Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд

Март 31, 2026 09:20

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 26-27 март вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти сатҳи баланди «Гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ ва муқовимат ба зӯроварии гендерӣ», ки дар пойтахти Туркманистон- шаҳри Ашқобод доир шуд, иштирок намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Ҳамоиш бо ташаббуси Маҷлиси Туркманистон, Форуми Осиёии байнипарлумонӣ оид рушди аҳолӣ, Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони рушд баргузор гардида, дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода ва Мунаввар Абдусаломзода иштирок намуданд.

Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон Сурайё Дӯстмуродзода вобаста ба мутобиқгардонии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар самти баробарии гендерӣ доир ба вазъи кунунии ҷаҳони муосир ва пешбурди рӯзномаи баробарии гендерӣ дар сатҳи мақоми олии қонунгузори Тоҷикистон баромад намуд. Дастовардҳои назарраси мамлакат дар пешбурди муваффақонаи сиёсати гендерӣ, омори дақиқ, рӯнамоии санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ, аз ҷумла қонунҳо, стратегияҳо, консепсияҳо, барномаҳои давлатӣ ба ҳозирин пешниҳод гашта, аз ҷониби коршиносони кишварии Хазинаи нуфуси аҳолии Созмони Милали Муттаҳид баҳои хуб гирифт.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2026 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру иловаҳо ворид гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Файзалӣ Идизода бо Аҳмад бин Муҳаммад Ал-Ҷарвон ба таври маҷозӣ вохӯрӣ намуд
Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Тошканд ба шаҳри Бухоро ташриф оварданд
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев Рустами Эмомалиро бо ордени «Барои хизмати фидокорона» сарфароз гардониданд
Мулоқоти Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ аз Маркази тамаддуни исломӣ дар шаҳри Тошканд боздид намуданд
Рустами Эмомалӣ бо Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Узбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуданд
Рустами Эмомалӣ дар Тошканд бо Нақшаи генералии лоиҳаи шаҳрсозии «Тошканди нав» шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ дар назди муҷассамаи Истиқлолият дар боғи «Узбекистони Нав» гулчанбар гузоштанд
Сафари расмии Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Узбекистон