Муҷозоти сангин – то 9 соли маҳрумият аз озодӣ барои мубодилаи ғайриқонунии асъор

Март 9, 2016 15:39

Душанбе, 09.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъор мезананд, муҷозоти сангин ё худ ҷаримаи калон ва то 9 соли маҳрум сохтан аз озодӣ пешбинӣ гардидааст. Дар ин росто 9 март вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба ду Кодекси кишвар –Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид намуданд.
Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода- раиси Комиссияи дастури Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки тағйирот ба лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади ба танзим даровардани тартиби истифодаи асъори хориҷӣ дар ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Ҳамин тариқ тибқи тағйирот ба қисми якуми моддаи 286 –и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шахсоне, ки баъди супоридани ҷаримаи маъмурӣ маротибаи дуюм даст ба мубодилаи ғайриқонунии асъори хориҷӣ мезананд, ҷарима ба андозаи аз 200 то 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати ду сол, қисми дуюми моддаи мазкур ҷарима ба андозаи аз 730 то 1095 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ аз чор то шаш сол пешбинӣ гардидааст. Инчунин агар кирдори пешбиникардаи қисми дуюми модда такроран аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон содир шуда бошад, ҷарима ба андозаи аз 1277 то 1642 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 7 то 9 сол пешбинӣ гардидааст. Бояд зикр кард, ки як нишондиҳанда баробар ба 40 сомонӣ аст.
Ҳамзамон дар назди вакилони Парлумони кишвар Ҷамолиддин Нуралиев –муовини аввали раиси Бонки миллии ҷумҳурӣ доир ба ислоҳоти низоми Бонкии миллии кишвар сухан карда гуфт, ки алҳол қурби нақдии бозор аз қурби расмии Бонки миллии Тоҷикистон тақрибан 1,5 % паст аст. Дар зарфи даҳ моҳ Бонки миллии кишвар аз нафароне, ки ба қоидаи мубодилаи асъор дуруст муносибат накарданд, 1 миллиону 659 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонидааст. Инчунин 1500 нуқтаҳои мубодилаи асъори кишвар ба ташкилотҳои қарзӣ муттаҳид гардонида шуданд. Ҳамзамон Ҷамолиддин Нуралиев афзуд, ки дар ин муддат ба номи Бонки миллии кишвар аз ҷониби шаҳрвандон 500 эрод дар иртибот ба мубодилаи асъор ворид гардида, дар ин росто дар Бонки миллии Тоҷикистон шуъбаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон кушода шуд.
Ҳамзамон Насиба Содиқова- вакили Маҷлиси намояндагон зимни тавзеҳи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфт, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо ҳангоми муомилот бо асъори хориҷӣ ва пурзӯр намудани ҷавобгарӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ таҳия гардидааст. Мувофиқи он санксияи моддаи 541 –и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав ифода меёбад, ки тибқи он андозаи ҷарима пурзӯр мегардад ва ба шахсони воқеӣ ба андозаи аз 50 то 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (2000 -4000 сомонӣ), шахсони мансабдор аз 100 то 200 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (4000 -8000 сомонӣ) барои шахсони ҳуқуқӣ аз 300 то 600 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (12000 -24000 сомонӣ) бо мусодираи ашёи ҳуқуқвайрокунии маъмурӣ ҷарима таъин карда мешавад.
Бояд зикр намуд, ки лоиҳаи қонунҳои мазкур, ки имрӯз аз ҷониби палатаи поёнии Парлумони кишвар қабул гардид, баъди ҷонибдорӣ ёфтан аз сӯи аъзои Маҷлиси миллӣ ва имзои Президенти кишвар ба ҳукми қонунӣ даромада, мавриди амал қарор мегиранд.

Март 9, 2016 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум ду созишнома ба тасвиб расид
Дар Маҷлиси намояндагон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамоиши идона доир шуд
Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаҳои муштараки зимистонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА иштирок намуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар Маҷлиси намояндагон муҳокимаи парламентӣ баргузор гардид
ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Намояндагони Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаҳои парлумонии СААД иштирок намуданд