Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд

Ноябрь 4, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 04.11.2026 /АМИТ «Ховар»/. 4 ноябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷагирӣ аз фаъолияти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллии кишвар як қатор тағйироти кадрӣ ворид намуданд.

Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, раисони нохияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Вахш, Кӯшониён, Фархор, Шамсиддин Шоҳин, Қубодиён, Муъминобод ва Дӯстии вилояти Хатлон ва раиси ноҳияи Сангвор аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба таъин гардиданд. Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлагии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев», директори Муассисаи давлатии «Маркази идораи лоиҳаи Рушди чорводорӣ ва чарогоҳҳо» бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Мирзозода Мусо Одинамуҳаммад муовини якум, Назарзода Ризо Шодӣ, Насулобекзода Диловаршо Насуллобек ва Нуриддинзода Некруз Зиёвиддин муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таъин гардида, Фурқати Ҳукумат ва Амирбекзода Ҳабибулло бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон озод карда шуданд.

Зимни суҳбат Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои пурмасъулият таъиншударо ба кору хизмати содиқонаю софдилона ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Таъкид гардид, ки барои кадрҳои ба роҳбарии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ таъиншуда вазифаи аз ҳама муҳим бо фарҳанги баланди муошират кор кардан бо мардум аст.

Дастур дода шуд, ки барои кори босамар бо мардум ва ҷалби соҳибкорону  сокинони ҳимматбаланд ба корҳои ободонию созандагӣ соҳибташаббус ва пешкор бошанд.

Супоришу тавсияҳои мушаххас, ҳамчунин ба кадрҳои дар дигар соҳаҳо ба корҳои роҳбарӣ таъингардида дода шуд.

Ноябрь 4, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо ҷоизаи олии давлатии Қазоқистон — ордени Хоҷа Аҳмади Ясавӣ сарфароз гардонда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистону Қазоқистон
Маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри «Ақорда»-и Ҷумҳурии Қазоқистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон