Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд

Март 17, 2016 12:46

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Рӯзи 17 март дар рӯзи дуюми сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Мудири кулли Фонди Абу Забӣ оид ба рушд Муҳаммад Сайф ал Сувейдиро ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот дурнамои ҳамкории Тоҷикистону Аморот дар бахшҳои мухталиф баррасӣ гардид.

“Мо аз оғози истиқлол ба эҳё ва густариши равобиту ҳамкории васеъ бо кишварҳои араб, ки Амороти Муттаҳидаи Араб аз ҷумлаи пешсафони онҳост, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоем” таъкид дошт дар оғози суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷонибҳо дар ҷараёни мулоқот пеш аз ҳама оид ба дарёфти роҳҳои наву афзалиятноки таҳкиму тавсеи муносибатҳо, имконоти рушду густариши ҳамкорӣ, истифодаи захираҳои бойи табиии Тоҷикистон, иштироки Фонди Абу Забӣ оид ба рушд дар таҳияву татбиқи лоиҳаҳои дорои дурнамои судовар табодули андеша карданд.

Ба андешаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати мамлакат барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ дар доираи сиёсати дарҳои боз тамоми заминаҳои меъёрию ҳуқуқиро бо афзалиятҳо фароҳам овардааст. Ин имкон медиҳад, ки ширкатҳои хориҷӣ, аз ҷумла муассисаҳои молиявию кумакрасони Аморот ҳар чи бештар бо сармояи хеш дар амалӣ кардани барномаҳо ва баҳрабардорӣ аз татбиқи онҳо иштироки фаъол дошта бошанд.

Таъкид гардид, ки айни дар Тоҷикистон 14  корхонаи муштарак бо Аморот ба қайд гирифта шудааст ва ҳаҷми гардиши мол бо дарназардошти тамоми имкону захираҳо ба талаботи рӯз ҷавобгу нест. Бинобар ин зарур шуморида шуд, ки ба хотири густариши муносибатҳои мутақобилан судманди тиҷоратию иқтисодӣ як силсила иқдомҳои ҳадафманд дар самти истихроҷу коркарди маъданҳои кӯҳӣ, саноати сабук ва хӯрокворӣ, бунёди неругоҳҳои хурду миёнаи барқи обӣ ва такмили инфрасохтори нақлиётӣ анҷом дода шаванд.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин оид ба як қатор масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Аморот, ки барои кишварҳо манфиатбахш аст гуфтугӯй сурат гирифт.

 

Март 17, 2016 12:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд