Э. Раҳмон: Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки он як воситаи созандагиву ободкорист
Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Наврӯз барои мардуми мо на танҳо хушнудиву шодмонӣ меорад, балки як восита ва айёми созандагиву ободкорӣ буда, ба пешрафту ободии ҳар як хонадон, маҳалли зист, шаҳру ноҳия ва дар маҷмӯъ ба ободии сарзаминамон мусоидат менамояд»,- таъкид намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар тантанаҳои идонаи наврӯзӣ, ки имрӯз дар Наврӯзгоҳи пойтахт баргузор гардиданд.
Оид ба хусусиятҳои хоси Наврӯз, ки дорои сифатҳои инсонпарваронаи некиву накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ ва созандагиву бунёдкорӣ мебошанд, андешаронӣ карда, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ изҳор дошт, ки аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз гувоҳи он аст, ки одамони сайёра ба ин ойини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром доранд ва онро ҳамчун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедорӣ эътироф менамоянд.