С. Аслов ба сафири нави Алҷазоир дар фаъолияти дипломатиаш дар Тоҷикистон комёбӣ таманно кард
Душанбе, 8.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 декабри соли 2015 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов нусхаи эътимодномаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Халқии Демократии Алҷазоир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Насер Бушеритро қабул намуд.
Зимни суҳбат ҳолат ва дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Алҷазоир баррасӣ шуданд. Бар зарурати таҳкими робитаҳои сиёсӣ ва тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод, тиҷорат, энергетика, маориф ва дигар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн таъкид гардид
Доир ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ ва инчунин густариши ҳамкорӣ дар ҳошияи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Миллали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар сурат гирифт.








Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






