ДИИШ, ДОИШ, ДАИС ё ДАҲИШ: Кадом беҳтар?

Февраль 18, 2016 15:51

Душанбе, 18.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- Тӯли беш аз ду сол мешавад, ки дар ВАО-и дохиливу хориҷӣ номи гурӯҳи ифротии ДИИШ давр мезанад. Ва ҳар давлате ва ё коршиносе ба навъи худ истифодаи ин ибораро шарҳ медиҳад. Дар ин маврид чанд сатре дар хусуси ин ибора манзури хонандагон менамоем, то як андоза мафҳуми онро шарҳ дода бошем.
Калимаи ДОИШ мухтасар аз (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом) мебошад. Атрофи номи ин гурӯҳ фарзияҳо хеле зиёданд. Аввалан ба хотири ихтисоран ифода намудани ин гурӯҳи террористӣ онро ДИИШ (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом) номиданд, вале баъдан саркардагони он барои чунин ном гирифтани ин гурӯҳ ҷазо таъйин карданд.
Асосгузори истилоҳи «ДОИШ» Холид Ҳоҷӣ Солеҳ дар аввалин изҳороти матбуотиаш ба расонаи хабарии «Халиҷ Онлайн» мегӯяд, ки номи ДОИШ далолат бар раду таҳқири гурӯҳе менамояд, ки руъёҳои фиқҳии худро ба мардум аз роҳи зӯроварӣ таҳмил менамояд. Ӯ мегӯяд, бо он ки Бағдодӣ гурӯҳашро дар Риққа давлат эълон кард, дар ин ном ҳеҷ навъи ҳақиқатро надидам, на ҳуқуқи мардум, на амнияти онҳо ва на мол. Илова бар ин, ба худ гуфтам, ки як шахси маҷҳул худро халифаи мусалмонон эълон менамояд ва ман бошам яке аз шаҳрвандони давлати ин шахси беҳувият мебошам. Ҳоҷӣ Солеҳ мегӯяд, бинобар қабул надоштанам чунин халифаи шахсияташ номаълумро аз паси ҷустуҷӯи номе барои ин созмони террористӣ гардидам, ки баъдан мардум онро сари забонҳо карданд.
Ӯ мегӯяд номашро давлати Ироқ ва Шом бидуни алиф ниҳодам, ки ДАЪШО гардид, ки ин ном ҳудуди ду ҳафта дар миёни мардум давр мезад. Пас аз як моҳ вақте, ки ин гурӯҳи террористӣ номашро ба Давлати Исломӣ дар Ироқу Шом тағйир дод, мухолифони ӯ ин номро қабул карданд ва баъдан дар расонаҳо паҳн гардид.

Яке аз масъулони амниятии Испониё Франческо Мортиниз дар доираи як конфронси вобаста ба терроризм аз ВАО ва коршиносон дар Мадрид дархост кард, ки ба ҷои ибораи (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом) номи ДАИШ-ро истифода баранд, зеро ин калима ифодаи хору залил барои душман мебошад ва ҳамрадифи калимаҳои ДАИС, яъне кӯбанда ва фишороваранда мебошад.
Ӯ илова намудааст, ки ин ибора (Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом) рамзӣ аст, то ки худро як созмони бонуфуз ҷилва диҳад. Ва ҳол он ки ислом ба чунин амалҳои террористӣ ҳеҷ рабтею ниёзе надорад.
Сардори Хадамоти федералии назорат дар соҳаи алоқа, технологияи иттилоотӣ ва ВАО (Роскомнадзор)-и Русия Александр Жаров низ рӯзи гузашта аз ВАО-и кишвараш хостааст, ки аз истифодаи ибораи Давлати Исломӣ даст кашанд ва ба ҷои он калимаи ДАИШ-ро истифода баранд. Ихтисори ибораи ДОИШ, ки бештар роиҷ буд маънои «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом»-ро ифода менамуд . Ва баъд аз он, ки аз ин созмон ҷудо гардид, номи гурӯҳи худро «Давлати Исломӣ» унвон кард.
Ба ҳар ҳол истифодаи калимаи ДОИШ дар ВАО ҳамчун «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Шом» мебошад, вале агар онро ДОИС ё ҳангоми талаффуз ДАИС (бо истифодаи ҳарфи айн) талаффуз намоем, боз ҳам маънои «Давлати Исломӣ дар Ироқ ва Сурия», ки ҳамон Шоми қадима мебошад, ифода мешавад. Вале агар онро бо дар назар гирифтани ДОИС ё ДАИС (бо ҳарфи ҳамза) истифода намоем, ин маънояш дигар аст, на мухтасари ибораи «Давлати исломӣ дар Ироқ ва Сурия», балки исми фоил, кубанда, зери по гузоранда ва хорсозанда, ки дар қоидаи забоншиносии тоҷикӣ ҳамчун «сифати феълӣ, тарзи фоилӣ» маъруф аст, ифода мешавад. Аммо агар онро ДОҲИШ ё ДАҲИШ талаффуз кунем, дигар айни муддао хоҳад буд, ки решаи он аз калимаи даҳшат гирифта шудааст. Ва маънои ДАҲИШ даҳшатафкан мебошад, ки бо рафтору кирдори ин гурӯҳи ифротӣ мувофиқ ва айни муддао мебошад.
Ҳоло дар байни мардум чунин пешниҳод ҳаст, ки минбаъд дар забони арабӣ калимаи даъш ворид гардад, то ки онро минбаъд ба маънои даҳшат истифода баранд, масалан даъашал қавму қавман, яъне мардуме мардуми дигарро бо зӯроварӣ ва қатл диёрашонро аз даст гирифтанд.

Февраль 18, 2016 15:51

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ АРЗИШҲОИ ТАМАДДУН ТО СУННАТҲОИ БАШАРДӮСТОНА. Назаре ба масъалаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли хӯроки вазнин боиси авҷи бемории гастрит мегардад
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
САЙЁҲИИ МОҲИДОРӢ. Тоҷикистон бо захираҳои обӣ барои рушди сайёҳии моҳидорӣ имконияти зиёд дорад
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲАДЯИ КИТОБ. Фаъолияти хуби китобхонаҳо воситаи муҳими китобхон шудани ҷомеа мегардад
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
35 соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон дар масири худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ
Сангин Гулзод: «Фарҳанг сипари давлатдорӣ ва бунёди руҳи миллӣ аст»
ИМРӮЗ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАНОН ВА ДУХТАРОН ДАР ИЛМ. Занони Тоҷикистон дар ташаккули мактабҳои илмии миллӣ нақши муҳим гузоштаанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Яхобмонӣ барои боғҳои дарахтони мевадиҳанда муҳим аст
Фаъолияти инноватсионӣ-методии китобхонаҳоро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна муқаррар намудааст?
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд