Сурайёи Ҳаким: Дар ҳама маврид қудрати зан барои ноил шудан ба музаффариятҳо басанда аст
Душанбе, 03.03.2016 (АМИТ «Ховар»).– Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.
Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус барои дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.
Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.
Ҳамсуҳбати навбатии мо рӯзноманигор ва шоири ҷавон, муаллифи маҷмӯаи шеърии «Даричаи умед», барандаи Ҷоизаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон «Падида» дар соли 2015 Сурайёи Ҳаким.
Савол: Сиришти занону модарони рӯи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?
Ҷавоб: Ба андешаи ман, рисолати зан-модар будан ҳеч давру замонро намешиносад. Ва ин рисолатро ба гузаштаву муосир қисмат кардан ҳам шояд чандон дуруст набошад, аммо ба ҳар ҳол ҳар марҳалаи муайян ба чигунагии иҷрои ҳамин рисолат таъсиргузор буда метавонад.
Дуруст зикр кардед, ки сиришти занон аз покӣ ва зебоӣ офарида шудааст. Фикр мекунам рисолати нахустини занон ҳифз кардан ва муқаддас доштани ҳамин покист. Рисолати модар будан ва офаридан аз мӯъҷизаҳои дигарест, ки Худованд ба модарон бахшида. Дар баробари ин рисолати созандагии зан-модар ибтидо аз оила ва пасон ҷомеа низ гуфтанист. Зан ҳамчун офаридгори насли инсонӣ ва тарбиятгар дар офариниши ҷомеаи хеш нақш ва мақоми вежа дорад. Ва ҳар насле, ки ба мартаба ва эътибори зан таваҷҷуҳ зоҳир кардааст, ба муваффақиятҳои бештар ноил шудааст. Рисолати аслии зани тоҷик дар ҷомеи кунунӣ тарбияи насли солиму созанда ва фароҳам овардани фазои солим барои бунёди ояндаи дурахшон аст. Ҷомеаи муосири мо ба қудрат ва садоқату иродаи бештар аз пештари занони тоҷик ниёз дорад.
Савол: Оё мақоми имрӯзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек ва нигоҳдории оила мусоидат мекунад?
Ҷавоб: Замони Истиқлолият мартаба ва мақоми зан-модари тоҷикро ба маротиб боло бурд. Ҷомеае, ки ба ояндаи хеш ғамхорӣ мекунад, нисбат ба зан- модар бепарво буда наметавонад. Шоҳидем, ки сол аз сол мақоми занон ва модарон дар кишвари мо боло меравад ва ин, бешубҳа, ба сифати тарбияи фарзандон таъсиргузор аст. Чӣ қадар занон хешро шиносанд, ба худашон бовар кунанд, ҳамон қадар дар ҳидояти насли ҷавон устувортар мешаванд. Нигаҳдории оила ба ҷаҳонбинӣ, дониш ва малакаи мо- занон сахт рабт дорад. Бесабаб нест, ки Ҳукумати кишвар имрӯз барои таҳкими мақоми зан талошҳои пайгирона дорад. Дар ин самт Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» икдоми ҷиддӣ буд. Мо занҳо, ки имрӯз имконият ва шароити бештаре барои ҳидоят ва раҳнамоии ҷомеаи созанда дорем, албатта, бояд дар ин раванд нақши мунири хешро гузорем.
Савол: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шӯравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ? (Ба ибораи дигар зан-модар будан, мушкилтар шудаст ва ё баръакс?)
Ҷавоб: Агар ба мақоми занони тоҷик дар 25 соли Истиқлолият бингарем, мебинем, ки зина ба зина шароит, имконият ва таваҷҷуҳ ба беҳдошти фаъолияти занон бештар мешавад. Дар ин солҳо таваҷҷуҳи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба маърифатнокии занону духтарон, ҷалби ҷавондухтарон- модарони оянда ба таҳсил дар дохил ва хориҷи кишвар ба маърифатнокии бештари занони тоҷик мусоидат кард. Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалинамоии онҳо» мартаба ва ҳамзамон масъулияти занонро чанд маротиб боло бурд. Насле, ки занонаш бомаърифату донишманд ҳастанд, метавонад ҷомеаи муваффақеро бунёд кунад. Метавон гуфт, бо мавҷуд будани ин ҳама дастгирӣ ва имкониятҳо имрӯз иҷрои рисолати зан будан осонтар шудааст, вале масъулият бештар аз гузашта аст.
Савол: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рӯзҳо ифтихор кардед?
Ҷавоб: Дар ҳама ҳолат, дар барору нобарориҳо аз зан буданам ифтихор кардаам. Ҳамеша бо ин ғурур, ки зан ҳастам, болидаам.
Ва гуфаам:
Дили занро шикастан метавон аммо,
Ғурураш зери по кардан наметонӣ.
Ва фахри ман ҳамин зан буданам бошад,
Ту болотар аз ин шоистагӣ донӣ?
Бо ин ҳама, вақте ду дафъа саодати модар шудан насибам шуд, бештар аз ҳар вақт аз зан буданам ифтихор кардаам.
Савол: Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқ миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?
Ҷавоб: Замоне, ки падарам мо се хоҳаронро барои идомаи таҳсил ба шаҳр овард, бисёре аз дӯстони он кас, «се духтарро хононда, маблағ сарф кардан чӣ зарурат дорад, зан хонда чӣ мешавад» гуфта, сарзаниш карда буданд. Ба ин суханон падарам бо як ҷумла ҷавоб дод: «агар ҳеч кас ҳам нашаванд, барои фарзандонашон тарбиятгари бомаърифат мешаванд». Ман имрӯз маънии ин суханонро хеле хуб дарк мекунам. Воқеан, зан- модар офаранда ва тарбиятгар аст. Чигунагии насли оянда аз тарбияткунанда сахт вобастагӣ дорад. Фикр мекунам, ки агар зан дониши хуб ва ҷаҳонбинии васеъ дошта бошад, ин, пеш аз ҳама, дар ояндаи фарзандон нақш мебозад.
Занони маълумотдошта бештар шароити мусоидро барои зиндагии созанда муҳайё карда метавонанд. Дар зиндагӣ мақсад ва ҳадафҳои зиёд доранд. Бештар масъулият эҳсос мекунанд, зеро дар баробари таъмини фазои ободи хонавода, бояд кор кунанд. Зани коргар сарбози содиқи ду ҷабҳа аст.
Заноне, ки хонанишин ҳастанд, имкони бештаре барои кадбонуи хуби хонавода шуданро доранд. Дар ҳама маврид қудрати зан барои ноил шудан ба музаффариятҳо басанда аст.
Савол: Мегӯянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо чӣ тавр таъмин мекунед?
Ҷавоб: Фазои орому созанда ҳамеша аз ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми тарафайн сарчашма мегирад. Арҷ гузоштан ба хоҳишҳо ва ҳадафу орзуҳои ҳамдигар, дастгири ҳам будану ба худхоҳӣ роҳ надодан имкон медиҳад, ки дар хонавода фазои солиме муҳайё шавад. Албатта, муҳаббат ба зиндагӣ ва ба ҳамдигар ин фазоро дӯстдоштанитар хоҳад кард.
Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик.
-Барои зан муҳимтар аз ҳама саодати хонаводагист. Барояшон бахту хушрӯзӣ таманно мекунам. Бигзор ҳамеша фарзандонашон солим, хонаводаашон обод ва хотирашон ҷамъ бошад. Бовар ба қудрати зан, талош барои расидан ба орзу ва мақсадҳои хешро низ фаромӯш накунанд.
Таҳияи Мавҷуда Анварӣ