Фотимӣ: «Тоҷикистон шарики асосии кишвари мо дар минтақа аст»
Душанбе, 18.03.2016.(АМИТ «Ховар»).-Дурнамои тавсеаи равобити мутақобилан судманди Тоҷикистон ва Покистон дар меҳвари мулоқоти Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ториқ Фотимӣ -ёвари Сарвазири Покистон дар Исломобод қарор гирифт.
Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки густариши муносиботи шарикӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи ду кишвари осиёӣ дар таҳкими равобити сиёсию иқтисодӣ ва амнияти минтақа аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Таъкид гардид, ки бо мақсади густариши равобити тиҷоратию иқтисодӣ ва тақвияти ҳамкории минтақавӣ ҷониби Покистон аз дархости кишвари мо барои пайвастан ба Созишномаи чорҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ байни Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Покистон ҷонибдорӣ намуд.
Дар мулоқот ҳамзамон масоили марбут ба таҳкими ҳамкории судманди ду кишвар дар бахшҳои иқтисодию тиҷорат, энергетика, коммуникатсия, саноат, ҳамкории илмию фарҳангӣ, амниятӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн матраҳ гардиданд.
Ториқ Фотимӣ- ёвари Сарвазири Покистон аз сатҳи муносиботи ҳасанаи Душанбе ва Исломобод дар заминаҳои мухталиф изҳори қаноатмандӣ намуд. Фотимӣ таъкид кард, ки Покистон иқдомоти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар тамоми нишастҳои сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ҷонибдорӣ намуда, Тоҷикистонро шарики асосии худ дар минтақа мешуморад.
Мусоҳибон ҳамзамон доир ба масоили марбут ба амнияти минтақа ва ҷаҳон, хусусан вазъи Афғонистон, мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти манфури замони муосир табодули назар карданд.








Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






