Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ: «Дар қиболи ВАО-и хориҷии тарғибгари ифротгароӣ бояд ВАО-и муқтадири худро дошта бошем»

Январь 18, 2016 17:27

Душанбе, 18.01.2016 (АМИТ «Ховар») — Тавре ки иттилоъ дода будем, 16-уми январи соли равон дар маҷмааи таъбу нашри «Шарқи озод» анҷумани XIV-уми Иттифоқи журналистони Тоҷикистон баргузор гардид. Раиси Иттифоқи журналистони минтақаи Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ оид ба нақши васоити ахбори омма ва журналистон изҳори назар карда, гуфт, ки ВАО дар ҳама давру замон инъикосгари ҳаёти воқеии мардум мебошад. «Аз нахустин рӯзҳои соҳибистиқлолии мамлакат васоити ахбори омма ҳамчун яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ мавқеи худро муайян карда, дар тарғиби ғояҳои нави давлатдорӣ нақши муассир гузошт. Зуҳури арзишҳои демократӣ ва дар ин замина баёни андешаи озод дар рушди ВАО таъсири мусбат расонид. Тӯли  бисту панҷ соли соҳибистиқлолӣ пайдо гаштани садҳо нашрия ва радиову телевизион дар саросари  кишвар гувоҳ аз гуфтаҳои болост. Васоити ахбори омма дастгоҳи идеологиест, ки бо қудрату тавони худ  мушкилоти ҷомеаро ҳалл карда, манофеи миллатро дар ҳассостарин мавридҳо ҳифз менамояд», — гуфт С. Фаррухшоҳ ва илова кард, ки: «Рисолати журналистика дар ҳама давру замон ва ҳолату вазъият баёни ҳақиқат мебошад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба журналистикаи тоҷик ҳамчун ба оинаи ҷамъият назар дошта, нақш ва рисолати онро дар эҳёи пояҳои давлати миллӣ равшан арзёбӣ менамояд. Ба тасвиб расонидани чандин амру фармонҳо, аз ҷумла, амри Президенти Тоҷикистон дар бораи нишастҳои матбуотӣ, фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидиву таҳлилӣ» нишони арҷгузории Сарвари давлат ба мақоми журналистика ва ВАО  мебошад.

С. Фаррухшоҳ васоити ахбори оммаро «силоҳ ва дар як маврид сипари боэътимоде мешуморад, ки  манфиатҳои миллиро ҳимоят мекунанд». Оид ба фаъолияти ВАО-и минтақаи Кӯлоб Суҳробшоҳи Фаррухшоҳ, аз ҷумла чунин гуфт: «Мутаассифона, дар минтақаи Кӯлоб бинобар набудани шароити созгор нақши ВАО дар ифои вазифаи асливу усулии худ андаке хира ба чашм мерасад. Ҳарчанд, рӯзноманигорони минтақаи Кӯлоб дар радифи ҳамтоёни марказнишини худ дар бардошти  масоили мухталифи ҷомеа, ҳалли мушкилот ва инъикоси мавзӯъҳои доғи рӯз саҳми калон доранд, аммо набудани шароит ва василаи кор онҳоро нигарон кардааст. Дар 10 шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳамагӣ 11 нашрияи мансуб ба мақомоти маҳал, як рӯзномаи мустақил, 1 телевизиони давлатӣ ва як телевизиони мустақил  фаъолият мекунанд. Ин дар ҳолест, ки дар музофоти Кӯлоб бештар аз 1 миллион ҷамъят ба сар бурда, мунтазам ба ахбори саҳеҳ ва саривақтӣ ниёз доранд. Дуруст аст, ки беҳдошти фаъолияти рӯзномаҳо, ки нашрияҳои мақомоти маҳаллӣ мебошанд, аз мақомоти маҳал вобастагӣ дорад, аммо бетаваҷҷуҳӣ аз ҷониби чунин як ниҳоде, амсоли Иттифоқи журналистони кишвар ба кори онҳо масъалаи муҳимест, ки бояд ба он таваҷҷуҳ зоҳир шавад. Бояд гуфт, идораи кории рӯзномаи «Субҳи меҳнат»-и ноҳияи Муъминобод дар ҳоли садамавӣ қарор дошта, оҷилан таъмир мехоҳад. Дар идораи рӯзномаи «Ҳақиқати Ховалинг» мизу курсии корӣ намерасад ва идора ба шабакаи интернетӣ пайваст нест. Рӯзномаи «Зафар»-и ноҳияи Ҳамадонӣ моҳе ду маротиба ва рӯзномаи «Гулистон»-и ноҳияи Фархор моҳе як маротиба нашр мешаванду халос. Адади нашри ҳамаи рӯзномаҳои маҳаллӣ мутобиқи иттилои мавҷуда аз ду ҳазор зиёд нест. Мушкили асосии рӯзномаҳои музофоти Кӯлоб набудани чопхонаи ҷавобгӯ ба талаботи рӯз мебошад. Ба далели мушкили молиявӣ рӯзномаҳо маҷбуранд дар чопхонаи шаҳри Кӯлоб рӯзномаҳои худро бо сифати начандон хуб чоп кунанд».

Мувофиқи баъзе маълумот дар Афғонистони ҳамсоя, ки амвоҷи телевизиону радиояшро дар минтақаи Кӯлоб роҳат шунидану тамошо кардан имкон дорад, аллакай созмони террористии ба ном «Давлати исломӣ» радиои худро фаъол кардааст ва агар касе бар он назар аст, ки ДИИШ ин дастгоҳи идеологиро барои тавсифи дастовардҳои ҳукумати Афғонистон ва ё фиристодани паёми дӯстии ҳамсоягӣ ба Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст, иштибоҳ мекунад. Дар қиболи ин моро мебояд амали ҳамвазнеро анҷом диҳем. Пӯшида нест, ки имрӯз терроризм ва экстремизми байналмилалӣ марзҳои мухталифи мамолики оламро убур карда, зиндагии орому осоиштаи мардумонро халалдор кардаанд. Имрӯз дар олам ҷанги иттиллотӣ сар задааст, ки натиҷааш аз даҳҳо ҷанги силоҳӣ хунбортар аст. Имрӯз ҳизбу ҳаракоти тундрав маҳз аз ҳамин васила кор гирифта, сафҳои худро аз ҳисоби ҷавонони ноогоҳ пур месозанд. Мутаассифона, мо дар ин ҷанг дар музофот, ба вежа минтақаи Кӯлоб агар дасти тиҳӣ надорем, пас дасти пур низ надорем.  Дар ҳоли мавҷудияти ҳамагӣ як телевизиони давлатӣ — Телевизиони Кӯлоб ва як телевизиони мустақил — «Мавҷи Озод» бо кучактарин имкон ва ҳафтаворе, ки ҳамагӣ дар чор саҳифаи коҳидаву рангпарида чоп мешаванд, оё тарғиби идеологияи давлатӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҷараёнҳои тундгаро, тарғиби ғояҳои ватанпарваронаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, паҳн намудани идеяи ягонаи миллӣ, суннату анъанаҳои неки ниёгон ва умуман расонидани иттилои саривақтӣ ва зарурӣ ба мардум имкон дорад? – чунин суолгузорӣ кард С. Фаррухшоҳ ва дар идомаи андешаҳояш гуфт: «Имрӯз чанд шабакаи бадхоҳ дар хориҷи кишвар 24 соат нисбат ба Ватани мо сақат мегӯянд. Пӯшида нест, ки ин шабакаҳо ба воситаи интернет дар кишвар паҳн мешаванд ва музофоти Кӯлоб низ истисно нест. Аммо мо бар зидди ин шабакаҳо чӣ кардему чӣ мекунем? Бастан ва маҳдуд кардани мавҷи ин шабакаҳо раҳоӣ аз вазъият нест, зеро имрӯз технологияи нав дастрасиро ба ҳама чизи маҳдуд фароҳам карда аст. Ба гумони ман, мо бояд дар қиболи телевизиони ифротгароён ҳамин гуна як телевизион ва дар қиболи ровиёни он ҳамин гуна як ровиҳо дошта бошем.

Дар идомаи суханони худ С. Фаррухшоҳ гуфт, ки соли 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз мо, журналистонро муваззаф мекунад, ки атрофи сиёсати некбинонаи Пешвои Миллат, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боз ҳам муттаҳид гашта, барои  пешрафту шукуфоӣ ва оромиву осудагии мардум заҳмат кашем. Журналистони Кӯлоб ба сиёсати сулҳҷӯёна ва бунёдкоронаи Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша содиқ буда, ҷонибдори ваҳдати комили миллат ва шукуфоии Ватани азиз мебошанд. Дар ин соли  барои мардуми тоҷик фархунда умед бар он мебандем, ки ин хостаи мо, ки бо бовар метавон гуфт, хостаи ҳазорон нафар аз аҳли зиёи Кӯлоб аст, ҷомаи амал хоҳад пӯшид».

Хотиррасон бояд шуд, ки дар Анҷумани навбатӣ ҳисоботи раёсати Иттифоқи журналистон барои солҳои 2010-2015 шунида шуда, вакилони анҷуман Зинатулло Исмоилзодаро раиси нави Иттифоқи журналистони Тоҷикистон интихоб карданд.

 

 

 

 

Январь 18, 2016 17:27

Хабарҳои дигари ин бахш

ОБРО БАР МАЗРАИ ДЕҲҚОН БИДЕҲ. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар бораи ҷашни Тиргон
ВАҲДАТИ МО ТОҶИКИСТОНРО МУНАВВАР КАРДААСТ. Мулоҳизаҳои Ректори Донишгоҳи технологии мамлакат дар ин мавзуъ
ҲАМКОРИИ ГУНОГУНҶАБҲАИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Назари коршинос дар бораи равобити ду мамлакат дар шароити нави рушди минтақа ва ҷаҳон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хушкмева хатари саратонро коҳиш медиҳад
ТИРГОН ҶАШНИ ТОБИСТОН АСТ. Ин ҷашни миллии мо асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
МАРДУМИ ТОҶИК БА АМАЛҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ АРҶ МЕГУЗОРАД. Андешаҳои директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳо дар ин маврид
САМАРИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ-БУНЁДИ САДҲО МУАССИСАҲОИ МУОСИРИ ТАЪЛИМӢ! Маълумот дар бораи дастовардҳои соҳаи маориф дар шаҳри Душанбе
Сардори Хадамоти иҷро Барно Саидвализода: «Ягона омили муассири ҳаёти осоишта ва рӯзгори равшану босаодат ваҳдат ва сулҳу ҳамдилӣ мебошад»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — КАФОЛАТИ ЗИНДАГИИ БОСУБОТ ВА ШОИСТА. Андешаҳои профессор Қобилҷон Хушвахтзода дар ин мавзуъ
ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН. Дар натиҷаи ҳамкорӣ танҳо дар панҷ соли охир беш аз 10 лоиҳаи муштарак амалӣ гардид
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Ба зиммаи падару модар кадом уҳдадориҳо гузошта шудааст?
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — РАМЗИ ПИРӮЗӢ ВА УСТУВОРИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Андешаҳои Муҷибахон Ҷавҳарӣ дар ин мавзуъ