Алишер Назаров ва Умар Расулов шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллии шаҳри Ҳисорро соҳиб шуданд

Ноябрь 23, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 23.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парчами миллӣ 22 ноябр дар Ҷамоати Ориёни шаҳри Ҳисор бо иштироки паҳлавонони шинохтаи Тоҷикистон ва Узбекистон Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар сатҳи баланд баргузор гардид.

Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз 8 ҳазор мухлис ва ҳаводорон доир гардид. Дар мусобиқа паҳлавонони тоҷик Парвиз Абдураҳмон, Ғазалшои Давлатшо, Суҳроб Муҳаммадев, Умар Расулов, Алишер Назаров, Кароматулло Ҳакимов, Ҳайдари Саидкабирзода, Мирзоҷамил Рамазонов, Муҳаммадраҳим Сарахонов, Муҳаммадисо Раҷабов, Абдулло Лоиқов, инчунин Сафиаллову Холмуҳаммад ва дигар варзишгарон нисбат ба ҳарифонашон ҳунар ва маҳорати арзанда нишон дода, ҷоизаҳои олиро сазовор гардиданд.

Аз ҷониби ташкилкунандагони мусобиқа барои паҳлавонони ғолиби майдони шаҳри Ҳисор панҷ Шоҳҷоиза – мошин, маблағҳои калони пулӣ, шутур, гову асп ва бузу гӯсфанд гузошта шуданд.

Алишер Назаров, паҳлавони ҷавони шаҳри Ҳисор пас аз ғолиб омадан бар чаҳор ҳарифаш барои Шоҳҷоиза мубориза бурд.

Ӯ бо Азамат аз Ҷумҳурии Узбекистон рақобат карда, бар паҳлавони узбек ғолиб омад ва Шоҳҷоиза-мошинро соҳиб шуд.

Ҳамчунин як Шоҳҷоизаи дигар байни ду паҳлавони тоҷик- Мирзоҷамил Рамазонов аз шаҳри Душанбе ва Ҳайдари Саидкабирзода аз ноҳияи Ховалинг гузошта шуд. Паҳлавонон давоми як соат рақобат намуданд, вале ғолиб муайян нагардиду сабқати онҳо мусовӣ анҷом ёфт.

Ҳамин Шоҳҷоиза байни ду паҳлавони дигар- Парвиз Абдураҳмонов аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сардор аз Ҷумҳурии Узбекистон гузошта шуд. Онҳо ҳам низ давоми ним соат рақобат карданд, вале ғолиб муайян нагардиду сабқат мусовӣ анҷом ёфт. Аз ҷониби ташкилкунандагони ин мусобиқа Шоҳҷоиза- мошин ба ҳар ду паҳлавон тақдим гардид.

Шоҳҷоизаи дигар байни ду паҳлавони тоҷик- Умар Расулов аз шаҳри Ҳисор ва Кароматулло Ҳакимов аз ноҳияи Фархор гузошта шуд. Ҳар ду паҳлавон ҳунари арзанда нишон доданд. Дар ниҳоят Умар Расулов ҳарифашро мағлуб намуда, Шоҳҷоиза-мошинро сазовор гардид.

Меҳрони ҚУРБОН,
шореҳи варзиши АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Ноябрь 23, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаҳои иштирокчии Ҷоми Осиё-2027 байни наврасони то 17-сола муайян гардиданд
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар даври дуюм бо Хорватия бозӣ мекунад
ҶОМИ ҶАҲОН-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дастаи Кубаро мағлуб кард
Дар Хуҷанд чемпионати ҷумҳуриявӣ оид ба шиноварӣ ҷамъбаст гардид
«PANDA CUP 2026». Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) бо дастаи Чин мусовӣ бозӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ба финали Кing’s Сup 2026» баромад
Аъзои дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бар ҳамсолонашон аз Фиҷи пирӯз шуданд
«KING’S CUP 2026». Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври нимниҳоии мусобиқа бо тими яккачини Умон бозӣ мекунад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал бозии дӯстонаи дуюмро бо Узбекистон мусовӣ анҷом дод
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар оғози Мусобиқаи «Рanda Сup-2026» бо Кореяи Ҷанубӣ ҳисоби бозиро мусовӣ кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд