Пешвои миллат: “Ҷашни Наврӯз наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстиро қавитар мегардонад”
Душанбе, 20.03.2016. (АМИТ “Ховар”). – “Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад”, — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат, ки 20 март дар Кохи Борбади пойтахт баргузор гардид.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон илова намуд, ки доир ба ҳамин хусусияти мардумӣ доштани Наврӯз яке аз шарқшиносони маъруф Артур Кристенсен, ки таърихи даврони Сосониёнро таҳқиқ кардааст, менависад, ки “дар байни идҳо он, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад”.
Маврид ба зикр аст, ки Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: — “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд






