент бо мост
Душанбе, 29.12.2015. (АМИТ «Ховар»). -Дар вохӯриҳое, ки дар ҳудуди маҳаллаҳо ва ташкилоту муассисаҳои олии шаҳр бо занону ҷавондухтарон бо ташаббуси шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд доир шуданд, бонувони Хуҷанди бостонӣ, бо як овоз дар ҳамраъйӣ бо тамоми мардуми шарифи кишвар Қонун «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат»-ро бо хурсандию шодмонӣ пазируфтанд.
Маҳбубтарин инсон дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо-дӯстдори хурду калон, пиру барно, солдидаю наврас, мардуми бурунмарзию бумӣ воқеан як нафари арзандаю шоиста, хуршедсимою бовиқор ва сарбаланду ҷавонмард, хирадпешаю дурандеш — Пешвои миллатамон ва тамоми тоҷикони олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд ва инро миллионҳо нафар одамони касбу кори гуногун бо шодмонӣ тасдиқ менамоянд.
Пас аз пошхӯрии давлати бузурги ИҶШС, Тоҷикистон низ дар қатори дигар миллату халқиятҳо соҳибдавлат шуд ва ин неъмати бузургро Истиқлол номиданд. Аммо мустақилият бо хунбаҳои садҳо сокинони кишвар ба даст омад. Аниқтараш нодидагирии иддае ба ном «сарсупурдагони миллат» сабаб шуд, ки ин миллати баъди ҳазор сол навзуҳуркарда боз ба гирдоби аҳримансифатон афтад. Аз ин ҷанги бародаркуш бештар модарон ва хоҳарони мо ҷабру ситам диданд, зеро онҳо заҳри марги писар ва ё падарро чашиданд. Хавфи аз байн рафтани ин миллат ва пора-пора шудани минтақаҳои он ба миён омада буд. Ҳамсоягони мо ҳар лаҳзаву соат омодаи он буданд, ки харитаи сиёсии ҷаҳонро тағйир диҳанд. Дар чунин муҳит танҳо ваҳдату ягонагӣ ва тӯдакаше лозим буд, ки ҷомеаро аз қафои худ ба пеш барад, ба сӯи нуру зиё, ба сӯи фардои дурахшон. Ин рисолатро фарзанди фарзонаи миллат, оне ки мисли дигар шахсиятҳои бонангу ор шабу рӯз хун мегирист, Эмомалӣ Раҳмон бар дӯш гирифт. Ин миллати парокандаро ба ҳам овард. Сулҳу оштӣ дод. Хиради азалӣ насиби тоҷикон гардид.
Сарвари олишони мо аз рӯзҳои нахустини истиқлолият барои баланд бардоштани мақому манзалати занон дар ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон талош варзид. Дар давраҳои мухталифи рушди ҷомеа ва ҳалли мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию маърифатӣ барои истифодаи неруи ақлонию касбии бонувон тадбирҳо андешида шуданд. Таҷрибаҳои аввалин дар ин самт нишон доданд, ки занон дар пешрафти ҷомеа, ҳалли мушкилоти гуногуни замон, таълиму тарбия ва доварию сарварӣ на камтар аз мардон нақш бозида метавонанд. Аз ин нигоҳ Ҳукумату давлати Тоҷикистон барномаҳои гуногунро оид ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ҷалби занону духтарони болаёқату кордон ба вазифаҳои роҳбарӣ тарҳрезӣ намуда, баҳри татбиқашон шароитҳо муҳайё сохт. Шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар доираи фаъолияти ҳамарӯзаи худ доир ба боло бурдани маърифати занону духтарон дар самти ҳимояи ҳуқуқ, оилаю оиладорӣ, масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон нақшаю тадбирҳои мушаххас меандешад. То имрӯз дар маркази вилоят- шахри Хучанд чорабиниҳои мухталиф бо ҷалби доираи васеи сокинон ва фаъолони маҳаллаҳо баргузор намуд. Дар ин замина дар назди шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маҳфилҳои омӯзишӣ, хунарӣ ва маърифатӣ амал менамоянд.
Аз ҷумлаи он маҳфилҳое, ки давоми соли равон мунтазам фаъолият бурданд- ин маҳфилҳои «Дарёи мухаббат» бахшида ба эълон гаштани соли 2015- Соли оила, «Ҳунар сарчашмаи хушбахтӣ», «Фарханги оиладорӣ», «Фарзанди нек-орзую уммеди нек» ва чанде дигар мебошанд.
Эмомалӣ Раҳмон, Сарвари муаззами мо ҳамеша тақозо дорад, ки дар сафҳои мо занону ҷавонони соҳибназару дурандеш, оқилаву доно бештар бошанд, зеро ҷомеа дар ҳама давру замон ниёз ба ислоҳот дорад. Якмаромӣ, қолабҳои кӯҳнашуда на танҳо иқтисодиётро коҳиш медиҳанд, балки маънавиётро ба қафо мепартоянд. Аз ин рӯ, рисолати мо-занон, сидқан ва ядилона дӯст доштани ин обу хоки Ватан ва саҳм гузоштан дар эъмори бузурги қасри Истиқлолият аст. Мо, занони Хуҷандшаҳр Роҳбару Пешвои миллати худро азизу муқаддас медорем, дар ҳама соҳаҳо дастгиру мутаккояшон мебошем. Ба ҳайси пешвои ҳақиқии миллат маҳбубияти хосса доштани Президенти кишварро тамоми бонувони Хуҷанди бостон бо як ҷаҳон ифтихору саодатмандӣ пазируфта, Эмомалӣ Раҳмонро бо ин мартабаи ифтихорӣ муборакбод намуда, таманно мекунем, ки ба бахти мо, бонувони тоҷик ва тамоми тоҷику тоҷикистонӣ, ҳамеша саломат, сарбаланду саодатманд ва илоҳо то ҷаҳон боқист, сарвару сарпарасти тоҷикон бошанд.
Мудири шуъбаи кор бо занон
ва оилаи мақомоти иҷроияи
ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд
Муҳайёхон Дадобоева








Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд






