Семинари Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкорӣ дар илм ва технология
Душанбе, 24.12.2015 (АМИТ «Ховар»).- 23 декабри соли 2015 дар Сафорати Тоҷикистон дар Япония семинар оид ба ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Япония дар соҳаи илм ва технология баргузор гардид. Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Тскуба ва Донишгоҳи Токио ташкил шуд. Дар он директори Маркази таҳқиқ ва рушди биомассаи обсабзҳо ва системаи энергияи Донишгоҳи Тсукуба — профессор Ватанабэ Макото, директори Маркази муҳандисии кафедраи инноватсияи системаҳои факултаи муҳандисии Донишгоҳи Токио — профессор Фуҷита Тоёҳиса, профессори Бахши илм ва технологияи муносиб барои рушди устувори факултаи илмҳои муҳити зисти Донишгоҳи Тсукуба — Накаҷима Митсутоши, муовини директори шуъбаи муҳандисии захираҳои оби Агентии Япония оид ба об — Сугиура Масаҳиро, доктор Канеко Тсуёши — Бахши гастроэнтерологияи факултаи илмҳои ҳамаҷонибаи инсонӣ ва др. Убайдуллоев Зубайдулло — корманди илмии Академияи байналмилалии Тсукуба оид ба илмҳои варзиши Донишгоҳи Тсукуба иштирок доштанд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ бо маърӯза сухан гуфта, маълумоти мушаххас дар бораи Тоҷикистон, аз ҷумла, вазъи иқтисодӣ, нишондодҳои иқтисодии рушди кишвар аз давраи ба даст овардани истиқлолият то имрӯз, лоиҳаҳои ба рушди минтақавӣ равонашуда, аз ҷумла дар чаҳорчӯбаи стратегияи муайяннамудаи Ҳукумати Япония нисбат ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, захираҳои табиӣ ва гидроэнергетикӣ, соҳаи кишоварзӣ, нақлиёт ва туризм пешкаш карда шуд.
Иштирокунандагони семинар пешниҳодҳои мушаххаси худро доир ба фаъолгардонии муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои об, гидроэнергетика, муҳити зист ва тандурустӣ муаррифӣ намуданд.
Зарурати ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои илмӣ ва тадқиқотии Тоҷикистон ва Япония таъкид шуд. Дар ин замина масъалаи таъсиси Ассотсиатсияи Тоҷикистон ва Япония оид ба ҳамкорӣ дар илм ва технология баррасӣ гардид. Ҷамъияти мазкур ба рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Япония мусоидат хоҳад кард. Инчунин фаъолияти ҷамъият барои муайянсозии бахшҳои нави ҳамкории байни ду кишвар саҳми худро хоҳад гузошт. Қарор қабул карда шуд, ки чунин ҷамъомад ба таври доимӣ баргузор гардад.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






