Иштироки Пешвои миллат дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни кишвар
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Кохи Борбади пойтахт чун анъанаи накӯи наврӯзӣ дар арафаи ин ҷашни фархундаи ҷаҳонишуда бо зиёиёни мамлакат мулоқоти судбахш анҷом дод.
Дар вохӯрӣ шумораи зиёди аҳли зиёи мамлакат, намояндагони корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон ва меҳмонон аз кишварҳои хориҷ — иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз иштирок карданд.
Мулоқоти имсолаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо зиёиёни кишвар фарқияти хос дошт, зеро ин навбат дар вохӯрӣ шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ҳузур доштанд.
Чорабинии идона бо ворид шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба толори бошукуҳи Кохи Борбад оғоз ёфт.
Ҳамоиши байналмилалиро раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Низом Қосим пури Ҷаҳонгир ифтитоҳ карда, суханро ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дод.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахуст аҳли толор, кулли мардуми Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ ва ҳамаи онҳоеро, ки ин Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил менамоянд, самимона табрик намуд.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин, меҳмонони ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯзро аз номи мардуми меҳмоннавози Тоҷикистон хайрамақдам гуфт.
Таъкид гардид, ки дар кишвари мо ҷашни ҷаҳонишудаи Наврӯз бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оид ба баррасии масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ, оғоз ёфт ва ин пайки тозаи баҳорӣ аст.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон хизмати олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни оламро дар масъалаи тарғиби ойини башаридоштани Наврӯз, аҳаммияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи он дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ва баланд бардоштани мақом ва манзалати ин ҷашни хусравонӣ муҳиму назаррас арзёбӣ кард.
Аз хизматҳои арзандаи шоирони классику нависандагони муосири зиндаёди тоҷик ёдовар шуда, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ки маҳз бо талошҳои шоистаи онҳо ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯз, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расидааст.
Зимни суханронӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат мебошад ва маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст.
Ҳадафи ба Тоҷикистон даъват кардани шумораи зиёди донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ва баргузор кардани ҳамоиши адибонро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон воситаи муҳими тарғибу ташвиқи аҳаммияти фарҳангпарваронаи ин ҷашни ҷаҳонии наврӯз ва ойини башардӯстонаи он ба оламиён арзёбӣ кард. Ҳамоиши байналмилалии мазкур низ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои муҳимми адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд.
Таъкид гардид, ки яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад.
Дар робита ба арзиши баланди шеъру сухан Сарвари давлат таъкид намуд, ки Ҳукумати кишвар бо мақсади ба насли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» — ро ба роҳ монд ва намунаҳои беҳтарини осори адибон интишор гардид.
Дар охири суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ҳозиринро бо ҷашни байналмилалии Наврӯз шодбош гуфт.
Баъди суханронии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як гурӯҳ иштирокчиёни Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи наврӯз баромад карданд. Онҳо бо зикри хусусиятҳои хоси наврӯзи байналмилалӣ ба ташаббусҳои арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷаҳонӣ гардонидани Наврӯзи аҷам баҳои баланд доданд ва ин хизматҳои шоистаи Пешвои тоҷикони ҷаҳонро намунаи олии башардӯстию фарҳангпарварии Эмомалӣ Раҳмон маънидод карданд.































































Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе барои бунёди калонтарин Маҷмааи хизматрасонӣ сангӣ асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кормандони сохторҳои қудратӣ ва низомӣ мукофотҳои давлатӣ ва унвону рутбаҳои махсус супориданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Маркази хизматрасонии «Аҳмадҷон»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Муассисаи таълимии ғайридавлатии таҳсилоти миёнаи умумии «Имкон»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои Сарони давлатҳои СҲШ таҳти унвони «25 соли СҲШ: таҳкими субот, густариши ҳамкорӣ барои рушди ояндаи муштарак» иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои ҷаҳонии кӯчманчиён иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуди Пизишкиён мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш мулоқот намуданд






