Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа, ВКД, КДАМ ва Қӯшунҳои сарҳадӣ
Душанбе, 16.02.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ кадрҳои ба вазифаҳои нав пешниҳодшуда дар вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадиро барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.
Бо Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Воҳидов Фарҳод Камолович-муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Файзуллоев Изатулло Ҳабибуллоевич-муовини аввали сардори Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадӣ-сардори Сарситоди Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Шомуддин Ҳасанович-сардори раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Хатлон ва Худойбердиев Муродалӣ Раҷабалиевич-сардори раёсати тайёрии ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардиданд.
Ҳамчунин намояндаҳои вазорати мудофиа ва вазорати корҳои дохилӣ дар созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва вобастаҳои низомӣ дар як қатор кишварҳои ҷаҳон таъин гардиданд.
Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншуда, онҳоро ба кору хизмати софдилонаю содиқона ҳидоят намуда, ҳифзи шоиста аз манфиатҳои давлату миллат, садоқат ба халқу Ватан, иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи касбиву забондонӣ ва тарбияи кадрҳои ҷавонро дар мадди аввал гузошт.
















Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ Тсзоу Ҷиайиро ба ҳузур пазируфтанд
Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мулоқоту чорабиниҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои наздик
Эмомалӣ Раҳмон ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо – 2025
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон рамзи «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони сохтору мақомоти низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқ машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






