Ҳалқаи дарси шайх ё “шустушӯи мағзи ҷавон”

Февраль 25, 2016 17:24

Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ “Ховар”). — Пайдост, ки ҳар фарди ноогоҳ аз аҳаммияти манфиатҳои миллӣ, агар ба доми “шайх”, “мулло” ё “охунд”-е чаласавод биафтад, ба бозичае мубаддал мешавад, ки мавриди суиистифода қарор гирифта, ӯро барои иҷро кардани ҳар гуна нақши писандидаи хеш ба “бозӣ” медароранд.

Мутаассифона, на ҳама шаҳрвандон моҳияти ватандорӣ ва ҳимояти манофеи миллиро дарк мекунанд, бахусус, афроде ки мехоҳанд фарзандашон тарбияи дурусти диндорӣ бигиранд, то ахлоқи зишт дар ӯ напечад ва дар пиронсолӣ асои падар шавад. Аммо, фирефтаи таҳсили фарзанд дар хориҷи кишвар шуда, на танҳо ӯро аз даст медиҳанд, балки фарзандашон дарди сари кишвару ватан мегардад.

Аз ҷумлаи омилҳое, ки дар шароити феълӣ ба амнияту суботи кишвари азизамон хатар доранд, гароиш ба ҷараёнҳои динии тундрав мебошад, ки салафия дар саргаҳи онҳо қарор дорад. Маълуму возеҳ аст, ки салафия бархоста аз кишварҳои арабӣ аст ва маҳз дар ҳамон ҷо нуфузи зиёд дорад. Афроде, ки ба такмил додани донишу маърифати динии худ аҳаммият қоиланд, андешаи фаро гирифтани илми динро аз фақеҳони маъруфу шинохтаи кишварҳои мусулмонӣ дар сар мепарваранд. Ин андеша боис мегардад, ки онҳо ба ягон кишвари арабӣ рӯ биоранд, бавижа, давлатҳое, ки шароити таҳсили донишҳои исломӣ дар онҳо нисбат ба дигар кишварҳо бештар фароҳам буда, аз лиҳози амниятӣ оромтар ба шумор мераванд. Ҳол он, ки дар тамоми кишварҳои мусулмоннишин шахсиятҳои донишманди улуми динӣ ҳастанд ва мешавад шогирдон назди онҳо касби илм кунанд.

Табиист, ки ҳар “устод”-и манфиатпараст хостори бештар шудани шогирдонаш аст ва бо истифода аз услубҳои мухталиф ҳар “шогирд”-еро ба тарафи хеш моил мекунад. Бо мурури замон, нуқтаҳои заъфи ӯро пайдо карда, “ҳарфи дилаш”-ро мегӯяд. Дар тасаввури шогирди бечора он шахси манфиатпараст “беҳтарин устоду муаллим”-ро мебинад. Дар ниҳоят, бо дилбастагӣ ақоиди ӯро мепазирад ва талош мекунад, ки мисли “устоди меҳрубон”-аш бошад.

Дар доми чунин “бузургворон” онҳое меафтанд, ки заминаи саводу донишашон нисбатан суст буда, аз ватандориву масъулияти шаҳрвандӣ бӯйе набурдаанд. Чунин афрод фирефтаи ширинсухании охунду муллоҳои хушсадо мешаванд ва пас аз ҷалб шудан, сараввал аз падару модари хеш рӯ мегардонанд, ба ватан хиёнат мекунанд, дунболи сафсатаи шайху охундҳои дар назар парҳезгору дар асл фитнаангез шуда, рӯзе кушта ё маҳкум ба ҳабсу зиндон мешаванд.

Дар Миср, бахусус дар шаҳри Қоҳира, ки аз бузургтарин марказҳои таҳсилоти исломӣ ба шумор меравад, дар баробари муассисаҳои таълимии “Ал-Азҳар”, ки шомили дарсҳои динӣ дар баробари фанҳои дигар мебошанд, ҳалқаҳои дарсӣ дар масҷидҳои алоҳида вуҷуд дошт, ки дар онҳо донишмандони шинохта ва аз ҷониби давлат эътирофшуда дарс мегузаштанд. Давлат барои онҳо ин имтиёзро ба шарте медод, ки ба умури давлатдорӣ дахолат накунанд. Дар сурати кучактарин дахолат ба сиёсати давлат аз минбар ронда ва сарнавишти ояндаи онҳо норӯшан мешуд. Аммо, вуҷуди шайхҳое, чун “Муҳаммад Иброҳим”, ки ба сиёсати давлатҳои дигар, масалан Тоҷикистон мечаспидааст, бешубҳа бесаводии шайхро нишон медиҳад, ки дарсро мондаву дар бораи кишваре ҳарф бизанад, он ҳам дарсӣ бошад.

Ҳангоми вохӯрӣ бо толибилмони минтақаи Ҳамомот-ул-Қуббаи Миср яке аз онҳо нақл кард, ки дар ин ҷо шайхе бо номи Муҳаммад Иброҳим ба донишҷӯёни хориҷӣ, минҷумла тоҷикон дарс мегӯяд. Ин шайх, ки худро донишманди доно муаррифӣ кардааст, аслан ба толибилмон ақидаҳои ифротӣ меомӯзад. Ӯ нақл кард, ки як муддат назди вай дарс хонда, дарк намудааст, ки ин шайх дар дарсҳои худ мавзӯотеро ба баҳс мекашад, ки аслан на муҳтавои динӣ доранду на ақлонӣ. Масалан, ба сиёсати давлатҳои ғайр дахолат намуда, роҳбарияту мақомоти онро ба танқид мекашад. Дар бораи Тоҷикистон агарчанде маълумоти кофӣ надорад, аммо нисбат ба сиёсатҳои давлати мо бад мегӯяд ва ин амали шайх Муҳаммад Иброҳим, албатта, дар зеҳни ҷавононе, ки аз асли мафҳумҳои муқаддаси миллат, давлат, ватан ва субот огоҳии комил надоранд, таъсири хеле манфӣ мерасонад. Ман инро пай бурда, ба ҳамдарсонам гуфтам, ки бояд дигар ба дарсҳои шайх Муҳаммад иброҳим нараванд ва афкори худро бо андешаҳои нопок олуда накунанд.

Ҳамин тавр, ҷавонони ноогоҳ ба дасти “шайх”-ҳое меафтанд, ки ҳатто дарсҳои мусулмониро барои ғаразҳои нопокашон истифода мебаранд. Агар чунин набошад, пас кӣ ва чӣ шайх Муҳаммад Иброҳимро водор кардааст, ки нисбат ба Тоҷикистон ва давлати ҷавони мо бадгӯӣ кунад.

Ба ҳамин хотир, ман ҳамчун як ҳамватан ба тамоми онҳое ки барои таҳсил меоянд, машварат медиҳам, ки ба дунболи ҳар шайху охунди ношинохта нараванд ва зеҳнҳои тозаи худро бо афкори тахрибкорӣ оганда накунанд, зеро оқибати ба гурӯҳу фирқаҳои гуногун ҷудо шудани мусулмонҳоро дар кишварҳои арабӣ, ба монанди Сурия, Яман, Ироқ ва Лубнон мебинем, ки ба чӣ оварда расондааст.

Ба иловаи ин, дӯстона машварат медиҳам, ки дар шароити ноороми ҷаҳони имрӯз, агар таҳсили улуми динии худро дар худи Тоҷикистон дар муассисаҳои давлатӣ, ба монанди Донишкадаи исломии ба номи Имоми Аъзам идома диҳанд, ба маротиб беҳтар хоҳад буд. Чунки, доираҳои манфиатдор дар кишварҳои бегона бо ҳар гуна роҳу равиши маҳрамона барои шустушӯи мағзии ҷавонон аз тамоми гӯшаҳои олам кор мебаранд, то аз онҳо барои пиёда кардани аҳдофашон дар замону макони муайян истифода намоянд.

Хулоса, назари инҷониб дар масъалаи “салафӣ” ё пайрави дигар ҷараёнҳо шудани ҷавонони тоҷик чӣ дар Миср, чӣ дар дигар кишварҳо ин ҷаҳлу бесаводӣ ва надоштани заминаи саводи динӣ мебошад. Бахусус касе, ки аз фарҳанги мазҳаби ҳанафӣ огоҳ бошад, ҳаргиз фирефтаи дигар мазҳабҳо намешавад. Албатта, пойбанди мазҳабҳои ғайр шудан барои пулу пайса аз ҷониби афроди беҳувият ҷо дошта метавонад, зеро афроди беҳувияту беномус барои пулу пайса на танҳо аз дину мазҳаб, балки аз модару ватан ҳам рӯ мегардонанд.

 

Муҳаммадризои ҳанафӣ

Аъзои Созмони донишҷӯёни тоҷик дар Ҷумҳурии Мисри Араб

 

 

Февраль 25, 2016 17:24

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои бо ангишт гарм кардани хонаҳо аз бухории махсус бояд истифода намуд
ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Парчами давлатӣ рамзи қудрату тавонмандӣ ва сарҷамъии миллат аст
ЗЕРИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ МУТТАҲИД ГАШТАЕМ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
РАМЗИ МУҚАДДАСИ МИЛЛӢ. Ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ИМРӮЗ-РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ ТЕЛЕВИЗИОН. Дар Тоҷикистон шабакаи алоҳидаи телевизионӣ барои таълими забонҳои хориҷӣ таъсис меёбад
ТАВСИЯИ МУТАХАССИС. Масъулин бояд тухмиҳои хубтарину омехтаи ояндадорро мувофиқи нишондоду талаботи истеҳсолот парвариш кунанд
КОНФРОНСҲОИ ИҚЛИМИИ СММ. Тоҷикистон дар татбиқи ҳадафҳои ин конфронсҳо пешсаф аст
АЗ ПЕШВОИ КАҲРАМОН ВАТАНДӮСТӢ БИОМӮЗЕМ! Эҳдо ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ЭҲЁГАРИ ИНШООТИ БУЗУРГИ АСР. 16 ноябри соли 2018 агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба истифода дода шуд