«Истиқлол»: Бозиҳои таҷрибавӣ бо дастаҳои футболи Ӯзбекистон
Душанбе, 13.01.2016 (АМИТ «Ховар»). — Клуби футболи «Истиқлол» дар доираи тайёриҳо ба мавсими нави соли 2016 боз бо як дастаи машҳури футболи Узбекистон- «Насаф»-и Қаршӣ рӯзи 25 январ бозии дӯстона барпо менамояд. «Насаф» соли 2011 соҳиби Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё гардида, соли гузашта Ҷоми Узбекистонро ба даст овардааст ва иштирокдори мусобиқоти Лигаи чемпионҳои Осиё мебошад. Тавре ки пештар хабар дода будем, «Истиқлол» ҳамчунин рӯзҳои 19 ва 22 январ дар варзишгоҳи Академияи «Бунёдкор»- шаҳри Тошканд бо клубҳои «Алмалик ва «Нефтчӣ»-и Фарғона вориди майдон мешавад. Чемпиони чоркаратаи Тоҷикистон имрӯз дар як бозии таҷрибавӣ бо дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ки дуввумин иштирокдори мусобиқаи Ҷоми КФО аз Тоҷикистон мебошад, қувва меозмояд.








«ФУТБОЛ — ОМИЛИ ВАҲДАТ ВА ҲАМДИЛИИ ҶАВОНОН». Байни устодону кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мусобиқаи футболи хурд доир гардид
Ҷудокорони тоҷик ҳангоми ба даст овардани медалҳои Бозиҳои Осиёӣ бо ҷоизаҳои пулӣ қадрдонӣ мешаванд
Ба ғолибону ҷоизадорони Бозиҳои Осиёӣ-2026 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад
Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол бо дастаи мунтахаби Озарбойҷон бозии дӯстона доир менамояд
Мирзобек Умаров ва Отабек Раҷабов дар Бозиҳои Осиёӣ-2026 аввалин медалҳои тиллоро соҳиб шуданд
Се варзишгари Тоҷикистон ба финали мусобиқаи ММА дар Бозиҳои Осиёии Ҷопон роҳ ёфтанд
Варзишгари тоҷик Беҳрӯз Умаров дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Қазоқистон соҳиби медали тилло гардид
Рамазон Ҷумаев ва Анӯшервон Назарзода соҳиби унвони қаҳрамони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо дар шаҳри Душанбе гардиданд
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид






