Паём — дастур барои мубориза бо терроризм ва экстремизм

Январь 28, 2016 14:56

Душанбе, 28.01.2016. (АМИТ «Ховар»).-Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми имсола ҳам доир ба зуҳуроти ниҳоят хатарноки асри нав — терроризм ва экстремизм, ки дар шароити торафт мураккаб гардидани вазъи ҷаҳони муосир густариш пайдо карда истодааст, таваҷҷуҳи алоҳида зоҳир намуд. Зикр шуд, ки давлатҳои абарқудрат барои манфиатҳои хеш барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон бо ҳам бархурди бесобиқа доранд, ки дар натиҷа вазъи сиёсии сайёра боз ҳам печидаву муташанниҷ гардида, буҳрони молиявию иқтисодӣ дар бисёр кишварҳои олам шиддат гирифтааст. Ин ҳолатро аз рӯйдодҳои охири ҷаҳон, яъне боз ҳам тезутунд гардидани вазъ дар Шарқи Наздик, Осиё, Африқои Шимолӣ, Аврупо ва дигар минтақаҳои дунё мушоҳида кардан мумкин аст. Дидан мумкин аст, ки чӣ тавр дар ин давлатҳо терроризм ва экстремизм ба хатарҳои аввалиндараҷаи  ҷаҳони муосир табдил ёфтаанд ва доманаи фаъолияти созмонҳои террористӣ дар ин давлатҳо торафт васеъ шуда, фаъолшавии онҳо, аз ҷумла дар ҳамсоякишвари мо — Афғонистон вазъиятро боз ҳам мураккабтар гардонидааст. Хулоса, имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид  карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст. Дар ин робита, беш аз дигар ҳаракатҳои ифротӣ, амалҳои даҳшатафкании гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ»  боиси нигаронии аҳли башар гардидаанд. Бахусус, ҳаводиси хунини Ироқ, Сурия, Фаронса (Париж), суқути ҳавопаймои мусофирбари A 321-и Русия дар нимҷазираи Синайи Миср, ки соли 2015 аз ҷониби ин гурӯҳи харобкор  анҷом  ёфт, чеҳраи аслии терроризмро бори дигар нишон дода, ҷомеаи ҷаҳонро дар мубориза бо ин вабои аср таҳрик бахшиданд. Ҷангиёни “Давлати исломӣ” инсонҳои бегуноҳ, аз ҷумла кӯдакон, занон, пиронсолону барҷомондагонро ваҳшиёна ба қатл мерасонанд, сару гӯшу биниашонро мебурранд.

Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои бовар, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд. Истифодаи «сиёсати дугона» нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад.

Президенти мамлакат изҳор дошт, ки: «Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист Ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад. Гузашта аз ин, зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм, ки аксаран таҳти шиорҳои диниву мазҳабӣ сурат мегирад, ба дини мубини ислом иртиботе надорад, баръакс, аз ҷониби душманони ин дини муқаддас роҳандозӣ шуда, аз ваҳшонияти асримиёнагии террористӣ, пеш аз ҳама, кишварҳои исломӣ ва мусулмонони сайёра зарар мебинанд».

Боиси таассуф аст, ки баъзе созмонҳои байналмилалӣ аз ҷониби як зумра доираҳо ва давлатҳову фондҳо ошкоро маблағгузорӣ гардидани созмонҳои террористиву ифротгаро, поймолшавии ҳуқуқи инсон, аҳволи тоқатфарсо ва дар роҳи муҳоҷират дар баҳрҳо ғарқ шудани ҳазорон нафар гурезаҳо, аз ҷумла занону кӯдаконро нодида мегиранд. Аз ин лиҳоз, метавон гуфт, ки бар асари истифодаи қувва ва зӯрӣ дар равобити байналмилалӣ, дар ҳифзи манфиатҳои хеш рӯ ба рӯ омадани қудратҳои ҷаҳонӣ  ва  минтақавӣ, зери фишори неруву унсурҳои бегона амалан аз байн рафтани низоми давлатдории як силсила кишварҳо ва вусъати торафт афзояндаи терроризму экстремизм вазъи ҳуқуқи байналмилалӣ хеле заиф шуда, истиқлолияти давлатҳои миллӣ осебпазир гардидааст. Намуна ва пайомадҳои чунин вазъро мо дар мисоли Сурия, Ироқ, Либия, Яман ва Афғонистон мебинем.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳам ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронид ва дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дод. Ҳанӯз аз соли 1999 барои муборизаи фарогир  бар зидди терроризм ва экстремизм як зумра санадҳои меъёрии ҳуқуқиро қабул намуд. Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  16 ноябри соли 1999 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошт. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид.  Қабули ин ду қонун  барои Ҷумҳурии Тоҷикистон  имкониятҳои  фарохеро  дар таҳкими мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овард.

Ба ҳеҷ кас пӯшида нест, ки солҳои тӯлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи неруҳои ифротии минтақа буд ва барои таъминоти онҳо дар қочоқи маводи мухаддир ва силоҳу лавозимоти ҷангӣ хизмат мекард. Вале дар давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон, сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари буфериро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар бовар ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад, чунки мо ҳанӯз соли 1998 дар Иҷлосияи 20-уми махсуси Созмони Милали Муттаҳид ба ҷомеаи мутамаддин дар бораи хатару оқибатҳои сангини тавсеаи зуҳуроти терроризм ҳушдор дода, ташкили «минтақаи амнияти гирдогирди Афғонистон»-ро пешниҳод карда будем.

Имрӯзҳо Тоҷикистон ҳамеша дар сафи пеши мубориза бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад. Чуноне Раҳмон Юсуф, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ иброз дошт: «Дар самти муқовимати иттилоотӣ бар зидди терроризм ва экстремизм мақомоти прокуратура дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва Хадамоти алоқа беш аз ду ҳазор сомонаи интернетиеро, ки ба ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ ҳамбастагӣ доранд, муайян ва фаъолияташонро қатъ кардааст», «Ҳамчунин дар асоси аризаи Прокурори генералӣ бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 апрели соли 2015 ташкилоти бо ном «Давлати исломӣ» ва «Ҷабҳат-ун-нусра» ҳамчун созмонҳои террористӣ ва экстремистӣ эълон гардиданд», «Аз соли 1997  дар Тоҷикистон  14 гурӯҳи муташаккили террористӣ  аз ҷониби ниҳодҳои қудратӣ маҳв гардида,  фаъолияти 12 ҳаракат, ҳизб  ва гурӯҳҳои  экстремистии ифротиву тундгаро дар қаламрави ҷумҳурӣ манъ гардид», «Шахсияти қисми зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки аз номи гурӯҳи Давлати исломии Ироқу Шом меҷанганд, муайян гардида, нисбат ба онҳо парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст».

Рӯзи 25 январи соли 2015 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои  дохилӣ дар соли 2015 гуфт, ки мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, экстремизму терроризм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва силоҳи оташфишон дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шуда, дар ин самтҳо натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда, 17 (соли 2014-25) гурӯҳи муташаккили ҷиноӣ бо узвияти 132 нафар муайян карда шуд, ки дар содир намудани 247 ҷинояти вазнин даст доштанд. Ҳамзамон 835 ҷинояти дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ошкор карда шуда, дар натиҷа 247 шаҳрванд муайяну дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд. Инчунин 903 нафар аъзои ташкилоти экстремистӣ ва террористии “Ансоруллоҳ”, “Ҷундуллоҳ”, “Ҳизб-ут-Таҳрир”, “Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон” ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро дар кофтукови байналмилалӣ эълон карда шудаанд. Бояд тазаккур дод, ки шаҳрвандоне, ки ихтиёран аз ҷанг дар кишварҳои бегона даст мекашанд, агар дар ҳаракатҳои онҳо дигар ҷиноят набошад, аз ҷавобгарӣ озод мегарданд.

Воқеаҳои нангини аввали моҳи сентябр, яъне сӯиқасди табаддулоти мусаллаҳонаи давлатӣ, ки бо маблағгузориву сарпарастии бевоситаи роҳбарияти собиқ Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон сурат гирифтанд, бори дигар нишон доданд, ки баъзе доираҳои сиёсии хориҷӣ то ҳанӯз аз ниятҳои бадхоҳонаи худ нисбат ба миллати тоҷик даст накашидаанд ва мехоҳанд нақшаҳои харобкорона ва хоинонаи хешро бо дасти зархаридону гумоштагонашон амалӣ гардонида, ба сари мардуми мо низоми бегонаро таҳмил намоянд. Чуноне рӯзи 25 январи соли 2015 вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар Нишасти матбуотӣ вобаста ба ҷамъбасти фаъолияти мақомоти корҳои  дохилӣ дар соли 2015 зикр  намуд: «Дар иртибот бо ҳодисаҳои моҳи сентябри соли сипаригардида, дар натиҷаи гузаронидани амалиёти дастаҷамъии сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ 38 нафар аъзои гурӯҳи мусаллаҳи ҷиноятпешаи Назарзода Абдуҳалим безарар ва зиёда аз 200 нафар дастгир  гардида, аз аъзои ин гурӯҳи ҷинояткор миқдори зиёди силоҳи оташфишон ва лавозимоти ҷангӣ дарёфту мусодира шуд. Дар ҷараёни баргузории амалиёт бар зидди ин гурӯҳ, мардуми ватандӯст, аҳолӣ кормандони ҳифзи ҳуқуқро дастгирӣ   ва ҷонибдорӣ намуда, 28 нафар аъзои ин гурӯҳи террористиро дастгир ва 11 нафарашон бо таъсири мардум ихтиёран худашонро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Фаъолияти самараноки кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт имкон дод, ки пеши роҳи содиршавии якчанд амали террористӣ гирифта шуда, аъзои ташкилоту гурӯҳҳои ифротгаро дастгир карда шаванд».

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба сафи ҷунбишу ҳаракатҳои ифротӣ ва гурӯҳҳои террористӣ, инчунин иштироки онҳо дар ҷангу муноқишаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа табдил шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ барои пешгирӣ аз ин амалу рафтори ба ҳаёт ва суботи ҷомеа хатарнок чораҳои судманд меандешад. Дар соли 2015 аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 992   (ВКД-620 нафар) шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иштирок дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи кишвар, махсусан Сурия ва Ироқ ба қайд гирифта шуда, нисбат ба онҳо парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз шудаанд. Аз ин шумора, 156 нафар дастгир ва дар натиҷаи бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ 61 нафари дигар ба Ватан баргардонида шуда, дар задухӯрдҳои мусаллаҳона 148 нафарашон ҳалок гардидаанд. Ҳоло аз тарафи сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи кишвар 699 нафар дар кофтукови расмӣ қарор доранд. Илова бар ин, 1 ҳазору 505 шахси дар кофтуковбуда дастгир ва 718 нафар шахсони беному нишон гумшуда, муайян карда шуданд.

Мутаассифона, аксари ҷавононе, ки ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ мепайванданд, онҳое мебошанд, ки саводи зарурии дунявӣ ва маърифати ибтидоии динӣ надоранд. Ин гурӯҳҳо бо истифода аз ҳамин омил ҷавононро ба доми худ кашида, ба коми марг мебаранд. Дар радифи сабабҳои дохилӣ, инчунин, омилҳои берунӣ низ бетаъсир нестанд, ки инҳо намоиши филмҳои дорои хусусияти террористӣ ва экстремистӣ, паҳнкунии ғояҳои ифротгароӣ тавассути шабакаи ҷаҳонии интернет мебошанд. Таҳлили сабабу шароити ба ин ҳолатҳо мусоидаткунанда нишон дод, ки паст будани савияи дониши ҷавонон, аз нигоҳи мафкуравӣ, ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва динӣ тайёр набудани онҳо ба муҳоҷирати меҳнатӣ, майлу хоҳиши ба даст овардани маблағи муфт, ки онро пайравони гурӯҳҳои тундрав ваъда мекунанд, боиси фирефта шудани онҳо аз тарафи намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ва шомил гардиданашон ба ин ҳизбу ҳаракатҳо гардидааст.

Яке аз омилҳои пешгирии гаравидани шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ роҳ надодан ба таҳсили ғайрирасмии ҷавонон дар муассисаҳои динии хориҷи кишвар ва баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд ба ҳисоб меравад. Чунки яке аз сабабҳои шомил шудани ҷавонон ба иттиҳодияи ҷиноятӣ дар муҳити носолим тарбия ёфтан, аз ҷониби падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда фароҳам наовардани шароитҳои зарурии моддӣ, молиявӣ, маънавӣ ва рӯҳӣ, заифии таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимии алоҳида мебошад. Дар натиҷаи омӯхтани ин сабабҳо ва гузаронидани вохӯриҳои инфиродӣ бо падару модарон аз 3 ҳазору 233 нафар шаҳрвандон, ки ғайрирасмӣ дар муассисаҳои таълимии динии хориҷи кишвар таҳсил мекарданд, то ин ҷониб беш аз 3 ҳазор нафар ба Ватан баргардонида шуда, дар айни замон 228 нафари дигар боқӣ мондаанд, ки аз ин шумора 57 нафари онҳо дубора ба хориҷа баргаштанд.

Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон дарк кардааст, ки дар паси ҳар матлаби ғаразноки расонаҳои хориҷӣ гурӯҳҳо ва ё қувваҳои алоҳида меистанд, ки барои онҳо ба хотири манфиатҳои сиёсиашон қурбон намудани ҷони инсонҳо кори саҳл мебошад. Чунин гурӯҳҳо дар самти ҷалби ҷавонон аз усулҳои таъсиррасони мафкуравӣ истифода намуда, дар асоси ғояҳои динӣ — мазҳабӣ онҳоро ба майдони қатлу куштор мекашанд. Ин фитнаест, ки аз ҷониби душманони қавми мусалмон андохта шуда, мақсадаш нобуд сохтани мусалмонон бо дасти худи онҳо мебошад.

Дар бисёр ҳолатҳо шаҳрвандони мо барои ёфтани посух ба саволҳои норавшани динӣ ба рӯҳониёни алоҳида ва шабакаҳои интернет рӯй оварда, ба доми таблиғотчиёни созмонҳои экстремистӣ меафтанд. Ин мубаллиғон муқаррароти «Қуръон»-и маҷид, ҳадис ва дигар сарчашмаҳои дини мубини Исломро ғаразмандона таҳриф намуда, муроҷиаткунандагонро ба беэҳтиромӣ нисбат ба қонунҳои дунявӣ ва иштирок дар «ҷиҳод» даъват менамоянд.

Ифрот ба маънои аз ҳад гузаштану зиёдаравӣ кардан аст. Гурӯҳи ифротӣ тафаккураш аз ҳадди эътидол, ақл ва мантиқ гузашта, ба як нерӯе табдил ёфтааст, ки танҳо худро ҳақ медонад ва дигаронро ботил мешуморад.

Мутаассифона, баъзе ҷавонони мо ҳатто дорои саводи ибтидоии динӣ нестанд. Бо вуҷуди ба дин таваҷҷуҳ доштан шинохти дурусти динӣ надоранд. Бинобар ин, онҳоро аз номи дин ба осонӣ барои шомил шудан ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротӣ даъват мекунанд. Ҷавоне, ки ҷаҳонбинии хуби сиёсӣ надорад, моҳияти равандҳои сиёсии ҷомеа, минтақа ва ҷаҳонро дарк намекунад, зуд ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ меафтад.  Бехабар аз он, ки на дар хизмати ислом, балки дар хизмати кадом як хоҷае қарор гирифтааст.

Барои пешгирии ин ҳолат маърифати динӣ ва сиёсии мардум, хоса ҷавононро бояд баланд бардошт.

Умуман, вазъияти баамаломада талаб мекунад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, дар ҳамкорӣ барои пешгирӣ намудани шомилшавии шаҳрвандон ба иттиҳодияҳои ифротгаро, иштироки онҳо дар задухӯрдҳои мусаллаҳонаи дигар давлатҳо фаъолиятро боз ҳам ҷоннок намуда, барои таъмини сулҳу субот ва истиқлолияти Ватани азизамон, оромиву ободии кишвар ва рӯзгори босаодати шаҳрвандон тамоми имкониятҳоро ба харҷ диҳем.

Яке аз роҳҳои ҷалб намудани ҷавонон ба гурӯҳу созмонҳои ифротгароӣ- ин бо истифода аз шабакаҳои интернетӣ ҷалб намудани онҳо мебошад. Хушбахтона, дар Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Прокуратураи генералӣ ва дигар мақомоти марбута доир ба масъалаи таъсиси «Маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм» супориш дода шуд, ки ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди асоснок манзур созанд ва бовар ҳаст, ки таъсис додани ин марказ барои дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи  шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ натиҷаҳои  дилхоҳ медиҳанд.

Нуктаи муҳими дигаре, ки боиси хушнудии ҳамагон гардид, ин вобаста ба вазъи бамиёномада фароҳам овардани заминаҳои дахлдори ташкиливу ҳуқуқӣ ва фазои оштинопазир бо экстремизм ва терроризм дар сатҳи барномаи стратегии давлатӣ мебошад. Роҳбари давлатамон  ба Прокуратураи  генералӣ супориш дод, ки дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти дахлдори давлатӣ ҳарчи зудтар «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм  ва терроризмро барои солҳои 2016-2020» таҳия ва пешниҳод намоянд ва дар доираи тақвияти мубориза бо терроризм ва экстремизм номгӯи субъектҳои бо онҳо муборизабаранда васеъ ва дақиқ муайян карда шуда, дар баробари ин ҷавобгарӣ ва ҷазо барои содир намудани ҷиноятҳо ба муқобили сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат, ҷиноятҳои дорои хусусияти террористиву экстремистӣ ва хиёнат ба Ватан, шарикӣ дар чунин ҷиноятҳо, аз ҷумла нисбат ба ташкилкунандагон ва шахсони ба онҳо мусоидаткунанда пурзӯр карда мешавад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дуруст таъкид кард, ки: «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва дар оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Танҳо ҷавонони солимфикру бомаърифат қодир ҳастанд, ки дар шароити таҳаввулоти рӯзафзуни авзои сиёсии ҷаҳон ва  вусъат гирифтани низоъҳои байнидавлативу байнимазҳабӣ ҳимояи марзу буми кишвар ва ҳифзи амнияти давлату миллатро дарк намуда, барои ҳифзи дастовардҳои азими Истиқлолияти давлатии кишварамон, ки имсол 25-солагии онро таҷлил мекунем, якҷо бо ниҳодҳои масъул амал намоянд».

Аз ин рӯ, ҳар яки моро зарур аст, ки бо дарки аҳамияти вазифагузориҳои Сарвари давлат иҷрои нишондодҳои Паёмро сармашқи кори худ қарор диҳем, зеро ба бовар метавон гуфт, ки татбиқи босамари ин барномаи ояндасоз дар иртибот ба рушди кишвар ва беҳдошти зиндагии мардум саҳифаҳои тозаеро боз хоҳад кард.

 

 

 

Ғуломов Қудратулло Ҷанатуллоевич,

мушовири калони дастгоҳи

вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия.

Январь 28, 2016 14:56

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Харбуза ба бадани инсон неру мебахшад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар як ҳафта бояд як ё ду маротиба каду истеъмол намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ ИСТИХРОҶИ АНГИШТ. Имсол истихроҷи ангишт ба зиёда аз 3 миллион тонна расонида мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад
НАЗАРИ КОРШИНОС. Рушди минбаъдаи иқтисодиёти Тоҷикистон бояд ба рушди фаъолияти соҳибкорию бахши хусусӣ нигаронида шавад
САРЧАШМАҲОИ ДӮСТӢ БАЙНИ ХАЛҚҲОИ ТОҶИКУ КАЗОҚ БА УМҚИ АСРҲОИ МИЁНА МЕРАСАНД. Назари коршинос дар ин мавзуъ
«ДАҲСОЛАИ АМАЛ БАРОИ ИЛМҲОИ КРИОСФЕРА, СОЛҲОИ 2025-2034»: Талоши созанда барои ҷаҳонӣ гардонидани илмҳои қутбшиносӣ ва яхшиносӣ
ТОҶИКИСТОН ВА ҚАЗОҚИСТОН. Гардиши тиҷорати хориҷӣ байни ду давлат соли гузашта 1,2 миллиард доллари ИМА-ро ташкил дод
ТАНҲО МУТОБИҚШАВӢ БА ИҚЛИМ КОФӢ НЕСТ. Гармои тӯлонӣ ва шадид зарурати амалҳои фавриро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим таъкид менамояд
33 СОЛИ ПУРСАМАРИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Дар роҳи ватансозӣ мисли ангуштони як мушт сарҷамъу муттаҳид бошем!»
НАЗАРИ КОРШИНОС. Дар раванди cабзазоркунӣ бояд аз растаниҳои маҳаллӣ бештар истифода намуд
ДАР МАРЗҲОИ ДӮСТӢ. Муносибатҳои сиёсии Тоҷикистон ва Қазоқистон аз имтиҳони таърих гузаштаанд