Бо пешниҳоди Пешвои миллат калонтарин маҷмааи нави тандурустӣ дар Душанбе «Истиқлол» номгузорӣ шуд

Март 4, 2016 09:09

Душанбе, 04.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе як маҷмааи бузурги тандурустиро дар вазъияти тантанавӣ ифтитоҳ намуд.

Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро кормандони соҳаи тандурустӣ бо самимияти хоса истиқбол гирифтанд.

Баъди буридани лентаи рамзӣ дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо шумораи зиёди табибон, ки ба истиқболи Сарвари давлат омада буданд, суҳбати самимӣ доир намуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бунёду мавриди истифода қарор додани ин маркази бузургро туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз ва истиқбол аз 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ кард. Президенти мамлакат пешниҳод намуд, ки Маркази тандурустӣ ба хотири 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Истиқлол» номгузорӣ шавад.

Март 4, 2016 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд