Э. Раҳмон: Наврӯз мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст

Март 21, 2016 11:10

Душанбе, 21.03.2016. (АМИТ «Ховар»). «Бо як ҷаҳон фараҳу шодмонӣ кулли мардуми кишвар, аз ҷумла сокинони пойтахти мамлакат ва меҳмонони гиромиро ба муносибати ҷашни фархундаи Наврӯзи ҷаҳонӣ, ҷашни эҳёи табиат, ибтидои пешомадҳои нав, оғози ниятҳои баҳорӣ ва нақшаву тадбирҳои тоза табрик гуфта, дар Соли нав барои сокинони пойтахт, мардуми Тоҷикистон ва тамоми аҳолии сайёра соли неку бобарор орзу менамоям»,- чунин иброз намуд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба ифтихори ҷашни Наврӯз имрӯз дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе.
Ба таъкиди Сарвари давлат дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ- бо иштироки хурду бузурги кишвар таҷлил мегардад.
Пешвои миллат ёдрас намуд, ки ин ҷашни умумимиллӣ барои мардуми  тоҷик мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад.

Март 21, 2016 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан ба ятимон туҳфаҳо тақдим намуданд
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан, яъне хизмати ҳарбӣ, мактаби ҷавонмардӣ ва давраи ҳаматарафа обутоб ёфтани ҷавонон мебошад
Ҳангоми истифодаи хабару маводи сомона истинод ба www.khovar.tj ҳатмӣ аст!
Саҳифаҳои расмии АМИТ «Ховар» дар шабакаҳои иҷтимоӣ: facebook.com/niatkhovar, t.me/niatkhovar, youtube.com/@niat_Khovar_tj, instagram.com/niat_khovar/, twitter.com/niatkhovar, Радиои Ховар 101.5 fm, facebook.com/khovarfm/
Эмомалӣ Раҳмон: Хизмат ба Ватан – Модар қарзи фарзандии ҳар як ҷавон ба ҳисоб меравад
Эмомалӣ Раҳмон: Ман ҳамчун Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ ҳар як сарбозро мисли фарзанди худ дӯст медорам
«ВАССОФИ ВАТАН». Фестивал-озмуни тарғибгари дастовардҳои миллӣ оғоз гардид
ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Масъалаи зиёд намудани сармоягузорӣ ба татбиқи Неругоҳи барқи обии «Роғун» баррасӣ гардид