Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»

Июнь 2, 2025 14:00

ДУШАНБЕ, 02.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории чунин конфронсҳои сатҳи баланд ба мо имкон медиҳанд, ки каме таваққуф ва андеша кунем — баҳри пешгирии тағйирёбии иқлим, обшавиии босуръати пиряхҳо, ки дар натиҷаи он офатҳои фоҷиабори табиӣ рух медиҳанд, дар якҷоягӣ чӣ гуна тадбир андешем? Муҳимтар аз ҳама, ҳар чи зудтар ин тадбирҳоро амалӣ намоем. Зеро пешгӯиҳо нишон медиҳанд, ки бо 1–1,5 дараҷа баланд шудани ҳарорати Замин то соли 2100 то 40% пиряхҳо метавонанд нобуд шаванд. Хатари бештар ба одамони камбизоат таъсир мерасонанд, ки хеле нигаронкунанда аст»,-чунин иброз дошт Директори бахши кишоварзӣ, озуқаворӣ, табиат ва рушди деҳоти Бонки Осиёии рушд Ясмин Сиддиқӣ дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ясмин Сиддиқӣ ёдовар шуд, ки ӯ якчанд сол пеш ҳангоми ба Тоҷикистон омаданаш бо Малика ном зане дар наздикии дарёи Вахш вохӯрд. Он яке аз рӯзҳои гарми моҳи июл буд. Малика аз кори саҳро бармегашт. Шавҳараш дар кор ва фарзандонаш дар хона танҳо буданд. Аз паси хонаи Малика қуллаҳои барфпӯши кӯҳҳои Алай намудор буданд.

«Имрӯз ман ба худ савол медиҳам, ки оё Малика ҳанӯз ҳам қуллаҳои барфпӯшро мебинад? Оё ҳанӯз ҳам ҳамон заминҳоро кишт мекунад? Ояндаи фарзандонаш чӣ гуна хоҳад буд? Дар ҳоле ки пиряхҳо бо суръат об мешаванд ва об аз назди заминҳои онҳо ҷорӣ мешавад?»- гуфт Ясмин Сиддиқӣ.

Ясмин Сиддиқӣ бо ин мисоли овардааш мехоҳад бигӯяд, ки ҳикояи Малика ба мо нишон медиҳад, ки обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест. Ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст. Он бештар ба занон, кӯдакон ва қишри осебпазир таъсир мерасонад. Аз ин рӯ, мо бояд донем, ки барномаҳои марбут ба пиряхҳо кадомҳоянд ва дар ин самт чӣ гуна маблағ бояд ҷалб карда шавад.

Ба андешаи ман, — гуфт Ясмин Сиддиқӣ тайёр намудани лоиҳаҳои қобили маблағгузорӣ, ҷалби сармоя тавассути маблағгузории омехта ва натиҷавӣ, эътимод додан ба сармоягузорон тавассути шаффофият ва ҳисоботдиҳӣ, кӯмак ба давлатҳо дар таҳкими сохторҳо барои истифодаи самарабахши маблағҳо, пеш аз ҳама нақши калидӣ доранд.

«Хатарҳо зиёд аст, аммо имконият барои амалӣ намудани ҳадафҳои устувор низ бузург аст. Мо бояд ҷуръат кунем, роҳи нав интихоб намоем ва барои наслҳои оянда масъулият дошта бошем. Барои кӯдакон, наберагон ва миллионҳо Малика барин занон, ки зиндагиашон ба об алоқамандӣ дорад, дар дунё бояд дар ҳамбастагӣ фаъолият намоем»,- илова кард Ясмин Сиддиқӣ.

Мавсуф иброз дошт, ки Бонки Осиёии рушд то соли 2030 40 миллиард доллар барои амнияти ғизоӣ ҷудо мекунад. Ин сармоягузорӣ ба тамоми занҷири ғизо равона мешавад. Ҳамзамон, барномаҳои махсус барои ҳифзи пиряхҳоро оғоз кардааст. Дар Осиёи Марказӣ ва Ғарбӣ барномаи «Аз пирях то киштзор» ба маблағи 3,5 миллиард доллар, бо дастгирии Фонди Иқлими Сабз, дар Бутан ва Непал сохтани инфрасохтори мутобиқ бо иқлим дар Ҳимолои Ҳиндӯкуш, дар Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Шарқӣ ташаббуси «Ҳавзаҳои дарёии устувор» бо назардошти илмҳои пиряхшиносӣ амалӣ мегардад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 2, 2025 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН. Ҳифзи пиряхҳо барои амният, шукуфоӣ ва адолат муҳим аст
Дар Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд дар Душанбе ҳайати бонуфуз аз Миср иштирок менамояд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Сеул нишасти матбуотӣ оид ба Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад