Маъмурияти дипломатии сафири АМА дар Тоҷикистон анҷом ёфт
Душанбе, 5.02.2016 (АМИТ «Ховар»).- 4 феврали 2016 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Сафири Фавқулодда ва Мухтори Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб Суҳайл ал-Катбиро ба муносибати анҷом ёфтани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат перомуни ҳолати муносибатҳои дуҷониба ва дурнамои тавсеаи ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, сармоягузорӣ ва фарҳангию башарӣ табодули афкор сурат гирифт.
Татбиқи бомуваффақияти як зумра лоиҳаҳои муштарак, ки дар таҳкими муносибатҳои дӯстӣ ва шарикӣ миёни ду кишвар саҳми муайян гузоштанд, таъкид шуд.
С. Аслов ба сафир Ал-Катби барои маъмурияти пурсамари дипломатияш ба нафъи рушду тақвияти ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори сипос намуд.








Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд
Ҳамкории мутақобили судманд байни Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид






