Наврӯз роҳи расидан ба саодат, адолат ва дӯстиро тавассути эҳтиром ба решаҳои таърихӣ ва табиат талқин менамояд

Март 22, 2026 15:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ақсои олам ҳар халқу миллатро бо расму ойин, урфу одат ва фарҳанги густурдаи қадимиаш мешиносанду эътироф менамоянд. Давоми қарнҳои гузашта, аз давраҳои қадим то кунун миллати тамаддунофари тоҷик на танҳо ҳастии худро нигоҳ доштааст, балки расму оин, урфу одат ва дар маҷмуъ фарҳанги волояшро ҳифз намуда, онро ҳамчун мояи гаронбаҳои таърихӣ то замони ҳозира ба мо мерос гузоштааст.

Наврӯз, ки дар баробари дигар ҷашнҳо, аз қабили Меҳргон, Тиргон ва Сада яке аз бахшҳои асосии мероси фарҳангии миллати тоҷик ба шумор меравад, на танҳо дорои аҳамияти фарҳангӣ аст, балки заминаҳои сареҳи илмии астрономиро дар бар мегирад.

Наврӯз вожаи тоҷикӣ-форсӣ буда, нахустин рӯзи соли хуршедӣ, расидани Офтоб ба бурҷи ҳамал ба ҳисоб рафта, дар тамоми гӯшаҳои дунё ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз дар таърих, дар фарҳанги пешгузаштагони мо бо маънои «соли нав» «навсол» ё «навасол» ифода гардидааст.

Агар ба умқи таърих, ба замони пайдоиши Наврӯз бингарем, таърихи беш аз 6 ҳазорсола доштани онро дарёфт менамоем. Бояд иброз намуд, ки дар мавриди он ки Наврӯз аз кадом сол ҳамчун ҷашн таҷлил карда мешуд, маълумоти дақиқ вуҷуд надорад. Вале сарчашмаҳои гуногуне мавҷуданд, ки бозгӯи қадимӣ будани ин ҷашни ниёгон аст. Таҷлили ҷашни Наврӯз дар сарчашмаҳои гуногуни таърихӣ, аз қабили «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ, “Таърихи Табарӣ”, «Ал-тафҳим» ва «Осору-л-боқия»-и Абурайҳони Берунӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём возеҳ дарҷ гардидааст.

Дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ ривоят аст, ки Каюмарс ин рӯзро дарёфт, омадани ин рӯзро то соли дигар (пас аз як даври Офтоб) солшумориро падидор намуд ва ба таърихи ин ҷаҳон оғоз гузошт. Қисме аз қиссаи гуфтори онро метавон аз ҷумлаҳои «Чун Каюмарси аввал аз мулки Аҷам ба подшоҳӣ биншаст, хост, ки айёми солу моҳро ном диҳад ва таърих созад, то мардумон онро бидонанд. Бингарист, ки он рӯз бомдод Офтоб ба аввали дақиқаи ҳамал омада. Мубадон гирд карда ва бифармуд, ки таърих аз он ҷо оғоз кунанд. Мубадон ҷамъ омаданд ва таърих ниҳоданд. Ва он оғозе шуд мар таърихи ин ҷаҳонро». Инчунин падид омадани рӯзи Наврӯзро ба шоҳ Ҷамшед рабт медиҳанд. Дар ин замина ривояте ҳаст, ки ҳангоми гузаштани шоҳ Ҷамшед аз Озарбойҷон, дастуре дода то дар онҷо барои ӯ тахте бигузоранд ва худаш бо тоҷи зарин бар рӯйи тахт биншинад. Бо расидани нури хуршед ба тоҷи заррини ӯ ҷаҳон нуронӣ шуд ва мардум шодмонӣ карданд ва он рӯзро Наврӯз номиданд. Бо ҳамин далел ҷашни Наврӯз хусусияти оммавӣ ва расмӣ гирифт.

Абурайҳони Берунӣ дар асари «Осору-л-боқия» менависад, ки «рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст» ва дар асари дигараш «Ал-тафҳим» чунин менигорад: «Нахустин рӯз аст аз Фарвардинмоҳ ва аз ин ҷиҳат рӯзи нав карданд, зеро ки нишонии соли нав аст». Ҳамин тариқ Наврӯз аз даврони Пешдодиён оғоз шуда, дар замони Ҳахоманишиён, Сосониён ва дигарон низ бо тарзи хос мавриди таҷлил қарор мегаштааст.

Ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Бо ташаббуси фарҳангпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 19 феврали соли 2010 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномае қабул кард, ки тибқи он ҷашни Наврӯз мақоми байналмилалӣ касб намуд. Инчунин ҷашни Наврӯз соли 2009 аз ҷониби Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид расман ба феҳристи ЮНЕСКО оид ба мероси башарияти фарҳанги ҷаҳонӣ дохил гардид.  Ҳамин тариқ, Наврӯз пас аз қабули қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он, яъне дар сатҳи байналмилалӣ ҳамчун Иди байналмилалии «Наврӯз» ҷашн гирифта мешавад.

Наврӯз ин оғози фасли баҳор, саршавии мавсими кишту кори деҳқонону кишоварзон ва эҳё гардидани табиат ба ҳисоб меравад. Дар ин маврид Ҳофизи Шерозӣ чунин мефармояд:

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,
Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Наврӯз сунатҳои гуногуни ҳафтсину ҳафтшин ва ҳафтмимро дар пай дорад, ки ба он боз ҳусни дигар мебахшад. Инчунин тозаву озода намудани хонадон, яъне хонатаконӣ, гулгардонӣ, аз дилҳо баровардани кинаву кудурат ва муттаҳид гардидану тифоқ будан аз маросими асосии дигари Наврӯз ба ҳисоб мераванд. Суннатҳои дигари ҷашни Наврӯзро навъҳои гуногуни варзишӣ, аз қабили гӯштингирӣ, бандкашӣ ва ғайра ташкил медиҳанд, ки ҳамаи инҳо имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар айёми Наврӯз амалӣ карда мешаванд.

Абдурасул САМАДЗОДА,
 Эркин ФАЙЗУЛЛОЗОДА,
устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Март 22, 2026 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи пойдори ҷаҳонӣ назаррас аст
Чаро дар тобистон нӯшидани оби зиёд зарур аст?
ТАҲҚИҚОТИ СОТСИОЛОГӢ. Дар Тоҷикистон издивоҷи бармаҳал коҳиш ёфтааст
Беш аз 20 намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон рушд дода мешавад
БАРДОШТУ ТААССУРОТ АЗ ЁДДОШТУ ХОТИРОТ. Дар ҳошияи «Ёддоштҳо»-и муҳаққиқ, сиёсатшинос ва адиби пуркори миллӣ Саймумин Ятимов
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид