Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 25.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи роҳбарии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як зумра ноҳияҳои вилояти Хатлону Суғд ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино тағйироти кадрӣ ворид намуд. Инчунин вобаста ба таъсиси Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
Ҳамин тариқ мутобиқи моддаи 69 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймонзода Акрам Раҳим аз вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлон озод ва иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд таъин карда шуд.
Баҳодурзода Абдуҷаббор Саттор — иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таъин гардид. Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хоҷазода Ориф Ашурӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Спитамени вилояти Суғд озод гардида, дар мувофиқа бо Президенти мамлакат муовини раиси вилояти Суғд таъин гардид.
Дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Убайдулло Абдулло бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино озод карда шуда, ба ҷойи ӯ Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ ректор таъин гардид.
Дар асоси қарори дигари Ҳукумати кишвар бо мақсади беҳтар намудани таъмини муассисаҳои тиббии шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбии тиббӣ Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфта, Қурбон Убайдулло Абдулло ректори он таъин карда шуд.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






