Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид

Март 22, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат Фестивали бозиҳои миллии варзишӣ идома дорад. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллии варзишӣ намоиш дода мешаванд. Яке аз намудҳои варзиш, ки дар аҳди бостон ҷашни Наврӯз бо он оғоз мегардид, камонварӣ мебошад.

Камонварӣ дар давраҳои хеле қадим ба вуҷуд омада, тасвиру ишораҳои он дар китобҳои бостонӣ бисёр ба на­зар мерасанд.

Таърихи ин намуди варзиш ҷузъи ҷудонопазири таърихи халқи тоҷик буда, таҷрибаи ташаккул ва дастовардҳои варзиши камонварӣ моро ба рушди ин намуд водор мекунад.

Камонварӣ яке аз навъҳои таърихӣ, машҳур ва ояндадори варзиш маҳсуб шуда, дар гузашта дар мамлакат камонварони моҳир тарбия ёфтаанд.

Дар ин мусобиқа асбоби асосӣ ка­мон мебошад, ки онро аз чӯби хамидаи абрӯшакл ва зеҳ месозанд. Чӯби хамидаро аз дарахтони зарбед, бед, санҷид ё газ сохта, ду нӯги онро бо устухон ё филизоти ранга оро медоданд. Зеҳи камонро аз ресмони абрешим ё рӯдаи ҳайвонҳои хонагӣ месохтанд.

Дар байни тоҷикон ду намуди камонварӣ маъмул буд: камонварии пиё­да ва камонварии савора. Шахсоне, ки ба камонварии пиёда маш­ғул буданд, аз камони бузургтар истифода бурда, ҳан­гоми тирандозӣ зонуи худро ба замин такя дода, тирро ба нишон мерасониданд. Тири камонварони пиёда дарозтар буд.

Камонварони моҳир аз масофаи 200 қадам ба ҳадафе, ки баробари чашми гов буд, бехато тирро мерасониданд. Камони саворагон хурдтар ва сабуктар буд. Он­ҳо камондони махсус доштанд, ки онро дар зи­ни асп овехта, дар он тиру камонро нигоҳ медоштанд.

Тирандозӣ ва нишонзанӣ хусусан барои мар­ду­ми кӯҳистон хеле зарур буд, зеро ҷавонони де­ҳот касби шикорро ҳамчун касби аҷдодӣ аз хурдсолӣ ме­омӯх­танд ва ба он дилбастагии бисёр доштанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
НӮШОКИҲОИ ЭНЕРГЕТИКӢ ВА ТАЪСИРИ МАНФИИ ОНҲО БА САЛОМАТИИ ИНСОН. Андешаҳо дар ин маврид
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Конститутсияи Тоҷикистон меъёрҳои рафтор, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти шаҳрвандиро муқаррар менамояд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
КОНСТИТУТСИЯИ ТОҶИКИСТОН-ПОЯИ УСТУВОРИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ ВА ЗАМИНАИ РУШДИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Андешаҳои Қобилҷон Хушвахтзода дар ин маврид
Конститутсияи Тоҷикистон барои ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ заминаи ҳуқуқӣ ва бунёдӣ фароҳам овард
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Исломиддин Раҳмон: «Омӯзиши Конститутсия ба баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ ва таҳкими давлатдории миллӣ мусоидат менамояд»
Дилором Абдураҳимзода: «Занон дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва таъмини адолати судӣ саҳми арзанда мегузоранд»
Қабули Конститутсия марҳалаи муҳимми рушди давлатдории муосири тоҷикон аст