Аъзои Маҷлиси миллӣ беш аз 40 масъаларо ҷонибдорӣ карданд
Душанбе, 3.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Беш аз 40 масъалаи муҳими марбут ба ҳаёти иқтисодию иҷтимоӣ ва илмию фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар 3 март дар Душанбе таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев- раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид, баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Аз ҷумла, аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар ду Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон — «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистонро муҳокима ва ҷонибдорӣ намуданд.
Дар иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллӣ ҳамзамон масъалаҳои марбут ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи амният», «Дар бораи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона», «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи иҷораи молиявӣ (лизинг)», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи ҳифзи сиҳатии аҳолӣ», «Дар бораи маориф» ва «Дар бораи тайёрии варзишӣ» аз ҷониби аъзои палатаи болоии Парлумони кишвар баррасӣ ва ҷонибдорӣ гардиданд.
Раисони кумитаҳои Маҷлиси миллӣ Бахтиёр Худоёрзода, Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, Фарҳод Раҳимӣ, Раҳмоналӣ Амирзода ва Муҳаммадюсуф Имомзода дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ зарурат ва моҳияти қонунҳоро тавзеҳ доданд. Зикр шуд, ки самти асосии қонунҳои мазкур ба тақвият ва пешгирии хавфҳои коррупсия дар кишвар, мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккилона, волоияти қонун, таҳкими амнияти миллӣ, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ва дигар зуҳуроти номатлуби замони муосир, рушди иқтисоди миллӣ, ҳифзи сиҳатии ҷомеа ва таъмини суботи кишвар нигаронида шудааст.
Дар ҷараёни иҷлосияи панҷуми палатаи болоии Парлумони кишвар инчунин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015» дар назди аъзои Маҷлиси миллӣ гузориш дод. Инчунин аъзои палатаи болоии Парлумони Тоҷикистон пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи тағйир додани номи бархе аз шаҳру ноҳияҳои кишвар баррасӣ ва тасдиқ карданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






