НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад

Март 8, 2026 10:20

ДУШАНБЕ, 08.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зани тоҷик дар баробари модару ҳамсари хуб будан инчунин роҳбар, муҳандис, ронанда ва корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Занон  ҳатто дар соҳаи душвор- обуҳавошиносӣ низ фаъолияти босамар дошта, дар пешрафти Тоҷикистон саҳм  мегузоранд. Соҳаи обуҳавошиносӣ дар тамоми мамлакатҳо яке аз соҳаҳои муҳим дониста мешавад, зеро  банақшагирии соҳаҳои саноат, кишоварзӣ, энергетика ва обёрӣ дар шароити тағйирёбии иқлим ба пешбурди мушоҳидаҳо ва пешгӯии обуҳавошиносӣ вобаста аст. Хабарнигори АМИТ «Ховар»  бахшида ба Рӯзи Модар бо Нисо Гулбекова- зани қавииродае, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷии Булункӯли ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда дорад, ҳамсуҳбат гардид.

Нисо Гулбекова зодаи деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мебошад. Баъди хатми мактаби миёна ҳуҷҷатҳояшро ба Муассисаи давлатии таълимии «Литсейи касбии алоқаи шаҳри Душанбе» супорида, онро соли 2017 хатм намуд. Бо амри тақдир дар зодгоҳаш оила ташкил карда, дар айни замон соҳиби чор фарзанд  мебошад.

Муайянкунии ҳарорати ҳаво ва вазиши шамол тавассути дастгоҳҳо

Нисо Гулбекова  иброз намуд, ки “12 сол мешавад роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷии Булункӯли ноҳияи Мурғоби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ба уҳда дорам. Дар ин истгоҳ бо ман панҷ  нафар кор мекунад. Мо ҳамарӯза ҳарорати ҳаво ва вазиши шамолро тавассути дастгоҳҳо муайян намуда, ба Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоем”.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, кор дар ин истгоҳ мушкил нест, зеро ҳамасола аз ҷониби Ҳукумати мамлакат дастгоҳҳои муосире, ки кори обуҳавошиносиро осон мекунанд, дастрас мегарданд.

«Ман аз касби интихобнамудаам ифтихор мекунам, чунки тавассути он ба мардум хизмат мерасонам. Яъне, одамонро ҳамарӯза аз вазъу ҳарорати ҳаво ва ҳодисаҳои табиӣ огоҳ месозам», — афзуд Нисо  Гулбекова.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки дар рӯзҳои номусоид будани ҳаво дар ин минтақа мавҷи интернет  ё алоқаи мобилӣ дар кори онҳо мушкилӣ эҷод мекунад. Норасоии барқ сол то сол аз байн меравад.

Сабзавоткорӣ- шуғли хонаводагӣ

Нисо  Гулбекова мегӯяд, ки дар айни замон заминҳои деҳаи Булункӯли ноҳияи Мурғобро пурра барф пӯшонидааст. Дар ин минтақа баҳор аз охири моҳи май оғоз мегардад. Ба фарорасии мавсими гармӣ Нисо бо аҳли оила ба сабзавоткорӣ машғул мегарданд. Тавассути он оилаи худро бо сабзавоти тару тоза таъмин менамоянд. Солҳои пеш дар ин заминҳо картошка кишт карда намешуд. Бо тавсияи олимони соҳаи кишоварзӣ,  ҳоло онҳо дар заминҳои кишоварзӣ картошка низ кишт менамоянд.

«Агар гӯям, ки маҳсулоти ин минтақа аз дигар минтақаҳои мамлакат лазизтар аст, шояд бовар накунед. Ҳарчанд ин минтақаи сардтарини Тоҷикистон аст, аммо бо вуҷуди рӯзҳои ками офтобӣ ва сардиҳои бештар  маҳсулоти мо таъми дигар доранд. Махсусан моҳӣ, ки дар ин минтақа парвариш мешавад. Шояд аз ҷиҳати обҳои ширину мусаффояш бошад. Ҳар сайёҳе, ки меояд, чунин мегӯяд: «Аҷаб болаззат аст ин моҳӣ»,- афзуд ҳамсуҳбати мо.

Зимистони тӯлонӣ ва сарди Булункӯл

Деҳаи Булункӯл сардтарин ҷойи аҳолинишин аст. Ҳарорати сардтарини сабтшудаи он 63 дараҷа хунукӣ мебошад. Деҳа дар баландии 3750 метр аз сатҳи баҳр воқеъ аст. Деҳаи Булункӯл дар масофаи тақрибан 200 километр аз самти шарқи Хоруғ, 16 километр аз ноҳияи Мурғоб ва 1,5 километр аз кӯли Яшилкӯл ҷойгир аст.

Нисо  Гулбекова мегӯяд, ки назар ба дигар минтақаҳои мамлакат фасли зимистон дар ин ҷо тӯлонӣ ва хеле сард мебошад. Солҳое буданд, ки  ҳарорати ҳаво то 60 дараҷа хунук мешуд, аммо сокинони деҳот ба ин одат кардаанд.

Булункӯл — номи кӯл буда,  дар ҳудуди ноҳияи Мурғоб воқеъ мебошад. Кӯл ба ҳудуди табиии ҳифзшавандаи Тоҷикистон дохил мешавад. Он соли 2013 ба Феҳристи мероси ҷаҳонии Идораи омӯзишӣ, илмӣ ва фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид низ дохил шудааст.

Кӯли Булункӯл дар чуқурии 2 метр ҷойгир буда, дарозиаш 1,5—2 километр ва бараш 200—500 метр мебошад. Дар нимаи тирамоҳ кӯл бо қабати 1,20 метр ях баста, охири моҳи май ба обшавӣ шуруъ мекунад.

Булункӯл- макони дӯстдоштаи сайёҳон

Деҳаи Булункӯл ҳам бо макони ҷойгиршавӣ, ҳам бо иқлими ба худ хос ва ҳам бо боигариҳои табиию ҷойҳои таърихияш бемисл аст. Ин макони афсонавӣ мебошад.

Нисо Гулбекова  иброз намуд, ки ҳар сол дар ҳама фасли сол сайёҳон ба тамошои ин минтақа меоянд. Давоми чанд соли охир ба ин макон ҳазорҳо сайёҳон ворид гашта, аз табиати пурафсун, даштҳои доманфарох ва пурмуъҷизааш ҳаловат бурда, бо таассуроти нек ба ватанашон бармегарданд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 8, 2026 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар вилояти Суғд нақшаи ҷамъоварии пахта беш аз 140 ҳазор тонна пешбинӣ шудааст
Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд