Д.Исломов комиссари мусобиқоти Осиё — 2016 мегардад

Январь 4, 2016 10:42

Душанбе, 04.01.16. (АМИТ «Ховар»). — Сардори раёсати байналмилалии Федератсияи футболи Тоҷикистон Давлатманд Исломов комиссари бозиҳои қисми ниҳоии мусобиқоти Осиё — 2016 байни дастаҳои мунтахаби ҷавонони синнашон то 23 таъйин гардид.
Ёдовар мешавем, ки мусобиқоти Осиё (U — 23) аз 12 то 30 январ дар Қатар баргузор мегардад. Аз рӯи натиҷаи қуръапартоӣ 16 даста ба чор гурӯҳ тақсим шуданд, ки шарҳи онҳо чунин аст: Гурӯҳи «А» — Қатар, Сурия, Эрон ва Чин, Гурӯҳи «В» — Арабистони Саудӣ, Ҷопон, ҶМДК ва Таиланд, гурӯҳи «С» — Ироқ, Куриёи Ҷанубӣ, Ӯзбекистон ва Яман, Гурӯҳи «D» — Урдун, Австралия, АМА ва Ветнам.
Се дастаи беҳтарини мусобиқот барои иштирок дар Бозиҳои олимпӣ — 2016 дар Рио — де — Жанейро роҳхат пайдо мекунанд.

Январь 4, 2016 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

«KING’S CUP 2026». Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоӣ бо тими миллии Умон бозӣ мекунад
Дар Душанбе таҳти унвони «Зебоӣ, доноӣ ва тавоноӣ аз варзиш аст» машқи пагоҳирӯзӣ баргузор гардид
«Истиқлол» барои роҳхат ёфтан ба плей-оффи Лигаи даъватии КФО-2026/27 бо дастаи «Ҳомс Ал-Фида»-и Сурия бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Қатар бозиҳои дӯстона анҷом медиҳад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) дар Ҷоми ҷаҳон-2026 иштирок менамояд
Шоҳрух Назаров якумин медали нуқраи Тоҷикистонро дар таърихи Бозиҳои параосиёии тобистона соҳиб шуд
«Истиқлол» дар бозиҳои даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Лигаи даъватии КФО-2026/27 бар ҳарифаш ғолиб омад
Дар шаҳри Хуҷанд Академияи бокс бунёд карда мешавад
Ғолибони Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини ҷудо барои дарёфти Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб муайян шуданд
Дастаи футболи «Хуҷанд» бори шашум барандаи Ҷоми Тоҷикистон гардид
КФО-2026/27. Имрӯз «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» бозиҳои аввали худро дар марҳилаи гурӯҳӣ анҷом медиҳанд
Дар Тоҷикистон Форуми байналмилалии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор шуд