М.Аҷамӣ: Маҳз бо шарофати сулҳ мо имрӯз Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирем

Февраль 26, 2016 14:38

Душанбе, 26.02.2016 (АМИТ «Ховар»). — Мардуми тоҷик дар баробари ифтихор кардан аз ҷаҳонишавии Наврӯз бояд барои дар сатҳи баланд таҷлил ва эҳё намудани суннатҳои ахлоқиву маънавӣ ва фарҳангиву миллии ин ҷашни бошукӯҳ иқдомҳои бештар нишон диҳанд. Маҳз бо ташаббуси созандаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имсол дар кишвари азизамон Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, баргузор мегардад.
Муҳаммадалӣ Аҷамӣ, мудири шуъбаи назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон иброз дошт, ки пас аз ба даст овардани истиқлолият мардуми тоҷик ин ҷашни аҷдодиро ҳамасола бо руҳияи тоза истиқбол мегирад. Аммо имсол ин ҷашн аз пештара бошукӯҳтар таҷлил хоҳад гашт, зеро ба Наврӯзи имсола меҳмонони зиёд аз хориҷи кишвар даъват шудаанду ба ин васила меҳмонон бо Наврӯзи тоҷикон бештар ошно мегарданд.
«Миллати тоҷик дар истиқболи Наврӯз таҷрибаи бой дорад, зеро онро ҳазорсолаҳост, ки ҷашн мегиранд. Дар ин муддат бисёр чизҳо фаромӯш шудаанд, вале калимаи Наврӯз ҳаргиз аз хотираи мардум сутуда нашуд. Бояд гуфт, ки ҳатто дар фарҳанги мардумони дигар кишварҳо, ки забонашон тоҷикӣ-форсӣ нест, ин калима ба ҳамин шакл ифода мешавад.
Дар таърихи 18-уми феврали соли 2010 дар ҷаласаи 64-уми Ассамблеяи генералии СММ, таҳти фасли 49, ки унвони «Фарҳанги ҷаҳон»-ро дорад, қарорномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз» ба тасвиб расид. Он бо пешниҳоди кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Туркманистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қарорнома гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21-уми март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил гардад.
«Дар ин дидорбиниҳо, нишастҳову шабнишиниҳо мо бояд беҳтарин ҷилваҳову анъанаҳои наврӯзиро ба меҳмонон намоиш диҳем. Онҳо бояд меҳру муҳаббатеро, ки мардуми тоҷик дорад, эҳсос намоянд, зеро омадани Наврӯз мардуми тоҷикро хушҳолу фарҳманд мекунад», — иброз дошт Муҳаммадалӣ Аҷамӣ.
Ҷашни Наврӯзро дар адабиёти тоҷик қариб ҳамаи шоирон васф кардаанд. Метавон гуфт, ки дар Тоҷикистон қариб шоире нест, ки дар мавриди ин ҷашни зебои ниёгон шеър нагуфта бошад. Яке аз мақсадҳои ҳамоиши Наврӯзии имсола низ шиносонидани ашъори шоиру нависандагони тоҷик ба аҳли фарҳанги хориҷи кишвар аст.
Ба гуфтаи Муҳаммадалӣ Аҷамӣ як неъмате, ки онро чанд сол қабл Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мардуми мо ҳадя кард, сулҳ мебошад. Ин сулҳ танҳо як калима нест, балки гавҳар аст. Агар даққиқтару амиқтар андеша кунем, аз ин гавҳар тамоми зиндагии мардуми мо вобастагӣ дорад. Маҳз бо шарофати ин сулҳ имрӯз мо Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомат ҷашн мегирем.
«Орзу мекунам, ки дар Тоҷикистон доим сулҳу оромӣ бошад ва миллати мо боз ба дастовардҳои нав ба нав ноил гардад»,- таманниёташро баён дошт мусоҳиб.
Ҳамин тариқ, Наврӯз яке аз маҳбубтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик ва дигар мардумон ба шумор меравад. Мавриди зикр аст, ки 19 марти соли равон дар Душанбе Симпозиуми илмии байналмилалӣ оид ба Наврӯз ва 20 март дар «Кохи Борбад»-и Душанбе Ҳамоиши байналмилалии адибони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз баргузор мегардад, ки ба ин чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ адибон, олимону муҳаққиқони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз даъват гардидаанд.

 

Лайло Тоҳирӣ

Февраль 26, 2016 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба дастовардҳо ва дурнамои рушди биологияи таҷрибавӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Душанбе дар доираи Конвенсия оид ба манъи истифодаи силоҳи биологӣ ва токсинӣ конфронси байналмилалӣ оғоз ёфт
Тоҷикистон ва вилояти Свердловск дар самти истифодаи технологияҳои нави сохтмонӣ ҳамкорӣ мекунанд
ЗИМИСТОНГУЗАРОНӢ. Дар «Тоҷикаэронавигатсия» барои таъмини бехатарии парвозҳо дар ин давра конфронси техникӣ доир шуд
Сигэру Исиба сарвазири Япония интихоб гардид
Маркази обуҳавошиносии шаҳри Хоруғ соҳиби бинои нави замонавӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
«ПИРӮЗӢ АЗ ИТТИФОҚ ХЕЗАД…». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар бахшида ба Рӯзи Мавлоно ҳамоиш баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонӣ оид ба нақлиёти устувор дар Пекин иштирок намуд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
Дар истгоҳи мошинҳои Хуҷанд толори фирмавии алоқа кушода шуд