Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар Чин ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт
Душанбе, 30.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз муштзани маъруфи тоҷик Ҷаҳон Қурбонов дар мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар минтақаи Осиё ва Уқёнус, ки дар Чин ҷараён дорад, ба даври нимниҳоӣ роҳ ёфт. Ӯ дар рақобатҳо дар вазни то 91 кило дар даври чаҳорякниҳоӣ варзишгари қирғизистонӣ Сергей Паренкоро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Ёдовар мешавем, ки рақиби Ҷаҳон Қурбонов дар даври нимниҳоӣ, ки рӯзи 31 март баргузор мешавад, аз Чин мебошад. Дар мавриди пирӯзӣ Ҷаҳон ба финал мебарояд ва соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Рио-де-Жанейро мегардад. Вале агар муштзани тоҷик дар даври нимниҳоӣ шикаст хӯрад, он гоҳ барои ҷойи севум ва дарёфти роҳхати олимпӣ боз як қувваозмоӣ анҷом медиҳад.
Дар ин бора ба хабарнигорон Бобоҷон Маҳмадрасулов, дабири кулли Федератсияи бокси Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ки муштзанҳои дигари тоҷик — Мавзуна Чориева, Шоира Зулқайнарова, Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов дар даври чаҳорякниҳоии мусобиқаи литсензионӣ дар Чин шикаст хӯрдаанд. Варзишгарони дигари тоҷик Мавзуна Чориева, барандаи медали биринҷии Олимпиадаи Лондон, дар вазни то 60 кило аз мушзани Австралия Шелей Марие ва Шоира Зулқайнарова дар вазни то 75 кило аз варзишгари Чин Ли Киан мағлуб гаштанд. Қаблан Шоира рақиби пурзӯраш Пуҷа Ранӣ аз Ҳиндустон ва Мавзуна Чориева рақибаш Диана Надим аз Афғонистонро шикаст дода, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфта буданд. Наврӯз Ҷафоев ва Анвар Юнусов низ дар ин мусобиқа ба нокомӣ рӯбарӯ шуданд. Наврӯз Ҷафоев, ки дар вазни то 81 кило қаблан бар рақибаш аз Австралия ғолиб омада буд, дар чаҳорякфинал бо Элшод Расулов аз Узбекистон рақобат кард, аммо қувваозмоиро бохт.
Мусобиқаи литсензионӣ оид ба бокс дар шаҳри Киани Чин, ки 25 март оғоз ёфта буд, то 2 апрел идома хоҳад кард. Дар ин мусобиқаи байналмилалӣ 46 зан ва 180 мард аз 35 кишвар барои роҳхатҳои олимпӣ мубориза мебаранд. Дар сабқати мардон 30 квота ва дар сабқати занон 6 квота ихтисос дода шудааст. Муштзанҳое, ки дар ин мусобиқа ҷойҳои аз 1-ум то 3-юмро мегиранд, соҳибони роҳхатҳои олимпӣ мешаванд.
Ба ин тартиб, аз байни муштзанҳои тоҷик танҳо Ҷаҳон Қурбонов муборизаро барои роҳхати олимпӣ идома медиҳад.
Рӯзи 31 март даври нимниҳоӣ барпо мегардад. Рӯзи 1 апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -49, -52, -56, -69, -75, -81 кг ва рӯзи 2 — апрел қувваозмоиҳои ниҳоӣ байни мардон дар вазнҳои -60, -64, -91, +91 кг ва миёни занон дар вазнҳои -51, -60, -75 кг сурат мегиранд.








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






