Паём-барномаи саодатовари миллат

Январь 22, 2016 14:57

Душанбе, 22.01.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи энергетика диққати ҷиддӣ зоҳир гардида, онҳо як барномаи муҳими танзими фаъолият ва ноил шудан ба зиндагии босаодат мебошанд.
Аз Паём то Паём як зинаи фаъолияти мо-энергетикҳо низ ҷамъбаст гардида, марҳилаи нави татбиқи нақшаву лоиҳаҳо оғоз меёбад.
Соли 2015 дар тамоми давлатҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 157,7 миллиард кВт.соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки ин талаботи аксари мамолики минтақаро қонеъ намекунад. Бар иловаи ин, то соли 2020 талабот ба неруи барқ ба 180 миллиард кВт.соат ва то соли 2025 ба 206 миллиард кВт.соат меафзояд. Дар заминаи талаботи рӯзафзун ба неруи барқ кишвари мо, ки дорои захираҳои азими неруи барқи обист, метавонад дар таъминоти ҳам дохилии худ ва ҳам тамоми минтақа нақши калидӣ дошта бошад. Алҳол аз захираи муътамади неруи барқи мо, ки аз рӯи ҳисоби мутахассисон дар як сол 527 миллиард кВт.соатро ташкил медиҳад, фоизи хеле ками он истифода бурда мешаваду халос. Вобаста ба ин, дар Паём қайд шудааст: «Пешрафти ояндаи ҷаҳон аз энергияи барқароршаванда вобастагии зиёд дорад, зеро он омили муҳимми таъмин намудани тараққиёти босуботи иқтисодиву иҷтимоӣ, ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, пешгирии офатҳои табиии вобаста ба тағйирёбии иқлим ва коҳиши партовҳои гази карбон мебошад. Тоҷикистон чун кишвари дорои захираҳои фаровони об ҷонибдори истифодаи одилонаву оқилонаи ин захираҳо тавассути ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад ва татбиқи пайгиронаи дипломатияи ҳамкорӣ дар соҳаи обро ягона василаи ҳалли мушкилот дар ин самт медонад.»
Амалан, бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконият фароҳам омад, ки дар кишвари мо дар солҳои истиқлолияти давлатӣ як зумра иншооти муҳим ва хеле зарурӣ ба истифода дода шаванд. Пурра ба истифода додани Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда — 1» ва «Сангтӯда — 2», Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2”, зиёда аз 300 неругоҳҳои хурд, хаттҳои интиқоли барқи баландшиддати «Ҷануб-Шимол», «Лолазор-Хатлон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Сангтӯда — Лолазор», «Сангтӯда – НБО-и Сарбанд», “Қайроққум-Ашт”, таҷдид ва иваз намудани зеристгоҳҳо ба зеристгоҳҳои пурқудрат, таҷдид ва барқарорсозии неругоҳҳо ва шабакаҳои барқӣ, ки дар панҷ-даҳ соли охир амалӣ гардиданд, ҳам соҳаро по бар ҷо нигоҳ дошт ва ҳам иқтидору эътимоднокии таъминоти энергияи барқиро дар ҷумҳурӣ хеле беҳтар намуданд. Ин раванд бомуваффақият идома дорад. Дар Паёми имсола низ дастур дода шуд: “Аз ин хотир, моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.”
Умуман, дар даврони истиқлолият даҳҳо неругоҳҳои хурду бузург ва Маркази барқу гармидиҳӣ бо иқтидори 1040 мегаватт бунёд ёфтанд, ки ин ба 24 фоизи иқтидорҳои аз замони шӯравӣ то имрӯз истифодашаванда баробар аст.
Бале, дар кишвари мо энергетика рушд меёбад, вале вобаста ба сол то сол беҳ шудани сатҳи зиндагии мардум ва рушди иқтисодиёти кишвар талабот ба барқ низ меафзояд. Агар дар ибтидои солҳои 2000-ум аҳолии кишвар дар як сол 1,1 милллиард кВт.соат неруи барқ истеҳсол менамуд, алҳол ин талабот аз 4,0 миллиард кВт.соат гузаштааст. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар беш аз 65 фоиз афзоиш ёфта, садҳо ҳазор оилаҳои нав ба вуҷуд омаданд, садҳо ҳазор манзили истиқоматии нав бунёд шуданд. Фақат дар давоми солҳои 2013-2014-ум 2 миллиону 100 ҳазор метри мураббаъ манзил ба истифода дода шудааст. Илова бар ин, дар ин давра 17320 корхонаву коргоҳи нави истеҳсоливу хизматрасонӣ ба кор оғоз карданд, ки ин ҳама истеҳсоли неруи барқи иловагиро тақозо дорад. Ин раванд идома дорад. Дар Паёми имсола қайд шудааст: “Соли 2016 мо нақша дорем, ки дар ҳаҷми 300 мегаватт иқтидорҳои иловагии энергетикиро ба истифода супорем. Вале дар баробари ин, мо дар давоми сол ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатиро дар ҳаҷми 350 мегаватт ба нақша гирифтаем.”
Дар ин замина, кормандони соҳаи энергетика ҳама вақт ҷахду талош доранд, ки бо назардошти ин талаботи афзоянда ба пешбурди соҳа ноил гарданд ва ба рушди Тоҷикистони азиз мусоидат намоянд. Тавре ки маълум аст, неругоҳҳои бузург ва миёна дар муддати чанд сол бунёд меёбанд ва ҳоло дар мамлакат амалӣ гаштани як зумра лоиҳаҳо, аз ҷумла неругоҳҳои барқи обии “Роғун, “Шӯроб”, “Нуробод — 1”, “Нуробод — 2”, “Айнӣ”, “Фондарё”, “Санобод” ва “Себзор” дар назар дошта шудаанд, ки онҳо имконият фароҳам меоранд, таъминот бо барқ аз талабот бо барқ пеш гузарад..
Дар айни замон тавре ки дар Паём ҳам таъкид мегардад: “моро лозим аст, ки дар баробари ба кор андохтани иқтидорҳои нави истеҳсоли неруи барқ истифодаи самараноки онро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин намуда, махсусан, ба истифодаи техникаву таҷҳизоти каммасрафи барқӣ аҳаммияти аввалиндараҷа диҳем.”
Кормандони соҳаи энергетика ҳама вақт дасгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳсос менамоянд. Тавре ки дар Паём ҳам зикр ёфтааст: “Дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои тараққиёти энергетика дар кишвар 32 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо ҷалби зиёда аз 12 миллиард сомонӣ татбиқ карда шудааст”.
Дар Паёми имсола низ ба мо пайки шодӣ дода шудааст, ки “Барои расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва сармояи хориҷӣ 36 миллиард сомонӣ равона гардида, танҳо соли ҷорӣ барои пешрафти соҳа 4 миллиард сомонӣ ҷудо карда мешавад.”
Мо, кормандони соҳаи энергетикаи Тоҷикистон, пурра бовар дорем, ки Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳадафи аслии он пешрафти кишвар ва саодати ҳамдиёрони мост, албатта, чун маҷмӯаи дастурҳои рӯҳбахш дар амал татбиқ мегардад ва дар баробари дигар дастовардҳо истиқлолияти энергетикиро воқеӣ мегардонад. Аз Паёми имсола мо-энергетикҳо соҳиби маҷмӯи дастуру раҳнамои нав гардидем ва бо татбиқи он барои таъмини зиндагии шоистаи мардуми кишвар амал менамоем.
Мирзо Исмоилзода
Раиси ШСХК «Барқи Тоҷик»

Январь 22, 2016 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Харбуза ба бадани инсон неру мебахшад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба каду истеъмол намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИСТИХРОҶИ АНГИШТ. Имсол истихроҷи ангишт ба зиёда аз 3 миллион тонна расонида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
САРЧАШМАҲОИ ДӮСТӢ БАЙНИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ КАЗОҚ БА УМҚИ АСРҲОИ МИЁНА МЕРАСАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд
ДАР МАРЗҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз имтиҳони таърих гузаштаанд