Сулҳ дар Афғонистон ормони беш аз садсолаи миллати афғон аст

Январь 22, 2016 18:10

Душанбе, 22.01.2016. (АМИТ «Ховар») — Афғонистон дар тӯли таърих борҳо мавриди ҳуҷуми неруҳои бегона ва қавмиву нажодӣ қарор гирифтааст. Аммо дар охирҳои асри 19 ин кишвар ба як бозии бузург байни империяҳои англису рус табдил шуд. Номи расмии ин кишвар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст. Масоҳати умумиаш 652 ҳазору 864 километри мураббаъ буда, аз ҷиҳати масоҳат 41-умин кишвари паҳновари ҷаҳон мебошад. Шумораи аҳолии он дар соли 2013 беш аз 31 миллион нафар буд, ки дар мақоми 42-юм дар дунё қарор дорад. Забонҳои форсӣ, пуштунӣ ва дарӣ забонҳои расмӣ ва Ислом дини расмии Афғонистон ба шумор мераванд. Ин кишвар дар даврони бостон аз минтақаҳои асосӣ дар роҳи Абрешим ва ҷодаи муҳоҷирати одамон будааст. Бостоншиносон намунаҳои сукунати инсонҳоро дар ин кишвар пайдо кардаанд, ки гуфта мешавад, беш аз 50 ҳазор солро дар бар мегирад. Афғонистон дар маҳалли геостратегии муҳиме қарор гирифтааст, ки Шарқ, Ҷануб, Бохтар ва Осиёи Миёнаро ба ҳам мепайвандад. Афғонистон, ки дар маркази Осиё қарор дорад, ҳамеша таваҷҷуҳи абарқудратҳо ва дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро ба худ ҷалб мекарду мекунад. Ин кишвар ба унвони маркази калидӣ дар қитъаи Осиё ҳангоми бесубот буданаш ба дигар кишварҳои ин минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Яъне нооромӣ дар Афғонистон метавонад ба дигар мамолики китъаи Осиё асароти нохуб дошта бошад. Зиёда аз сад сол аст, ки ин кишвар  макони бозиҳои сиёсӣ ва набардҳои абарқудратҳо қарор гирифтааст. Ҳанӯз аз оғози асри 19 байни Русия ва империяи Британия муборизаҳо барои тасаллут бар Афғонистон бо номи «Бозии калон» оғоз шуда буд. Дар он замон Бритониё бо истифода аз зӯри артиш талош кард, ки бар Афғонистон тасаллут пайдо кунад ва дар моҳи январи соли 1839 неруҳояшро аз ҳамсояи ин кишвар — Ҳиндустони зери нуфузи худ вориди Кобул кард. Ҳамин тавр, аввалин набардҳо байни афғонҳо ва англисҳо оғоз гардид. Дар ин мубориза англисҳо ҳукумати амир Дӯстмуҳаммадро сарнагун карданд ва ба ҷои вай Шуҷоъхонро ба сари қудрат оварданд, аммо аморати  Шуҷоъхон дер давом накард ва дар соли 1842 тавассути худи афғонҳо сарнагун карда шуд ва Афғонистон бо бастани сулҳ бо Британия тавонист, ки истиқлолияти худро ҳифз намояд. Дар ин росто, Империяи Русия низ муборизаҳои васеъ намудани сарзамини худро оғоз кард ва дар солҳои 1860 – 1880 тақрибан масъалаи пайвастани Осиёи Миёна ба Русия ҳал шуд. Аз ин дастовардҳои империяи Русия ва наздикшавии он ба сарҳади Афғонистон Британия ба ташвиш омад. Ҳамин буд, ки ин кишвар амалиёти низомии худро дар Афғонистон соли 1878 дубора оғоз намуд, вале баъди ду соли мубориза маҷбур шуд, ки ин кишварро тарк кунад. Аммо бритониёиҳо қабл аз рафтан амир Абдурраҳмонро ба сари қудрати ин кишвар нишонданд ва бар назорати ин кишвар тақрибан то охирҳои даҳаи дуввуми асри 20 идома доданд. Дар соли 1919 Амонуллохон истиқлолияти Афғонистон ва сарпечӣ аз фармони Британиёро эълон кард, ки ин тасмими вай сабаби бори сеюм вориди ҷанг шудани Афғонистону Британиё гардид. Дар натиҷа шоҳ Амонуллохон аз тахт сарнагун шуда, ба минтақаи дигар фирор кард. Аввалин кишваре, ки истиқлолияти Афғонистонро ба расмият шинохт, Русияи Шӯравӣ буд. Русияи Шӯравӣ ба Афғонистон кумакҳои иқтисодӣ ва низомӣ мекард. Соли 1929 Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҷонибдорӣ аз шоҳи сарнагуншудаи Афғонистон – Амонуллохон муборизаи мусаллаҳонаро оғоз кард. Соли 1930 муқовимат бар зидди босмачиён дар кишвар роҳандозӣ гардид. Албатта, ин нооромиҳо ба иқтисоди Афғонистон таъсири ниҳоят бад расониданд ва аҳолии ин кишвар бинобар сабаби комилан варшикаста шудани иқтисоди кишварашон дар ҳолати хеле ногувор зиндагӣ мекарданд. Ҳамин тавр, нооромиҳо ва набардҳои мусаллаҳона байни қавму қабила ва абарқудратҳо дар ин кишвар то соли 1973 идома ёфт ва дар ин сол ҳангоми сафари Шоҳи Афғонистон Зоҳиршоҳ ба Италия дар кишвар табаддулоти давлатӣ таҳти роҳбарии хешованди Зоҳиршоҳ — Муҳаммад Довуд ба вуқӯъ пайваст ва Муҳаммад Довуд ба тахти шоҳӣ дар Афғонистон нишаст. Аммо ислоҳоте, ки Довудшоҳ дар кишвар гузаронид, ба нокомӣ дучор шуд ва сатҳи бесаводӣ боло гирифт. Аз ҷумла, беш аз 96 фоизи занон ва тақрибан 91 дар сади мардони ин кишвар саводи хондану навиштан надоштанд. Дар даврони ҳукумати Муҳаммад Довуд байни гурӯҳҳои ҷонибдори коммунистҳо ва исломиҳо задухӯрд ба амал омад. Исломиҳо дар ин кишвар борҳо даст ба тазоҳурот заданд ва ҳар бор аз ҷониби Ҳукумати Афғонистон ба шикаст мувоҷеҳ мешуданд. Боло гирифтани мавҷи норозиён дар Афғонистон боиси иттифоқ афтодани инқилоби Савр дар соли 1978 гардид, ки ин инқилоб ба рӯи ҳукумати Муҳаммад Довуд хатти сурх кашид ва ӯ бо ҳамаи аҳли хонаводааш ба қатл расиданд. Инқилоби Савр дар Афғонистон мунҷар ба оғози ҷанги шаҳрвандӣ шуд. Акнун, вазъият дар Афғонистон боз ҳам печидатар гардид. Ҷанги шаҳрвандӣ ҳар рӯз хисороти зиёди моливу ҷонӣ ба бор меовард. Аз ин лиҳоз, соли 1979 ҳангоми ба нооромиҳо кашида шудани шаҳри Ҳирот аввалин бор Ҳукумати Афғонистон ба таври расмӣ аз Иттиҳоди Шӯравӣ дахолати низомӣ ба ин кишварро дархост кард. Чунин дархост тақрибан 20 маротиба шуда буд. Аммо комиссияи Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ, ки соли 1978 таъсис ёфта буд, ҳар дафъа дархостҳои  ҷониби Афғонистонро баррасӣ карда,  посухи рад дод. Аммо авҷи шӯриш дар Ҳирот Иттиҳоди Шӯравиро маҷбур сохт, ки сарҳади худро бо Афғонистон тақвият бахшад ва ин тасмим боиси ворид шудани артиши шӯравӣ ба Афғонистон гардид. Набардҳо байни тарафдорони Иттиҳоди Шӯравии собиқ ва гурӯҳи муҷоҳидини афғон авҷ гирифт ва Ҳизби Халқӣ – Демократии Афғонистон, ки ҳамчун ҳизби марксистӣ аз ҷонибдорони Шӯравӣ буд, ҳукумати Довудхонро сарнагун кард ва Ҷумҳурии Демократии Афғонистонро ташкил дод. Дар пайи барқарории ин ҳукумат ва бахусус, пас аз мудохилаи Иттиҳоди Шӯравии собиқ дар Афғонистон муқовимати гурӯҳҳои исломгаро бар зидди  он оғоз шуд. Роҳбарони аслии муҷоҳидини афғон дар Пешовар барои ташкили ҳукумати нав бо номи Давлати Исломии Афғонистон ба тавофуқ расиданд. Аммо Гулбиддини Ҳикматёр, ки нахуствазир буд, ба ин тавофуқ розӣ нашуд ва бар зидди неруҳои Шӯрои нозир ва Ҷамъияти Исломии Афғонистон ба роҳбарии Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ва Ҷунбиши миллии исломии Афғонистон таҳти роҳбарии Абдуррашид Дустум вориди ҷанг шуд. Ихтилофи гурӯҳҳои гуногуни муҷоҳидин бар сари тақсими қудрат боиси оғози марҳилаи нави ҷанги дохилӣ гардид ва ҳар минтақаи ин кишвар дар ихтиёри гурӯҳҳои алоҳидаи мусаллаҳ даромад ва онҳо ин минтақаҳоро бо шеваи худ идора ва назорат  мекарданд. Рақобати қудратҳои минтақавӣ низ боис шуда буд, то ҷанги гурӯҳҳои афғон ба як ҷанги бардавом табдил шавад. Абарқудратони Чаҳон ва қудратҳои минтақавӣ барои ҳифзи манфиатҳои худ аз гурӯҳҳои муттаҳиди хеш дар ин набардҳо пуштибонӣ менамуданд. Ҳамин тариқ, нооромиҳо дар Афғонистон ба авҷи болои худ расид ва то имрӯз хомӯш кардани оташи ин низоъ муяссар намегардад. Ҳарчанд ҳар неруе, ки дар ин кишвар ба қудрат мерасад, талошҳои худро барои ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон мекунад, вале дар масъалаи ба тавофуқ расидани ҷонибҳои даргир музокирот ба бунбаст мувоҷеҳ мешавад.

Ҳамин тавр, дар ин ҷанг, ки то соли 1989 идома ёфт, аз ҳар ду ҷониб талафоти зиёди ҷониву хисороти ҳангуфти иқтисодӣ ворид намуд. Билохира, Ҳукумати Шӯравӣ 15 феврали соли 1989 артиши худро аз Афғонистон берун кашид. Дар бораи шумораи фавтидагони неруҳои собиқ Шӯравӣ дар ин ҷанги 10 – сола омори гуногун нашр шудаанд, вале ин теъдодро аз 15 ҳазор то 26 ҳазор мегӯянд, ки дар ҳолатҳои гуногун ба ҳалокат расидаанд. Давлатмардони вақти собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ билохира дарк карданд, ки ҷанг дар Афғонистон паёмади ногувор ба бор овард ва тасмими хориҷ намудани неруҳои низомии худ аз ин кишварро гирифтанд. Аммо пас аз хуруҷи неруҳои шӯравӣ дар соли 1989 аз Афғонистон ин кишвар бо мушкилоте, ки дошт, танҳо монд. Даргириҳои дохиливу қавмӣ барои ба қудрат расидан дар ин кишвар ба марҳилаи тоза ворид шуданд. Дар ин миён дар соли 1994 гурӯҳи мусаллаҳ вориди вилояти Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон шуд ва номи худро «Таҳрики исломии тулабои киром» (толибони кунунӣ) гузошт. Ин гурӯҳ, ки аз ҷониби  баъзе кишварҳои арабӣ ва бархе аз мамлакатҳои ғарбӣ ҳимоят мешуд, бо шиорҳои мубориза бо куфру ширк вориди Афғонистон гардид ва аз сабаби он, ки бо аслиҳаи муосир таъмин буд, тавонист, ин кишварро дар муддати кӯтоҳе зери тасарруфи худ дарорад. Аъзои ин гурӯҳ аз ҳисоби шаҳрвандони Афғонистону Покистон рӯз аз рӯз зиёд мешуд. Вақте мардуми афғон пешрафтҳои толибонро диданд, ба ин бовар буданд, ки танҳо ҳамин гурӯҳ метавонад суботу оромиро дар ин кишвар таъмин намояд. Вале таълимоти ифротӣ ва қонунҳои ҷоринамудаи онҳо дар минтақаҳои зери нуфузи худ ин орзуи мардумро барбод дод. Муборизаҳои мусаллаҳона барои ғасби ҳукумат дар Афғонистон беш аз пеш шиддат гирифтанд. Ба вуҷуд омадани гурӯҳҳои мусаллаҳи толибон, Ал-қоида, Ҳаракати Исломии Ӯзбакистон, ДОИШ ва чандин гурӯҳҳои силоҳбадасти дигари қавмиву нажодӣ вазъияти ин кишварро боз ҳам печидатар кард. Албатта, чунин вазъият ба ҷумҳуриҳои ҳаммарз бо ин кишвар паёмади нохуберо дар пай дорад. Вақте ки нуфузи толибон дар Афғонистон ва баъзе аз минтақаҳои Покистон бештар гардид, қудратҳо ва созмонҳои ҷаҳонӣ тасмим гирифтанд, ки ба хотири тамос барқарор кардан бо ин гурӯҳ ва нишондани он пушти мизи музокирот намояндагии ин гурӯҳро дар Қатар таъсис диҳанд. Ва ҳамин тавр ҳам карданд. Аммо ин намояндагиро Давлати Афғонистон ба расмият нашинохт. Бо ташаббуси Амрико пас аз баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ва бо дархости ҷониби Кобул Ҷумҳурии Мардумии Чин дар заминаи нишондани толибон пушти мизи музокирот талошҳои ҷиддӣ намуд. Аз ҷумла, чунин музокирот дар Урумчии Чин бо иштироки намояндагони толибон ва Давлати Афғонистон баргузор шуд, вале ин талошҳо низ натиҷаи дилхоҳ надоданд. Чунин музокирот бо иштироки ҷонибҳо борҳо баргузор шудаанд, вале то имрӯз ба натиҷаи мусбати худ нарасидааст. Масъалаи таъмини сулҳу оромӣ дар Афғонистон дар маркази диққати кишварҳои минтақа, бахусус ҳамсояҳои он қарор дорад. Бояд гуфт, ки Афғонистон бо кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Туркманистон, Покистон, Эрон, Чин ва Ҳиндустон марзи муштарак дорад. Бинобар ин, бесуботӣ ва нооромиҳо дар Афғонистон метавонанд ба ин кишварҳо таъсири манфӣ расонанд. Аз ин рӯ, ин кишварҳо, бахусус роҳбарияти давлату ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша ва дар ҳамаи конфронсу нишастҳои сатҳи баланд ба таъмини суботу амният дар Афғонистони ҳамсоя таъкид мекунанд. Ба андешаи Сарвари давлати мо, сулҳ дар Афғонистон танҳо бо роҳи гуфтушунид ва нишастан пушти мизи музокирот ба даст меояд. Тавре ки маълум аст, фаъол гардидани гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолифи давлати Афғонистон ҷомеаи ҷаҳониро ба нигаронӣ мувоҷеҳ карда буд ва дар натиҷа Амрико ва НАТО барои  мубориза бар зидди гурӯҳи мусаллаҳи Ал-қоида ва толибон дар соли 2001 пас аз мавриди ҳамла қарор гирифтани бинои тиҷоратии дугона дар Амрико неруҳои худро вориди Афғонистон карданд. Акнун ин кишвар ба майдони нави набардҳои Амрико ва гурӯҳҳои мусаллаҳ табдил шуд. Амрико ва НАТО солҳои тӯлонӣ дар ин кишвар ба муқобили Ал-қоида ва дигар гурӯҳҳои мусаллаҳи террористиву ифротгаро муборизаҳои беамон бурданду мебаранд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чаро бо вуҷуди ширкат доштани кишварҳои пешрафтаи аврупоӣ ва Амрико дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам амният дар ин кишвар таъмин нашудааст?

Пас аз эълони марги раҳбари толибон Мулло Умар сару садоҳое дар миёни дигар аъзои ин гурӯҳ ба вуҷуд омад ва муборизаҳои махфиёнаву ошкоро байни намояндагони толибон дар мавриди ба даст гирифтани зимоми фармондеҳӣ ба вуқӯъ пайваст. Ин мухолифатҳо ба он сабаб гардиданд, ки ҷунбиши толибон ба ду шоха тақсим шуд ва ин ба заиф гардидани ин ҷунбиш то андозае боис гардид. Вале намояндагони ин гурӯҳ ба хотири ба намоиш гузоштани қудрати аз дастрафтаи худ пайваста даст ба ҳамлаҳои террористӣ мезананд ва бо анҷом додани чунин амалиёт дар минтақаҳои гуногун нафарони зиёд аз аҳолии осоишта ва ғайринизомиёнро ба ҳалокат мерасонанд. Даст задани толибон ба ҳамлаҳои мусаллаҳона ба маконҳои мухталифи Афғонистон вазъро дар ин кишвар боз ҳам печидатар кард. Аз сӯи дигар, толибон бо истифода аз неруҳои худ ва пуштибонии моливу низомӣ аз бархе кишварҳо ва гурӯҳҳои алоҳидаи манфиатхоҳ тавонистанд, ки дар қаламрави Афғонистон ба пешравиҳои назаррасе ноил гарданд. Ин пешрафтҳои толибон як андоза давлатмардони Афғонистонро ба таҳлука андохт ва ин кишвар шеваи муборизаи худ ба муқобили толибонро тағйир дода, муқобили онҳо аз тамоми имконот ва иқтидори худ истифода кард. Хусусан, пас аз он, ки Қундуз муваққатан  ба ихтиёри толибон даромад, ҳатто бар рӯи тасмимоти Амрико ва Паймони НАТО дигаргуние ба вуҷуд овард. Амрико ва НАТО бахши аъзами неруҳои худро аз Афғонистон берун карданд, вале чун диданд, ки пас аз ин вазъ дар ин кишвар боз ҳам печидатар шуд, Вашингтон барои боқӣ гузоштани садҳо сарбоз ва афсари худ дар Кобул мувофиқат кард. Британияи Кабир тасмим гирифт, ки ба хотири пуштибонӣ аз ҳузури қисме аз афсарон ва мушовирони НАТО дар Афғонистон 450 хизматчии низомии худро дар ин кишвар дар давоми соли 2016 боқӣ гузорад. Ҳамчунин Раиси ҷумҳури Амрико Барак Обама низ тасмими худро дар бораи боқӣ мондани 9800 низомии худ дар Афғонистон эълом карда буд. Вай ҳамзамон таъкид дошт, ки ин неруҳо дар давоми соли 2016 дар ин кишвар боқӣ хоҳанд монд ва шумораи онҳо дар соли 2017 то 5500 нафар коҳиш дода мешавад. Бозиҳои қудратҳои ҷаҳонӣ дар Афғонистон ҳанӯз ин кишварро барои расидан ба сулҳу субот наздик накардаанд. Ин бозиҳо, ки Афғонистонро  майдони разм қарор додаанд, боиси ба ҳалокат расидани ҳазорон нафар ва овораву бехона шудани даҳҳо ва садҳо ҳазори дигар шудаанд. Қудратҳои ҷаҳонӣ бо пуштибонӣ ва ҳимоят аз гурӯҳҳои мусаллаҳ дар Афғонистон чӣ ба таври ошкор тавассути кишварҳои дигар ва чӣ дар шакли пинҳониву нимаошкор оташи таниш дар ин кишварро бештар мекунанд. Масъалаи сулҳ дар Афғонистон ҳанӯз ҳам як муаммои сарбаста ва гиреҳи нокушодаро мемонад, ки дар ҳалли он то кунун муваффақ нашудаанд. Аз сӯи дигар бархе аз кишварҳо барои боз ҳам печида шудани вазъ дар Афғонистон манфиатдор ҳастанд. Дар сурате, ки оромии комил дар ин кишвар ба вуҷуд ояд, роҳи дигар кишварҳои минтақа, бахусус ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ба дигар самт боз мешавад. Аммо ин навбат музокироти сулҳи Афғонистон рӯзи 11 – уми январи соли равон дар шаҳри Исломобод бо иштироки Амрико, Чин, Покистон ва Афғонистон баргузор шуд. Гуфта мешавад, ки ин музокирот ба манзури муайян кардани нақшаи роҳи сулҳ баргузор шудааст. Нишасти чоргона дар Исломобод дар қалби миллати азияткашидаи афғон шуълаи умеди расидан ба сулҳро фурӯзон кардааст. Дар нишасти чоргонаи Покистон ҷонибҳои ширкаткунанда тааҳҳуд карданд, ки барои кашондани толибон пушти мизи музокирот талош хоҳанд кард ва барои саркӯб кардани онҳое, ки ҳозир ба гуфтугӯ намешаванд, тамоми имконотро ба кор хоҳанд бурд. Ба ҳар ҳол, қадаме, ки дар Исломобод барои ҳалли мушкилоти Афғонистон ва таъмини суботу амният дар ин кишвар зимни баргузории нишасти чоргона бардошта шудааст, бисёр умедворкунанда аст. Ҷонибҳо изҳори бовар кардаанд, ки дар ду моҳи оянда мардуми Афғонистон тағйироти ҷиддие барои расидан ба сулҳро мушоҳида хоҳанд кард. Миллати азияткашидаи афғон ба ҳар тасмими ҳукумат дар заминаи ташкили нишасту ҳамоиш ва конфронсу мизҳои гирд бо ширкати тарафҳои муқобил ва намояндагони кишварҳои бонуфуз бо назари нек менигарад. Имрӯз сулҳ барои миллати афғон муҳимтарин орзуву омол ба шумор меравад. Ба ҳар ҳол мо умедвор ҳастем, ки сулҳ дар ин кишвари ҳамсояи мо барқарор хоҳад шуд ва миллати афғон, ки орзуи ягонаашон расидан ба сулҳу оромист, ба ин орзуи хеш хоҳанд расид. Бояд гуфт, ки нуфузи гурӯҳҳои террористиву ифротӣ дар ҳар минтақае на танҳо ба ҳукумат ҳамчун ба як ниҳод хатар дорад, балки ба тамоми қишрҳои ҷомеа ва арзишҳои он таҳдид мекунад. Яъне, дар ин масъала худи мардум бояд дар ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои қонунии худ бар зидди ин ифротиён вориди мубориза шаванд ва дар таъмини оромиву осудагии кишвар ва зодгоҳи худ саҳми бориз гузоранд.

Январь 22, 2016 18:10

Хабарҳои дигари ин бахш

САЛОМАТИИ МИЛЛАТ — БОИГАРИИ АСОСИИ ДАВЛАТ. Дар Тоҷикистон барои пешгирии бемориии гепатит чораҳои мақсаднок андешида мешаванд
ЧАРО БАСТАНИ ТАСМАИ БЕХАТАРӢ ШАРТ АСТ? Истифодаи он кафолати бехатарии ҳам ронанда ва ҳам мусофир аст
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ МЕТАЛЛУРГӢ. Барои таъмини рушди соҳа омода намудани кадрҳои баландихтисос зарур мебошад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Он марҳилаи нави рушди ҷомеа хоҳад гашт
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Пиёзро чӣ тавр барои зимистон захира намоем?
СИЁСАТИ НИҲОЛШИНОНИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Яке аз сабабҳои зиёд омадани селобҳои зиёд нестшавии дарахтон дар кӯҳҳову баландиҳои назди маҳалҳои зист мебошад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли моҳӣ ба кам гардидани вазни бадан мусоидат менамояд
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ МАСЪУЛИЯТ БАРОИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯИ КӮДАК». Мулоҳизаҳои доктор ва номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ дар хусуси навгониҳо ва афзалиятҳои ҳуқуқии ин қонун
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ба таҳкими волоияти қонун мусоидат мекунад
МОҲИПАРВАРӢ АЗ ҶИҲАТИ ДАРОМАДНОКӢ ДАР ҶОЙИ АВВАЛ МЕИСТАД. Бадахшон метавонад дар парвариши гулмоҳӣ пешсаф гардад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зиёди консерваи бодирингу помидор тавсия дода намешавад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» василаи муҳимми густариши худшиносии миллӣ ва болоравии маърифати ҳуқуқӣ аст