Оғози сафари расмии Пешвои миллат ба Амороти Муттаҳидаи Араб

Март 16, 2016 16:22

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Абу Забӣ — пойтахти Амороти Муттаҳидаи Араб шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Валиаҳди Абу Забӣ, муовини Сарфармондеҳи олии қувваҳои мусаллаҳи Амороти Муттаҳидаи Араб, Волоҳазрат Шайх Муҳаммад бин Зойид Олӣ Наҳён пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуд.

Сипас Фармондеҳи Горди фахрӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гузориш дод.

Баъди гузориши фармондеҳи горди фахрӣ сурудҳои миллии ҳар ду кишвар садо дод.

Ба ифтихори меҳмони олимақом тибқи муқаррароти истиқболи расмӣ аз тупхонаҳо шиллик паронда шуд.

Пас аз анҷоми маросими истиқболи расмӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Валиаҳди Абу Забӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар шинос шуданд. Нахуст ба Валиаҳди Абу Забӣ ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо ҳайати расмии Амороти Муттаҳидаи Араб шинос шуд.

Бо ҳамин маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон анҷом ёфт.

Март 16, 2016 16:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд