Ҳайати парлумонии Тоҷикистон озими Покистон мегардад

Март 11, 2016 14:55

Душанбе,11.03.2016.(АМИТ«Ховар»).-Ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шукурҷон Зуҳуров -Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Исломии Покистон меравад. Сафари расмии ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба ин кишвари осиёӣ бо даъвати Сардор Аёз Содиқ -раиси Ассамблеяи Миллии Ҷумҳурии Исломии Покистон сурат гирифта, 5 рӯз- аз 14 то 18 марти соли равон идома меёбад.
Интизор меравад, ки Шукурҷон Зуҳуров дар Исломобод бо роҳбарони баландпояи ин кишвар — Сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, раиси Ассамблеяи миллии Покистон Сардор Аёз Содиқ, раиси Сенати Покистон Ризо Раббонӣ, мушовири Сарвазир оид ба масъалаҳои амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷӣ Сартоҷ Азиз ва дигар шахсони воломақом мулоқот хоҳад кард.
Инчунин ҳайати парлумонии Тоҷикистон аз мавзеъҳои таърихӣ ва фарҳангии ин кишвари осиёӣ боздид хоҳад кард.

Март 11, 2016 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд