Таҷдиди 483 хоҷагии калони кишоварзӣ ва ташкили 5,5 ҳазор хоҷагии деҳқонию инфиродӣ
Хуҷанд, 24.12.2015. (АМИТ «Ховар»). — Дар вилояти Суғд соли равон ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ идома ёфт ва 483 хоҷагии калонҳаҷм мавриди азнавташкилдиҳӣ қарор дода шуд.
Дар натиҷаи таҷдиди хоҷагиҳои калони кишоварзӣ 5,5 ҳазор хоҷагии деҳқонию инфиродӣ таъсис дода шуд.
Ёдовар бояд шуд, ки дар натиҷаи ислоҳоти кишоварзӣ дар вилоят 62 ҳазор хоҷагии нави оилавию инфиродӣ ташкил шудаву деҳқонон соҳиби қитъаи замин гардиданд. Барои кишоварзон имкон пайдо шуд, ки зироати дилхоҳро парвариш ва истеҳсоли меваю сабзавот ва дигар зироатҳоро зиёд намоянд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






