Қазоқистон дуюмин кишвар дар қабули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон

Март 30, 2016 16:32

Душанбе, 30.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- «Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари қабули муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон маҳсуб мешавад»,-гуфт имрӯз дар Парлумони мамлакат Нурулло Маҳмадуллозода, муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар. Мавсуф афзуд, ки тибқи омор теъдоди муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон дар Қазоқистон дар солҳои 2013-2015 беш аз 20 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз ҷумла, тибқи маълумоти рафту омади шаҳрвандон тавассути гузаргоҳҳои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 наздики 11 ҳазор шаҳрвандони кишварамон ба Қазоқистон ба муҳоҷирати меҳнатӣ сафар намудаанд. Дар Қазоқистон ҳамзамон тоҷикони бурунмарзӣ ҳамчун сокинони муқимии ин кишвар кору зиндагӣ менамоянд. Алҳол дар Қазоқистон 8 ҷамъияти тоҷикон расман фаъолият доранд, ки вазорат бо онҳо робитаи зич дорад,- афзуд муовини вазир. Инчунин дар асоси шартномаи ҳамкорӣ бо 8 ширкати Қазоқистон беш аз 100 шаҳрванди кишварамон дар Қазоқистон бо кор таъмин шуданд. Бо мақсади рушди ҳамкорӣ, пиёда гардонидани қоидаҳои буду бош, ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ва тақвияти ҳифзи ҳуқуқу манфиати онҳо тибқи Протоколи ҷаласаи 12-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ лоиҳаи созишномаҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи мубодилаи иттилоот дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ ва оид ба тартиби буду боши шаҳрвандони ду кишвар дар қаламрави давлатҳои ҳамдигар омода шудаанд, ки алҳол лоиҳаи санадҳои мазкур дар баррасии тарафҳо қарор доранд.

Март 30, 2016 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ЧОДАРИ ХАЁЛ». Дар Душанбе Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак баргузор мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 29 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 33 дараҷа гарм мешавад
ФАРДОИ ТОҶИКИСТОН ИМРӮЗ ДАР МАКТАБ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯзи дониш
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
DEEPFAKE ҲАМЧУН ТАҲДИДИ НАВИ АМНИЯТИ ИТТИЛООТӢ. Назари мутахассис дар ин мавзуъ
«МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН»: Ду роҳи ҳал барои истифодабарандагони интернет
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 32 дараҷа гарм мешавад
АМНИЯТИ ЗЕҲНИ СУНЪӢ ВА ДУРНАМОИ РУШДИ ОН ДАР ТОҶИКИСТОН. Мутахассис ин мавзуъро шарҳ медиҳад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад