Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии СААД иштирок намуданд

Ноябрь 11, 2026 20:30

ДУШАНБЕ, 11.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 11 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Москва дар ҷаласаи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

“Умедворем, ки Эъломияи Шурои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, ки имрӯз қабул мегардад, ба истифодаи пурраи имкониятҳои Созмон мусоидат хоҳад кард”, — изҳор доштанд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Сарвари давлати мо қабули Изҳороти Шурои амнияти дастҷамъӣ оид ба тақвияти ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии талошҳо барои мубориза бо терроризмро дастгирӣ намуданд.

Аҳамияти баланди рушди ҳамкории байнипарлумонӣ дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ таъкид гардид.

Рушди ҳамкории низомию техникӣ ва низомию иқтисодӣ зарур дониста шуд.

Президенти кишвари мо изҳор доштанд, ки дар давоми раёсатамон дар Созмон, мо ният дорем, ки талошҳои худро ба тақвияти минбаъдаи амнияти минтақавӣ бар асоси шиори раёсат — “Амнияти дастҷамъӣ: таҳкими марзҳо, суботи минтақавӣ, масъулияти муштарак” равона созем.

Сарвари давлати мо афзалиятҳои асосии раёсати Тоҷикистон дар СААД-ро номбар намуда, таъкид доштанд, ки ба татбиқи амалии қарорҳои қабулшуда, тақвияти ҳамкорӣ миёни ниҳодҳои дахлдор ва баланд бардоштани омодагии Созмон барои вокуниши фаврӣ ба таҳдидҳои пайдошаванда таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.

«Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки тақвияти СААД бояд бар асоси эътимоди мутақобила, ба назар гирифтани манфиатҳои кишварҳои аъзо ва иҷрои пайвастаи ӯҳдадориҳои қабулшуда сурат бигирад», — изҳор доштанд Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Изҳори бовар карда шуд, ки тавассути талошҳои муштарак самаранокии Созмонро метавон афзоиш дод ва нақши онро дар таъмини сулҳу субот дар минтақа тақвият дод.

Сарвари давлати мо, ҳамчунин инчунин изҳор доштанд, ки дар давраи раёсати худ мо ба баргузории чорабиниҳо бахшида ба 25-солагии таъсиси Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 35-умин солгарди имзои Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ аҳамияти хос хоҳем дод.

Дар фароварди сухан муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамкории созанда бо ҳамаи кишварҳои аъзо омода аст ва хоҳони ҳамдастӣ ва дастгирии амалӣ дар татбиқи афзалиятҳои пешниҳодшуда мебошад.

Ёдовар мешавем, ки раёсат дар СААД дар соли 2027 аз Русия ба Тоҷикистон мегузарад.

 

Ноябрь 11, 2026 20:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Москваи Федератсияи Русия шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба ифтихори Рӯзи милитсияи тоҷик иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон 7 иншооти Вазорати корҳои дохилиро дар шаҳру ноҳияҳои гуногун ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои Муассисаи давлатии таълимии Литсейи «Дурахшандагон»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикеларо ба ҳузур пазируфтанд
Анҷоми сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон дар ифтитоҳи бинои нави сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Остонаи иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд